Қурбон СИРОҶОВ,
омӯзгори фанни ҳуқуқи инсони
мактаби №6-и ноҳияи Тоҷикобод
Ба ҳамагон маълум аст, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баробари шоири маъруф, мутрибу сарояндаи машҳур будан, дигар илмҳои замонаи худро низ ба дараҷаи аъло аз худ карда буд. Дар эҷодиёти мавзуъҳои қонун, ҳуқуқҳои инсон ва риояи онҳо, адолат, ахлоқи пок, одамият, дӯстӣ, дастгирии якдигар, тарғиби илму дониш ва монанди ин дигар мавзуъҳо инъикос ёфтаанд. Ҳар як омӯзгор метавонад дар дарсҳои худ аз ашъори рангини падари шеъри форсӣ дар ҳар мавриде истифода барад, аз ҷумла дар дарсҳои «Ҳуқуқи инсон» низ омӯзгорон имконияти хуби истифодаи ашъори ӯро доранд.
Истифодаи шеърҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар дарсҳои «Хуқуқи инсон» аз як тараф ба алоқамандии фанҳо ва мавзуъҳо сабаб гардад, аз тарафи дигар дарсҳои ин фанро дар доираи чорабиниҳои соли маърифати ҳуқуқӣ таровати маънавӣ бахшида, шавқовар менамояд.
Ин ҷо мехостам ба ҳамкорони худ таҷрибаи ҳосилнамудаамро манзур намоям, шояд барои ҳамкасбон дар раванди дарсҳо истифода гардад. Ман дар дарсҳои худ (мавзуъҳои алоҳида) аз шеърҳои устод Рӯдакӣ истифода мебарам. Ҳангоми гузаштани мавзуи «Ғояҳои ҳуқуқи инсон дар афкори мутафаккирони форсу тоҷик» (синфи 10) махсус ба эҷодиёти устод такя мекунам. Зеро устод дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон панду андарзҳои зиёде гуфтааст. Ӯ инсонҳоро новобаста аз вазъи иҷтимоӣ дар як сатҳ мегузорад. Мардӣ ва ҷавонмардиро ба шахсоне, мансуб медорад,
ки дасти маъюбону бечорагон, ятимону фитодагонро мегиранд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Ин рубоии машҳури устодро ҳангоми гузаштани мавзуи «Ҳуқуқҳои ашхоси имконияташон маҳдуд ва пиронсолон (синфи 11) истифода бурдан хеле мувофиқ аст. Зеро бар «кӯру кар ар нукта» нагирифтан ба пиндори шоир нишона ва аломати мардонагӣ мебошад!
Инчунин, дар «Қасидаи шикоят аз пирӣ» шоир аз даврони пирӣ ҳамчун даврае, ки инсон муҳтоҷи ёрӣ ва дастгирист ёдовар шуда, зарурати нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои пиронсолонро таъкид кардааст. Дар вақти таълими мавзуи «Ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ» (ҳам дар синфи 10 ва ҳам синфи 11) барои омӯзгор имконияти бештари истифодаи панду андарзҳои устод фароҳам аст. Зеро устод фарҳангро дараҷаи олии пайвастани ақл, дониш, маърифат, адаб медонад ва ҳамаи инсонҳоро барои баҳра бурдан аз ин сарват даъват менамояд, Фарҳангро ба як ганҷинаи бебаҳое монанд мекунад ва мардумро мефармояд, то рӯй ба ин ганҷ ниҳанд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Чун ҳуқуқ ба таҳсил низ яке аз ҳуқуқҳои фарҳангии инсон аст, ҳангоми гузаштани ин мавзуъ метавонем мисраи машҳури устодро оид ба таҳсил, донишомӯзӣ, аҳамияти илму дониш истифода барем.
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ин мисраъҳои ба дониш бахшидашударо дар мавзуи «Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқи инсон» истифода бурдан мумкин аст. Чунки илму дониш дар ҳама давру замон ҳамчун равшангари роҳи зиндагӣ хизмат менамояд. Ҳар як шахс барои ба даст овардани дониш, махсусан дар давраи мактабӣ бояд кӯшишу ғайрат намояд.
Дар вақти гузаштани мавзуи «Арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои инсон (синфи 10) қайд мекунам, ки мазмуни асосии ҳуқуқҳои инсонро инсондӯстӣ ташкил медиҳад. Меҳру муҳаббат ба инсон, волоияти мақоми иҷтимоии он ва ҳимояи манфиатҳои он ҳуқуқи инсонро ба вуҷуд овардааст. Инсондӯстӣ волотарин ғояест, ки устод Рӯдакӣ дар эҷодиёти худ онро тарғиб кардааст. Устод мегӯяд:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин мисраъро ҳангоми мавзуи «Ифротгароӣ ва масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои инсон» (синфи 11) низ истифода бурдан мумкин аст. Аз он сабаб, ки имрӯзҳо масъалаи ифротгароӣ ва шомилшавии баъзе аз ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Муаллим, инчунин, метавонад мисраъҳои «Замона гуфт маро, хашми хеш дор нигоҳ, Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст»-ро ҳангоми гузаштани мавзуи «Озодии сухан» (синфи 10) барои муқоисаи озодии сухан дар замони устод ва замони ҳозира биёрад. Ба шогирдон фаҳмонидани он нукта муҳим аст, ки ҳар як шахс дар барорбари доштани озодии сухан маҳдудиятҳои онро низ дониста, ҳатман онҳоро бояд риоя намояд.
Хулоса, ашъори устод пур аз байтҳои аҳамияти тарбиявӣ, инсондӯстӣ, адлу инсоф, некию накӯкорӣ, дӯстию рафоқат дошта мебошанд ва ҳар як омӯзгор дар ҷараёни дарсҳои худ метавонад аз онҳо истифода барад.