Зубайдулло Давлатов,

сардори раёсати таъминоти иттилоотии 

Маркази тадқиқоти стратегии 

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ниҳоди президентӣ ҳамчун системаи идоракунӣ яке аз муваффақтарин низоми идоракунии давлатӣ буда, ба маънои муосираш бори нахуст соли 1787 дар Конститутсияи ИМА ба расмият дароварда шудааст. «Падарон»-и Конститутсияи Амрико ҳангоми моделсозии институти президентӣ аз таҷрибаи сиёсӣ ва  ҳуқуқии давлати Британияи Кабир баҳрабардорӣ мекарданд ва ҳоло бошад ин  ниҳод яке аз густурдатарин  ниҳодҳои  ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Танҳо дар охири садаи 20 аз 183 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 130 давлат мақоми президентиро доштанд, ҳарчанд, мақоми конститусионии иддае аз президентҳо аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Президентҳо дар ҷумҳуриҳои президентӣ (ИМА), нимпрезидентӣ (Фаронса) ва парламентӣ (Олмон) аз рӯйи доираи ваколатҳо, хусусияти вазифаҳояшон ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳо фарқ мекунанд. Дар чанд асари илмӣ, ки таҳлили мафҳуми институти президентӣ сурат гирифтааст, охирин ҳамчун маҷмуи чор гурӯҳи меъёрҳо муайян шудааст:

1. Тартиби интихоби Президент, аз ҷумла, маросими савгандёдкунӣ.

2. Мақоми ҳуқуқии он дар сохтори мақомоти давлатӣ.

3. Вазифа ва ваколатҳои Президент (ҷанбаи функсионалӣ).

4. Қатъ гардидани ваколатҳои Президентӣ.

Ҳар яке аз ин гурӯҳҳои номбаршуда дар робита ба институти президентӣ як навъ зерниҳод мебошанд. Дар баробари ин, як ҷузъи муҳимми онҳо масъулияти Президент аст. Ин яке аз шаклҳои муҳимми масъулияти конститутсионӣ ва хеле ҷиддӣ мебошад. Ҳамин тариқ, институти президентӣ як системаи меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки тартиби интихоб ва ба мансаби Президент соҳиб шудан ва салоҳияти Президентро танзим мекунад, ки мавқеи ӯро дар низоми мақомоти давлатӣ, инчунин, тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳо, иваз кардан ва аз вазифа озод карданро муайян менамояд.

Ҳангоми омӯзиши институти президентӣ дар кишварҳои мухталиф истифода аз чунин категорияҳо ба мисли “сардори интихобшудаи давлат”, “мансаби олӣ”, “мансаби сиёсӣ”, “мақоми давлатӣ” комилан қобили қабул аст. Дар мавриди категорияҳои «ҳакам дар низоми мақомоти давлатӣ», «сардори ҳокимияти иҷроия», «президентӣ» имкони истинод ба онҳо мустақиман аз намуди шакли ҳукумат дар як давлат вобаста аст. 

Кишвари азизи мо низ ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви Созмони Милали Муттаҳид низоми идоракунии президентиро барои худ интихоб намуда, имрӯз таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти кишвар, баровардани давлат аз қабзаи ҷангҳои таҳмилию истихборотӣ ва пешрафту шукуфоии Ватан хизмат мекунад. 

Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони азизи мо 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ба ин ҷашни миллӣ бо суруру шодмонӣ арҷ мегузоранд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашн дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне, 16 ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идораи Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии Президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ аз фаъолияти давлатдории гузаштаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳои муҳимми давлатӣ гардид.

Тибқи меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент – Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонӣ ба тамоми арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ба маънои дигар, Рӯзи Президент ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҳар як сокини озоди Тоҷикистони азиз аст.

Дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд, истилоҳи «Давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд ва гоҳе бадхоҳони давлатдории мо низ мехостанд, ки давлати мо дар ин радиф қарор гирад. Бо заҳмату талоши Президенти кишвар мо метавонем бо ифтихор эълон кунем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамчун давлати мустақил ва қонунмеҳвар муаррифӣ гашт ва ҳеҷ неруе наметавонад истиқлол ва ягонагии кишвари моро зери суол гузорад.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Илова бар ин, фаъолияти пурсамару пурбори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашт. 

Президент (praesidens, praesidentis — дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ, Президент дорои салоҳиятҳои васеъ аст, чунки ӯ салоҳиятҳои Сарвари давлат ва Раиси Ҳукуматро иҷро менамояд. 

Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ — ҳуқуқӣ омӯхта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмуи ваколатҳои ҳокимиятии президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад, ки ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, рамзи муттаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шурои амният ва дигар ниҳодҳои калидиро таъсис медиҳанд ва барҳам медиҳанд, Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъйин ва озод мекунанд, ба қонунҳо имзо мегузоранд, маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд, низоми пулиро муайян менамоянд ва ихтиёрдори сармояи захиравӣ мебошанд. Ҳамзамон, шартномаҳои байналмилалиро имзо менамоянд, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндаҳои ҷумҳуриро дар давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ таъйин ва озод мекунанд, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамоянд.

Президент, инчунин, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунанд, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд, масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунанд, шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонанд ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамоянд.

Дар Тоҷикистон заминаи таърихии ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Иҷлосияи   XVI-уми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 16 ноябри соли 1994 баргузор ва дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари қонунии давлат интихоб ва эътироф гардиданд. Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Сарвари давлати мо ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба  даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. 

Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунанд.

Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи ормонҳои Пешвои муаззами миллат аст.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Агар ба корномаи Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем, ба чунин натиҷагирӣ метавон расид:

 — хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз;

 — тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои Ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

— ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

 — иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;

 — таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

 — таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ;

 — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

 — таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

 — саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт;

 — таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

 — поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

 Давлатмарди олиму оқилу фозилу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон муттаҳид, дар қалби мардум шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии   мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ  шинохта шудани Пешвои миллатро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи мо барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

 Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги Роҳбари мамлакатро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин абармарди таърихӣ, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода барем.

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлол ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбуби Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишвари маҳбуби мо бо шаҳомати воло истиқбол карда шавад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *