Фарҳод ШАФИЕВ, 

директори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод

Ба ифтихори 90-солагии Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, шодравон Соҷида Аккалаева

                                             Чунон бояд тариқи зиндагонӣ,

                                             Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.

                                                                              Абулқосим Унсурӣ 

Дар зиндагӣ борҳо иттифоқ афтодааст, ки шиносоӣ ва ҳамнишинӣ бо инсонҳои фаррухсиришт сарнавишти инсонро дигаргун намуда, каҷравонро ба ростӣ ҳидоят карда, нокомонро соҳибком, ноумедонро ба умед, доноёнро донотар, фозилонро фозилтар кардааст.
Ман аз он хушбахтам, ки тақдир маро дар зиндагӣ бо шахсони наҷиб ва инсонҳои фозил рӯ ба рӯ кард, ки аз онҳо баҳра бигирам ва дар фаъолияти худ истифода намоям.
Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Соҷидамоҳ Аккалаева собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон ва собиқ омӯзгори омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб мебо
шанд. Аз ибтидои вохӯрӣ то интиҳо аз он кас дарси ҳаёт, одаму одамгарӣ, хоксориву меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ватандорӣ, хайру эҳсон ва меҳру садоқат ба пешаи омӯзгориро омӯхтаам.
Муаллима шахсе буд, ки обу хоки ватани худро аз сидқи дил дӯст медошт, дилбохтаи илму маориф буд. Худованд симои ӯро ҳамсони ботинаш зебо офарида, зоҳиру ботинаш ҳамдигарро тақвият мебахшиданд. Чеҳраи зебои нурониаш бо гуфтори нарму гармаш басо бо ҳам мувофиқ афтода буданд. Ҷаҳони андешааш бекарон, самимияташ ба ҳамсуҳбаташ дилпазиру дилнишин буд.
Соли 1997, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фиристода шудам. Директори омӯзишгоҳ Абдукарим ҳалимов (руҳашон шод бод!) маро ба кор қабул карда, муаллима Соҷидамоҳ Аккалаеваро ҳамчун сарпараст вобаста намуд.
Аз суҳбати аввалини самимӣ ва меҳрбору раҳнамои муаллима Соҷидамоҳ Аккалаева пай бурдам, ки дар пешорӯи ман инсоне қарор дорад, ки гармову сармои рӯзгорро дида, дар дилаш меҳри омӯзгорӣ маскан гирифтааст. Инро аз ҳар андешаи ӯ дар бораи мактабу маориф, таълиму тарбия, омӯзгору толибилм ба хубӣ пай бурдан мумкин буд. Тарзи баён ва оҳанги суханонаш, ки дилнишину руҳнавоз садо медод, диққати шунавандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард. Муаллима ончунон бо меҳру садоқат доир ба пешаи омӯзгорӣ, мавқеи он дар ҷомеа сухан мегуфт, ки меҳри маро ба касби интихобкардаам боз ҳам гармтару қавитар мегардонд.
Бори аввал ҷонпарвар будани суҳбати омӯзгорро, чуноне ки Шайх Саъдӣ гуфтааст, дар суҳбати муаллима дарк намудам.
Ба андешаи муаллима танҳо бо гирифтани маълумоти олии педагогӣ, омӯзгори ҳақиқӣ шудан мумкин нест. Омӯзиши пайваста ва алоқаманд кардани он дар амал, мунтазам баланд бардоштани малакаи педагогӣ омӯзиши таҷрибаи омӯзгорони собиқадори пешқадам, пайравӣ ба онҳо, огоҳии комил аз навгонии соҳаи маориф ва илм, огоҳ будан аз рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳон, яъне, ҳамқадами замон будан, дӯст доштани бачаҳо ва роҳ ёфта тавонистан ба дили онҳо ва ғайраҳо аз омилҳои асосии омӯзгори асил шудан аст.
Муаллима борҳо мегуфт, ки «Вазифаи аввалини омӯзгори ҷавон он аст, ки бештар ба дарсҳои омӯзгорони собиқадору пешқадам даромада, таҷрибаи онҳоро омӯзад, донишҳои назариявии омӯхтаи худро ба амалия пайвандӣ диҳад, аз пурсидани чизҳоеро, ки намедонад, ор накунад».
Ин нукта маро водор мекард, ки ба дарсҳои муаллима дароям ва аз ӯ таҷриба омӯзам. Муаллима низ дар дарсҳои ман иштирок карда, фикру мулоҳизаи худро доир ба беҳтар шудани раванди дарсҳо мегуфт, тавсияҳои ҷолиб медод. Тарзи таҳлили дарсро муаллима чунин мегузаронид: аввал муваффақиятҳоро баён карда, маро барои соҳиб шудан ба онҳо таъриф мекард, пас, аз он камбудиҳоро, ки нисбат ба муваффақиятҳо бештар буданд, бо оҳанги орому бо далелҳою тартиби муайян баён мекард. Мисли модаре, ки фарзанди дилбандашро навозишкунон насиҳат мекунад, роҳҳои ислоҳи нуқсу камбудиҳоро гуфта мегузашт. Аз таҳлили дарсҳоям, ки аз ҷониби муаллима гузаронида мешуд, ман бисёр чизҳоро омӯхтам, хом будам, оҳистаоҳиста таҷриба мегирифтам. Як хусусияти дигари таҳлилҳои ӯ он буд, ки маро ба кор
дилшикаста не, балки дилгарму руҳбаланд мекард, бовариямро ба худам меафзуд.
Муаллима ҳар як дарсро бо тайёрии пухта мегузаронд. Дарсҳояш пурмазмуну ҷолиб, рангину дастрас, шавқовару ҷаззоб буданд.
Забонаш бошад, ширину руҳнавоз, садояш дилошӯбу ҷолиб буд. Машғулиятҳоро бо истифодаи воситаҳои аёнии фаровон хотирмон мегузаронд. ҳамаи омӯзгорони ҷавон дар вақтҳои холӣ ба дарсҳояш медаромаданд, аз ӯ меомӯхтанд. Як ҷаҳон таассурот мебардоштанд.
Дарсхонаи забони тоҷикӣ, ки мудираш муаллима буд, ниҳоят зебову барҳаво ва бо аёнияти гуногуни таълимӣ муҷаҳҳаз буд.
Дар дарсхона феҳристи аёният мавҷуд буд, ки ҳангоми зарурат пайдо кардан корро осон мекард. Бо чунин ҳолат ҳам дарс ва ҳам синфхона макони дӯстдоштаи шогирдону омӯзгорони ҷавон маҳсуб мешуд.
Муаллима ба шогирдонаш муносибати хубу хайрхоҳона дошт. Муносибаташ ба ҳамаи онҳо яксон буд. ҳамеша ёвару маслиҳатдеҳ ва дастгиру раҳнамои онҳо буд. Хусусан, бо донишҷӯдухтарони аз оилаҳои камбизоат бештар ғамхорӣ ва парасторӣ мекард.
Гӯё онҳо фарзандонаш буданд. ҳатто баъзеи онҳоро дар хонааш ҷой дода, ба онҳо модарвор ҳунари кадбонуӣ ва дар коллеҷ пешаи омӯзгорӣ меомӯзонд.
Боре муаллима ба ман эрод гирифт, ки дар фалон гурӯҳ чаро ба ҷои мавзуи дарс дигар мавзуъро гузаштӣ? Ман ба муаллима гуфтам, ки мавзуи қаблиро надониста, мавзуи навро фаҳмидан душвор буд, барои ҳамин аввал он мавзуъро гузаштем. Муаллима ин амали маро дастгирӣ кард. Ман аз он ҳайрон будам, ки муаллима инро аз куҷо фаҳмидааст. Баъдтар аз донишҷӯе, ки дар хонаи муаллима истиқомат мекард, фаҳмидам, ки муаллима дафтарҳои фанниашро пайваста аз назар мегузаронидааст.
ҳанӯз дар шигифтам, ки муаллима бо ин ҳама серкорӣ чӣ тавр барои аз назар гузаронидани дафтарҳои даврии шогирдаш вақт меёфтааст. Машғулиятҳои ҳаррӯза, маҳфилҳои фаннӣ, корҳои ҷамъиятӣ, нигоҳубини ҳашт фарзанд дар оила кори саҳл нест.
Маълум мешавад, ки он кас барои ҳамаи ин вақт меёфтааст.
