Нурулло Табаров,
мудири кафедраи педагогика ва
мероси ниёгони Донишкадаи исломии
Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа

Рушди босуръати техника ва технология инсониятро водор месозад, ки барои ҳамқадами замон будан худро бо васоити техникӣ – технологӣ мутобиқ намояд. Маҳз ҳамин назария боис шудааст, ки ҳар як соҳа худро ба шароити муосир мутобиқ месозад ва дар ҳар самт технологияҳои муосирро ҳамчун василаи мусоиди пешрафти фаъолияти худ ба кор мебаранд. Аз ҷумла, дар самти маориф ва фарҳанг низ технологияҳои муосир муҳимтарин василаи таълим ва тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ маҳсуб мешаванд.
Технологияи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ — илмӣ ва соҳаи маориф ба талаботи замон вобаста аст. Ҷомеаи муосирро ҷомеаи иттилоот меноманд. Дар муассисаҳои соҳаҳои маориф ва фарҳанг иттилоот асоси пешравии фаъолияти онҳо ба шумор меравад. Аксари одамон бар он андешаанд, ки технология танҳо бо ихтироот, мошинҳо, нимноқилҳо ва компютерҳо алоқаманд аст. Аммо дар асл ба ақидаи олимон ва ҷомеашиносон «технология» воситаи табдил, тағйир додани объект, инчунин, одамон, иттилоот, мавод, маҳсулот ва хидматҳо мебошад. Бояд зикр кард, ки дар миёни олимон доир ба маънои истилоҳи «технология» андеша ва мавқеи ягона вуҷуд надорад. Ҳар касе бо дарназардошти зарфияти самтию соҳавии худ «технология»-ро тафсир мекунад. Калимаи «технология» аз калимаҳои юнонии «techne» – санъату ҳунармандӣ ва logos – таълим гирифта шудааст. Аз ин рӯ, истилоҳи «технологияи педагогӣ» ба маънои таълимот дар бораи санъати педагогӣ ва маҳоратро дорад.
Технологияи фаъолияти муассисаҳои маориф ва фарҳанг бошад, аз рӯйи хусусиятҳои хоси худ ба якчанд намуд ҷудо карда мешавад: синнусолӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, касбӣ, ҷинсӣ ва фарҳангӣ.
Ба андешаи муҳаққиқ И.В.Андреева «Истилоҳи нисбатан нав ва серифодаи технология чунон бисёрҷанба аст, ки маънои он пайваста дар ҳоли таҳаввулшавандаи дар феҳристи ҷузъҳо – «усулҳо ва шаклҳо», «воситаҳо ва фаъолиятҳо», «равандҳо ва ғояҳо» пароканда мешавад».
Бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ, яъне, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, ба муҳити муассисаҳои маорифу фарҳанг таъсири калон расонида шуд. Асри соҳибкорӣ, сохтори ҷомеаи навин ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба илмҳои идоракунанда афзалият дод. Барои дар чунин шароит фаъолият кардану мавқеи худро аз даст надодан талабот барои ҷустани роҳҳои нави корӣ ва технологияи идоракунии муассисаҳои мазкур пеш омад. Тавре ки муҳаққиқ Фабриков М.С дар китоби худ «Технологияи муосири таълим» қайд мекунад: «Технология ин санъати азхудкунии раванде мебошад, ки дар дар натиҷа бо истифода аз воситаҳои зарурӣ (маводҳо, асбобҳо) ва шароити зарурӣ пайдарпайии муайяни фаъолият ба амал меояд. Технология ба саволҳои «Чӣ тавр бояд иҷро кард, аз чӣ ва бо кадом восита?» ҷавобҳо медиҳад».
Дар раванди истифодабарии технологияҳои гуногун зери мафҳуми восита мо усулҳоро дар назар дорем. Асоси воситаҳои муҳити фарҳангӣ фаъолияти ҷамъиятӣ, меҳнат, ақидаҳои ҷомеа, анъана ва намунаҳо ба шумор мераванд.
Ҳамин тариқ, истифодабарии технология дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ — адабӣ баҳри ташаккули сифатҳои маънавӣ — ахлоқии ҷавонон натиҷаи хуб дода, самаранокии корро тақвият мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *