Муҳаммад САФАРОВ,
мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» атрофи хатару таҳдидҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба давлатҳои миллии соҳибистиқлол изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем». Боиси нигаронист, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ ҳамеша кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, зуҳури созмону ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар фазои маҷозӣ ва афзоиши ҷиноятҳои киберӣ тавассути интернет моро водор месозад, ки қабл аз ҳама, атрофи пешгирӣ ва бартараф сохтани хатару таҳдидҳои фазои маҷозӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ин васила, амнияти миллӣ, аз ҷумла, амнияти иттилоотии кишварро дар шакли доимӣ таъмин намоем.
Ба баъзе намудҳои ҷиноятҳои киберӣ диққат диҳед: қаллобӣ бо истифодаи почтаи электронӣ ва интернет, дуздии шахсияти рақамӣ ва истифодаи маълумоти шахсӣ, дуздии маълумоти корти пардохт ва дигар маълумоти молиявӣ, туҳмати киберӣ (кибершантаж), талаби маблағ зери фишор, тамаъҷӯӣ ба воситаи барномаҳои гуногун ва ғайраҳо, тамаъҷӯии маблағ ба воситаи майнингҳои гуногун, ҷосусии киберӣ ба воситаи дастрасии беиҷозат ба маълумоти давлатӣ ё корпоративӣ, аз кор баровадани системаҳо ва вайрон кардани шабака бо мақсади тамаъҷӯӣ, вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф, истифодаи бозиҳои пулии ғайриқонунӣ, тиҷорати онлайнии молҳои манъшуда ва ё ғайриқонунӣ, сохтан ва ё нигоҳ доштани филмҳои фаҳшу порнографияи кӯдакон барои тамаъҷӯӣ ва ғайраҳо, мебошанд.
Имрӯз дар ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки сокинонаш фазои маҷозиро ба воситаи технологияҳои муосир, ба монанди компютер, телефони мобилӣ ва ё планшет васеъ истифода набаранд. Мувофиқи санҷишу оморҳо, истифодабарандагони интернет дар соли 2023 зиёда аз 5 миллиард нафарро дар саросари дунё ташкил медиҳад. Пас, маълум мегардад, ки бевосита шабакаи интернетӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарият бо мурури замон васеътар ворид гардида истодааст. Мусаллам аст, ки ин ҳолати ногувор водор месозад, ки тамоми кишварҳо дар раванди таъмини амнияти миллии хеш ҳатман оид ба киберфазо ё худ фазои маҷозӣ бештару беҳтар масъалагузорӣ намоянд.
Таҳқиқоти олимон нишон дод, ки зиёда аз 64,4% аҳолии дунё ба шабакаи интернетӣ дастрасӣ доранд, зеро дар як сол шумораи корбарони интернет 1,9% афзоиш ёфта истодааст ва дар умум 5,16 миллиард одам онро истифода мебаранд. Тибқи назарсанҷиҳо дар аввали соли 2023 зиёда аз 5,44 миллиард нафар аз телефонҳои мобилӣ истифода мебурданд, ки 68% шумораи умумии аҳолии ҷаҳонро ташкил мекард.
Дар ҷаҳони муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи тамоми кишварҳо нақши хеле муҳимро мебозад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо гузашти замон илму техника ба таври кайҳонӣ пеш рафта, рӯз то рӯз такмил ёфта, технологияҳои нав ба нави иттилоотӣ ихтироъ шуда истодаанд. Соҳаи сиёсат дар ин самт низ модернизатсия (азнавсозӣ) шуда, ҳам субъект ва ҳам объекти он ба ин падидаҳои муосир мутобиқ шуда истодааст. Дар баробари рушду такмили соҳаи технологияи иттилоотӣ, самти амалиётҳои истихборотӣ низ тавсеаву таҳким ёфтаанд. Агар замони Шуравӣ барои расонидани маълумоту иттилооти муҳимму зарурӣ парандаву ҳайвонот ва техникаҳои мавҷиву садои истифода мешуданд, замони муосир ҷойи онҳоро технологияҳои замонавии рақамӣ ва ҳушманд гирифтааст. Пас, маълум мегардад, ки истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ тариқи интернет бисёр муфид буда, ҳалли чандин мушкилиҳоро барои одамон осон намудааст.
Имрӯз давлатҳои пешрафта ва абарқудрати ҷаҳонӣ дар равандҳои сиёсӣ ва бархӯрди манфиатҳо технологияҳои муосири иттилоотиро ба фоидаи худ истифода менамоянд. Ин кишварҳо қариб, ки аз ҷангҳои физикии воқеӣ даст кашида, кӯшиш доранд манфиатҳои геосиёсиву геоиқтисодии худро дар минтақаҳои гуногун тариқи паҳн намудани иттилооти нишонрас амалӣ намоянд. Фарз кардем, ҳоло давлатҳои пешрафта ва абарқудрат, ки зарфияти бузурги иқтисодӣ доранд, дар минтақаи назари манфиаташон, созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ созмон дода, расонаҳои худӣ ташкил карда, тариқи барномаҳои телевизиониву интернетӣ хабару маълумоти дурӯғу туҳматро бар зидди дигар кишварҳо ва барангехтани кинаву адовати ҳамон мамлакат пахшу паҳн менамоянд. Оқибат ин амалҳои разили онҳо ба идоракунии он давлатҳо таъсир намуда, он давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ ва дорои сарватҳои бузурги миллӣ ба мушкилоти сунъӣ рӯ ба рӯ шуда, мардум даст ба ҳамоишу изҳорот зада, ба кӯчаву хиёбонҳо мерезанд ва низоми сиёсӣ фалаҷ гардида, табаддулоти муташаккил амалӣ карда мешавад. Пасон низоми давлатдорӣ аз байн рафта, иқтисод хароб гардида, сарватҳо ғорату мардум гурезаву сарсон шуда, сарзамини аҷдодии онҳо байни давлатҳои манфиатҷӯ тақсим мегардад. Гарчанде ки тӯли зиёда аз чор моҳ шудааст, ки дар Фаластин ҷанг рафта истодааст, солҳои ахир таҷрибаи амалии ҳаргуна равандҳову падидаҳои сиёсиро дар кишварҳои Либияву Лубнон, Сурияву Ироқ, Яману Алҷазоир, Гурҷистону Украина, Беларусу Қирғизистон низ мушоҳида карда истодаем. Пас, барои давлатҳои манфиатхоҳ ҷону моли одамон (новобаста аз синну сол) ва арзишҳои милливу муқаддаси онҳо муҳим набуда, танҳо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои нопоку разилонаи худ мебошанд.
Тоҷикистони азизи мо низ як маротиба солҳои навадуми асри гузашта ба чунин нақшаву барномаҳои гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ дучор гардида, давлати нави миллии мо ба ҷанги таҳмилии бародаркуш рӯ ба рӯ шуд. Иқтисоду иҷтимоиёт дар ҷанги бародаркуш хароб гардида, низоми сиёсиву ҳарбӣ фалаҷ гардид. Миллати бошараф ва ватандӯсту баруманди тоҷик пароканда гардида, андаке монда буд, ки ҳудуди давлати миллии мо тақсиму нопадид мегардид. Хушбахтона, дар ин асно бо сабаби ҳушёриву зиракии якқатор шахсиятҳои бонуфузу обрӯманди кишвари мо садди роҳи ин фоҷеаи нанговар гирифта шуд. Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҷанги хонумонсӯз хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва оромиву ободии Тоҷикистони азизи мо таъмин карда шуд.
Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам бадхоҳони миллати мо ғуломони давлатҳои хориҷии манфиатхоҳи кишвари мо гардида, барномаву лоиҳаҳои палиди онҳоро ба хотири пулу мол амалӣ карда истодаанд. Ин душманони навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳакҳои дигаре, ки дар кишварҳои Аврупову Амрико қарор доранд, шабу рӯз тариқи дастгоҳҳои душманони миллат хабару маълумоти дурӯғу бофтаро бар зидди халқу миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон паҳну пахш карда истодаанд. Он расонаҳои иттилоотӣ ва саҳифаҳои интернетие, ки дар шабакаҳо аз ҷониби навнаҳзатиҳо фаъоланду пеш мебаранд, аз ҷумлаи нақшаву барномаҳои зиддимилливу зиддидавлатии мо аз ҷониби гурӯҳу давлатҳои хориҷии манфиатҷӯ маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳатто, ҳамкориҳои ин террористҳо бо созмону ҳаракатҳои террористии Толибону Ансоруллоҳ ва Ал-қоида ошкор карда шуданд, ки ин дар суханрониву барномаҳо ва тавсифу ташвиқи идеологияи онҳо маълум гардидааст. Кулли ин навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳҳои ифротӣ андешаҳои асримиёнагӣ доранд ва онҳо мехоҳанд, идеологияи ифротиву террористии худро дар Тоҷикистони азизи мо паҳн намоянд.
Онҳо бояд фаромӯш насозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати солҳои навадуми асри гузашта набуда, имрӯз яке аз давлатҳои қавии минтақа ба шумор рафта, фарзандони фарзонаву бонангу номуси он ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба Тоҷикистони азиз осебе расад. Замони муосир кишвари мо ҳам аз назари сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз назари ҳарбиву низомӣ хеле қудратманду тавоно гардидааст. Мо боварии комил дорем, ки кишвари мо зарфияти қавии мубориза бар зидди ҳар гуна ҷангҳои иттилоотиро низ дорад ва аз ҳама гуна нақшаву барномаҳои навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳҳои ифротӣ кайҳо огоҳ мебошанд ва намегузорад, ки бори дигар миллати бошараф ва ватандӯсту баруманди тоҷик ин ҳодисаи нангинро аз сар гузаронанд.
Пас, дар шароити муосир ҳар як ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш чораҳои огоҳона ва самаранок андешанд. Замоне, ки корбарони фазои маҷозӣ бештар гардида истодаанд ва аз ин раванд созмонҳои ифротгаро истифода намуда, фаъолияти экстремистиву террористии худро дар фазои маҷозӣ ба таври густурда роҳандозӣ менамоянд, моро зарур аст, ки бо сиёсатгузории дуруст фаъолияти ғаразноку хатарзои ташкилотҳои экстремистиро пешгирӣ намоем. Аз ҷониби дигар моро зарур аст, ки вазъияти вуҷуддоштаро, яъне, сулҳу суботу амнияти доимие, ки саросари кишвари Тоҷикистони азизи моро фаро гирифтааст, бо ҳар роҳу усул чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон тамоми корҳои аз дастамон меомадаро ватандӯстона ва софдилона иҷро намоем.