Дастгириву дилсӯзии муаллима бо шогирдонаш ҳадду канор надошт. ҳатто, пас аз ба вазифаи директории коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъйин шуданам низ инро ҳис мекардам. ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки нахуст муаллима маро ба муносибати директор шуданам муборакбод гуфта, модарвор насиҳат кард ва номаеро ба дастам дод. Пас аз рафтани ӯ номаро кушодам, ки дар он 12 тавсия барои кори директор навишта шудааст.
Ин тавсияҳо ҳар кадоме дурдонаи маънавӣ барои ҳар як роҳбар дар самти таълиму тарбия буда, то имрӯз аз он тавсияҳои муаллима истифода мебарам.
Муаллима садҳо шогирдро тарбия кардааст, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа кор мекунанд. Дар байни онҳо олимону донишмандон, омӯзгорон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорону ҳарбиён, хулоса, мутахассисони касбу кори гуногун ҳастанд. Боре Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб дар яке аз барномаҳои шаби эҷодии худ гуфта буданд, ки дар эҷоди шеър устоди аввалини худ Соҷида Аккалаеваро меҳисобанд.
Бо чунин тарз олимони шинохта — академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуҳаммад Одинаев, профессор Худойназар Асозода, шоирон ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Салими Хатлонӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон ва даҳҳо нафари дигар марҳум Соҷида Аккалаеваро устоди худ мешуморанд.
Соли 2011-ум 80 — солагии коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бошукӯҳ баргузор шуд. Муаллима Соҷида Аккалаева дар як намоиши он нақши
омӯзгорро иҷро кард, ки бисёр диданӣ, шуниданӣ ва тасхиркунанда буд. Нақши омӯзгорро на «актёр», балки омӯзгор – омӯзгоре, ки зиёда аз ним аср умри азизи хешро ба таълиму тарбия сарф кардааст, иҷро кард. Ин нақш гӯё як ҳисоботи муаллима аз фаъолияти бобаракати нимасраи худ дар пешгоҳи ҷомеа буд.
Муаллима дар ҳаёти оилавӣ низ муваффақиятҳои зиёд дошта, модари хушбахт буд.
Соҳиби 8 фарзанд, ки ҳар кадом соҳибмаълумот буда, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият доранд.
Барои меҳнати бисёрсолаи содиқонааш Соҷидамоҳ Аккалаева бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (1968), Муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1974) ва чандин нишону ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Устоди азизам ҳамеша таъкид мекард, ки ифтихорномаҳои ман шогирдонам ҳастанд, ки аз таълиму тарбияи ману ҳамкасбонам баҳра бардошта, дар ҷамъият инсонҳои комил ва ватандӯст шуданд!
Соле, ки ба ифтихори ҷашни 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бинои нави коллеҷи омӯзгорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда буд, Сарвари давлат маҳз ба дарси кушоди муаллимаи азиз Соҷида Аккалаева даромада буданд. Аз таваҷҷуҳи Роҳбари дилсӯзи Ватан шодию хурсандии муаллима ҳадду канор надошт. То ҳол чеҳраи хушбахти ӯро ҳама омӯзгорони коллеҷ дар хотир доранд, ки аз қаноатманд будани ҳаёташ, иҷро кардани рисолати омӯзгорияш гувоҳӣ медод.
Сад афсӯс, ки муаллимаи азизу маҳбуб имрӯз байни мо нест. Ҳарчанд ҷисман дунёро тарк карда бошад ҳам, лекин бо панду андарзҳои дилсӯзонаву модаронааш, бо маънавиёти бою рангинаш ва бо руҳи маърифтпарвараш дар дили мо шогирдон зиндаву ҷовид мебошад.
Ёдат ба хайр устоди азиз ва хонаи охиратат обод бод, модари маҳбуб!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *