Насибулло ЗУЛФОНЗОДА,
омӯзгори Коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод, вилояти Суғд

    Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад.
                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Ҷомеаи муосири асри XXI, ки раванди ҷаҳонишавии босуръатро сипарӣ дорад, дар баробари пешрафту муваффақиятҳо онро таҳдидҳои гуногуни харобиовар ва рухдодҳои манфӣ низ фаро гирифтаанд, ки ин ҳама дар натиҷаи муносибати бешууронаи инсон ба табиат ва ояндаи худи ӯ ба вуҷуд омадаанд. Ба ин таҳдидҳо, пеш аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, афзоиши бемории сироятии СПИД, фурӯши одамон, масоили экологӣ ва ғайра, дохил мешаванд. Масъалаи аслӣ он аст, ки ин хатарҳо амсоли бомбаҳои соатӣ буда, ҳар лаҳза метавонанд, ба сари инсоният фоҷеаҳои зиёдро ба вуҷуд оранд. Агар мавзуи интихобнамудаамонро аз лиҳози мубрамият таҳлил кунем, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм имрӯзҳо хавфу хатарҳои зиёдеро ба сари ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил намуда, дар саросари ҷаҳон ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфта, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш андохтааст. Мо кӯшиш намудем, ки дидгоҳи худро доир ба ин масъала манзур намоем.

Экстремизм ва терроризм аз шаклҳои паҳншудатарини таҳдиду хатарҳои замони муосир ба ҳисоб мераванд, ки ҳамчун вабои аср ба амнияти тамоми сайёра ва сокинони он таҳдид мекунанд. Барои дарки ҳамаҷонибаи мафҳумҳои экстремизму терроризм шарҳу тавзеҳи онҳо аз аҳаммият холӣ нест.

Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) — фаъолияти сиёсӣ — ақидатии гурӯҳест, ки барои расидан ба мақсадҳои худ аз ягон чиз рӯй нагардонида, зӯроварии ҷисмонӣ, фиреб ва террорро истифода мебарад.

Терроризм (тарс, ваҳм, даҳшат) як навъ идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зӯрӣ нисбат ба ашхоси алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият ва давлат буда, ҳадафи асосии он ғасби ғайриқонунии ҳокимият ва тағйири сохти конститутсионӣ мебошад.

Ҳамасола дар сайёраи замин ҳазорон нафар аз амалҳои террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳалокат расида, бо инфиҷор, таркиш, даҳшатафкании гурӯҳҳои террористию экстремистӣ миллионҳо инсони дигар бо тарсу ваҳм зиндагӣ мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирии гароиш ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мубориза бо терроризм ба яке аз бахшҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин қадар азму талошҳо, ҳастанд бархе аз ашхоси камсаводу хурофотзада, ки бо корҳои ношоистаи худ ба номи миллати сулҳҷӯй ва фарҳангсолори мо доғ меоваранд. Барои дарки амиқи мазмуну моҳияти экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа омилҳои мусоидаткунандаи воридшавии афроди ҷомеаро ба онҳо қайд кардан зарур аст, ки аз инҳо иборатанд:

1) Паст будани ҷаҳонбинии илмӣ ва надоштани тафаккури интиқодӣ дар руҳияи солим;

2) Надоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқӣ;

3) Надоштани маърифати комили динӣ ва ғайра.

Қайд кардан бамаврид аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо мақсади ҷалби аҳолӣ нуқтаҳои заъфи онҳоро истифода намуда, баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз тамоми воситаҳои дарихтиёрдошта истифода мебаранд.

 Дар баробари омилҳои мусоидаткунандаи шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ боз омилҳои пешгирикунанда аз ин хавфу хатарҳо низ мавҷуданд. Аз ҷумла:

1) Ташаккули ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ яке аз омилҳои асосии мубориза бо экстремизму терроризм ба ҳисоб меравад. Зеро хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинии илмӣ дар он аст, ки ҳодиса ва зуҳуроти оламро ба андешаҳои илмии далелбунёд, асосҳои мантиқӣ ва исбот такя намуда, арзишгузорӣ менамояд. Маълум аст, ки гурӯҳҳои тундгаро баҳри даъват ва ҷалби қишрҳои ҷомеа на танҳо онҳоро маблағгузорӣ мекунанд, балки дин ва дигар унсурҳои эътиқодии ҳаёти ҷамъиятиро низ ҳамчун ниқоб истифода карда, ба нуқтаи заъфи онҳо таъсир мерасонанд, ки дар ин раванд ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури интиқодӣ ва арзишгузории солими муҳит нақши асосӣ доранд. Агар имрӯз ҳар як фарди ҷомеа ба тамоми зуҳуроти ҷамъиятӣ бо тафаккури интиқодӣ назар карда, ба онҳо дуруст арзишгузорӣ намояд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ нахоҳад шуд.

2) Баланд бардоштани маърифати динӣ аз омилҳои дигари муқовимат ба муқобили экстремизму терроризм мебошад. Зеро дар ҷомеаи муосир бештар гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар зери ниқоби дин амал мекунанд ва аз ҳама хатарноктарин шакли зуҳури терроризм бо идеологияи динӣ пайвастани он аст. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ ҳамчун роҳи пешгирӣ аз воридшавии қишрҳои ҷомеа ба гурӯҳҳои тундгаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва олии касбӣ (донишкадаву донишгоҳҳо) омӯзиши фанҳои таърихи дин ва диншиносӣ роҳандозӣ шудааст.

3) Омӯзонидани маданияти баланди истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ низ яке аз роҳҳои мубориза бо терроризму экстремизм мебошад. Имрӯзҳо шабакаҳои интернетӣ ба майдони асосии таблиғи ғояҳои экстремистӣ табдил ёфтаанд. Зеро ташкилоти террористӣ ҷаҳони интернетро метавонанд, барои амалиёти харобиовари худ васеъ истифода намоянд ва бо ин роҳ, мардуми камсаводу хурофотзадаро ба доми худ андохта, дар корҳои хатарноки хеш истифода баранд.

Хулоса, экстремизм ва терроризм зуҳуроти манфии ҳаёти ҷомеа буда, ҳудуди муайян надоранд ва дар ҳақиқат, вабои аср мебошанд. Зеро моҳияти асосии ин зуҳуроти номатлубро фитна, хушунатангезӣ, тарсонидани аҳолӣ, ваҳм, даҳшат, зӯроварӣ, қатл, ғайриқонунӣ сарнагун кардани ҳокимият ташкил медиҳад, ки ин ҳама дар замони муосир тамоми мардуми оламро ба ташвиш андохтаанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм вазифаи ин ё он сохтор ва ё халқу миллати алоҳида набуда, ҳар як сокини сайёраро мебояд, ба муқобили ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурда, баҳри решакан кардани он тамоми чораҳои заруриро андешанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *