Ганҷина РАҶАБОВА,
омӯзгори мактаби №29-и шаҳри Панҷакент

Мусалламан, сохтори иҷтимоии ҳар ҷомеаи солиму ҳуқуқбунёд бар пояи назарияҳои илмӣ ва арзишҳои ахлоқӣ бунёд мегардад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сифату самаранокии раванди таълиму тарбият яке аз омилҳои аслии пешрафту муваффақиятҳои илмию фарҳангии тамоми давлатҳои мутамаддини дунё ба шумор меравад. Агар ба ин мавзуъ аз дидгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ назар андозем, хоҳем донист, ки ҷомеаҳои инсонӣ аз оғози субҳи бедории инсоният ва дигар марҳилаҳои рушди таърихии он ба масъалаи таълиму тарбият арзишу эътибор қоил буда, дар ҳамаи даврҳо дар роҳи тарғиб ва тарвиҷи илму адаб кӯшишу талош намудаанд: 

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз,

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,

Гирд карданду гиромӣ доштан, 

То ба санг андар ҳаме бингоштанд. 

Дониш андан дил чароғи равшан аст, 

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

[2, с. 328]

Тавре ки мушоҳида мешавад, устод Рӯдакӣ дар абёти боло бо як забони фасеҳу асили тоҷикӣ ба мо мегӯяд, ки ҳамаи одамони бохиради дунё дар тӯли таърих ҷиҳати фарогирии илму адаб ба як роҳу равиш ё барномаи нисбатан мусоиди омӯзиш ва парвариш ниёз доштанд. Мутобиқи дидгоҳи Одам-уш-шуаро, раванди таълиму тарбият дар ҳамаи даврҳо, амалан, дар ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти печидаи сиёсию иқтисодии инсонҳо нақши муассир гузошта, оҳиста-оҳиста дар зиндагии одамон арзишу эътибор пайдо кардааст. Бинобар ин, ҳамаи инсонҳо илму ҳикматро бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ҳифз мекарданд, зеро медонистанд, ки дониш ҳамчун нури чароғ ба дилҳо равшанӣ меафканад ва тирагиҳои ҷаҳлу нодонӣ, кинаву адоватро ба инсон менамояд.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар муносибатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати дунё як навъи буҳрони маънавӣ мушоҳида мешавад. Ин буҳрони маънавӣ, ки яқинан дар асари бетафовутии олами сармоя нисбат ба арзишҳои ахлоқӣ зуҳур кардааст, ҳамчун бемории сирояткунанда, тадриҷан, бар фазои иҷтимоии тамоми давлатҳои дунё соя меафканад ва ба рушди мусолиматомези робитаҳои сиёсӣ, фарҳангиву иқтисодии халқҳои ҷаҳон халал ворид менамояд. Пас, моро лозим аст, ки ҷомеаи худ (хусусан ҷавонон)-ро бобати муқовимат дар баробари ин хатари фарогир омода созем. Хушбахтона, бо лутфи тақдир миллати тоҷикро мероси гаронмояи маънавие насиб гардидаст. Ҳомиёни илму адабро мебояд, ки дар ҳалли ҳар гуна мушкилоти маънавӣ, аз ин ганҷинаи бебаҳо ба таври шоиста истифода намоянд. 

Бояд гуфт, ки панду андарзҳои устод Рӯдакӣ дурахшонтарин дурдонаҳои маънавии ин ганҷури хирад ба шумор мераванд. Ин дурдонаҳои маънавӣ метавонанд, ба ҷӯяндагони роҳи ҳақиқат дар интихоби равиши росту маниши дуруст мусоидат кунанд. Дар сурати дурусту бамаврид истифода бурдани андарзҳои устод Рӯдакӣ, ки бо сиришту сарнавишти миллати озода ва адабпарвари мо ҳамдостонанд, ҷомеа метавонанд амнияти маънавии худро таъмин намояд. Шоири дилогоҳ ба ҷавонони мо панд медиҳад, ки ба рӯйдодҳои иҷтимоии ҷаҳон ва падидаҳои табиӣ, ки дар ҷаҳони имрӯз бо шаклу хусусиятҳои нав, монанди афзоиши гармӣ, беш аз андоза олудашавии обу ҳаво ва муҳити зист, инчунин, зуҳури бемориҳои фарогир ва ғайра, ҷилвагар мешаванд, ба «чашми хирад» назар андозанд. Таъбири «чашми хирад» ба маъниҳои дурандешӣ ва даруннигарӣ (яъне, ба моҳияти чизҳо ва падидаҳо нигаристан) далолат мекунад. Пас одами хирадманд касест, ки дурандеш буда, аз оқибати амале, ки анҷом медиҳад, хуб огоҳӣ дорад, паёмадҳои хубу бади корҳоро дар тарозуи ақл месанҷад ва пиндору гуфтору рафтори хешро бо меъёрҳои ахлоқӣ зебу зиннат медиҳад: 

