Муҳаммадӣ РАҲМАТОВ,
дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва
ҷисмҳои сахти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Физика дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, умумитарин қонунҳои табиати ғайризиндаро меомӯзад. Бо назардошти имкониятҳои равонӣ ва синнусолии хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ омӯзиши фанни физика ба ду зина тақсим карда шудааст. Зинаи якум синфҳои 7-8-9 ва зинаи дуюм синфҳои 10-11.
Дар зинаи якуми таълими физика, бо назардоши кам будани таҷрибаи ҳаётӣ ва нокифоягии имкониятҳои руҳониву ҷисмонии хонандагон одитарин хосиятҳои материя, сохти он ва навъҳои ҳаракат (механикӣ ва ҳароратӣ), таъсири мутақобили ҷисмҳо, фаҳмиш дар бораи энергия (механикӣ ва дохилӣ), унсурҳои нисбатан содаи электромагнитӣ ва рӯшноигӣ омӯхта мешавад.
Дар натиҷа, дар хонанда тасаввуроти умумӣ дар бораи мафҳумҳои модда, ҷисмҳо, предметҳо, ҳаракат, инерсия, энергия, заряд, майдон ва ғайра ҳамчун заминаи донишҳои физикӣ ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд. Дар зинаи дуюм ин фаҳмишҳо пурра ва ташаккул дода, амалан, маълумоти умумӣ доир ба физикаи муосир дода мешавад.
Иштироки фаъолона дар машғулиятҳои амалӣ усули самараноки мустаҳкам намудани дониши хонандагон дар ҷараёни таълими физика маҳсуб меёбад. Ҳалли масъалаҳои физикӣ яке аз шаклҳои машғулияти амалӣ ва муҳимтарин усули мустаҳкаму амиқ намудани дониши хонанда ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи барнома қариб аз се як ҳиссаи вақти барои омӯзиши физика пешбинишуда барои ҳалли масъалаҳо сарф бояд шавад [1,2].
Таҳлили воқеият оид ба маҳорати масъалаҳалкунии хонандагон ва донишҷӯён нишон медиҳад, ки аксари онҳо аз уҳдаи мустақилона ҳал кардани масъалаҳо намебароянд. Аксари омӯзгорон ҳангоми дарсҳои амалӣ масъалаҳои якранг ва савияаш пастро интихоб менамоянд.
Дар ин мавридҳо, аз назари аввал, талаботи барнома иҷро мешавад, лекин имкониятҳои эҷодии хонандагон нокушода мемонад [1-3].
Бархе аз муаллимони фанни физика дар он ақидаанд, ки дар машғулиятҳои амалӣ масъалаҳои мураккабро бояд интихоб кард. Яъне, дар сурати бештар ҳал намудани масъалаҳои мушкил имкониятҳои зеҳнии толибилм бештар ташаккул меёбад. Ин ақида ва тарзи кор, ба назари мо то андозае нодуруст мебошад, зеро хонанда ҳангоми ба душвориҳо рӯбарӯ шуданаш бовариашро оид ба «тавонистан» гум мекунад ва хулоса мебарорад, ки ӯ масъала ҳал карда наметавонад, дар натиҷа, физика барои ӯ ба фанни душвор табдил меёбад [2,3].
Омӯзгорони соҳибтаҷриба барои ҳалли ин муаммо аз услубҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо ва машғулиятҳои таълимӣ истифода мебаранд.