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ, 

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Устод Рӯдакӣ ҷаҳонро ба дарё (баҳр)-е монанд мекунад, ки дар домани ҳар мавҷи он тӯфони бунёдбарафкане ниҳон аст. Агар инсон бихоҳад, ки аз ин тӯфони маргбор ҷони солим бадар оварад, бояд сафинаи умеде дошта бошад. Мувофиқи андешаи устоди шоирон, инсон тавассути анҷоми амалҳои шоиста, ки танҳо бо риояи меъёрҳои илмӣ ва ахлоқӣ (адолат, ҳақиқат, муҳаббат ва ғайра) қобили эътимоду эътиборанд, метавонад барои худ роҳи наҷот пайдо кунад. Ин роҳи наҷот барояш аз тариқи накукорӣ муяссар мегардад. Ба таъбири дигар, накукорӣ ҳамон киштии наҷотбахше аст, ки ба инсон имкони дар ин баҳр шино кардан (яъне, шоиста зиндагӣ намудан) ва ба соҳили умед расиданро медиҳад. Накукорӣ ҳамон сафинаи умедест, ки ҷомеаҳоро аз офатҳои маънавӣ наҷот мебахшад. 

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкори арзишманди устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун фалсафаи ҳаёт арзёбӣ менамоянд. Ҳикмату маърифати ин фалсафаи ҳаёт, ки дар асари таҳлилу таҳқиқи таҷрибаҳои таърихии халқи тоҷик ва кашфи асрори табиат ё муҳити зисти шоир ба даст омадаанд, сарватҳои гаронмояи маънавии миллати мо ба шумор мераванд: 

«Панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил медиҳанд» [1, с. 70].

Мактаби зиндагӣ, дар дидгоҳи устод Рӯдакӣ, саршор аз дарсҳои омӯзандае аст, ки дар онҳо таҷрибаҳои рӯзгор ба сурати дарсҳои пандомӯзе ҷилвагар мешаванд. Аз ин рӯ, инсон бояд аз натиҷаи чунин рӯйдодҳои иҷтимоӣ ё ҳодисаҳои табиӣ ҳадафмандона баҳрабардорӣ намояд ва аз паёмадҳои неку бади ин гуна таҷрибаҳои зиндагӣ хуб огоҳӣ дошта бошад. Инсон дар асари баҳрабардорӣ аз дарсҳои зиндагӣ оҳиста-оҳиста ба камол расида, соҳиби огоҳӣ, маҳорат ва малака мегардад. Донишу маҳорату малакаҳое, ки аз таҷрибаҳои зиндагӣ ҳосил мешаванд, ба инсон имкон медиҳанд, ки дар баробари ҳар гуна падидаҳои иҷтимоӣ ва ҳодисаҳои табиӣ мавқеи дурустро интихоб карда, ба ин восита, амнияти иҷтимоии худро таъмин намояд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

[2, с. 214] 

Мувофиқи ақидаи устод Рӯдакӣ, дар ҳаёти иҷтимоӣ барои инсоне, ки аз дарсҳои мактаби зиндагӣ бебаҳра мемонад, тамоми роҳҳои камолоти маънавӣ баста мешаванд. Яқинан, чунин инсон дар арсаи ҳаёт ба комёбӣ ва муваффақият даст намеёбад, зеро дар зиндагӣ ҳеҷ дарсе таъсиргузортар аз омӯзаҳои таҷрибаҳои рӯзгор нест:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад, зи ҳеҷ омӯзгор. [2, с. 315]

Бояд гуфт, ки дар дидгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳаввулоти рӯйдодҳои табиӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун як фароянди диалектикӣ (ҳаракати боланда, рӯ ба камол) арзёбӣ шудаанд ва ин тарзи нигариш барои густариши дидгоҳи илмии омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон мусоидат менамояд. Аз нигоҳи устоди шоирон, ҷаҳон ба монанди чашми одам дорои шакли мудаввар (элипсгуна) буда, мудом дар ҳоли ҳаракати рӯй ба камол қарор дорад:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст, 

Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд. [2, с. 19]

Инчунин, ақидаҳои ватанпарастӣ, истиқлолталабӣ, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, хайру саховат ва дигар арзишҳои маънавие, ки дар ашъори шоир тараннум шудаанд, барои ташаккул ёфтани як шахсияти ватанпараст, истиқлолталаб, адолатхоҳ, инсондӯст, ҷавонмарду саховатманд мусоидат мекунанд.

Воқеияти ин гуфторро суханони Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ менамоянд:

 «Рӯдакӣ, дарвоқеъ, вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва адабии маънавӣ – ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукориву хайрандешӣ буд» [1, с. 71]. 

                           Адабиёт:

1. Раҳмон, Эмомалӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар «Симпозиюми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ». (06.09.2008, ш. Душанбе). // Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо. – Душанбе: Адиб, 2015. – 464 с.

2. Рӯдакӣ, Абуабдуллоҳ. Осори Рӯдакӣ [Матн] / Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ / Таҳти таҳрири А. Мирзоев. – Сталинобод: Нашр.дав.Тоҷ., 1958. – 544 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *