Савриддин БОБОҶОНОВ,

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола ироа мешавад,  фарогири масъалаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, инчунин, муайянкунандаи дурнамои соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмуъ,  тамоми самтҳои ҷомеа мебошад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҷиҳати муайянсозии дурнамои рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ татбиқи якчанд ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз ҷумла, консепсия, стратегия ва зиёда аз панҷ барномаи давлатиро пешбинӣ намуданд. 

Бояд зикр намуд, ки яке аз ин панҷ барнома ин Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо мебошад. 

Ҳамзамон, ба масъалаи рушди соҳаи саноати кӯҳию металлургии кишвар Пешвои миллат дар паёмҳояшон ба ҳайси соҳаи фоидаовари хоҷагии халқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва мунтазам таъкид менамоянд, ки аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва дигар боигариҳои зеризаминӣ, ки яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат маҳсуб меёбад, ба таври зарурӣ истифода карда шавад. Илова бар ин, рушди саноати кӯҳию металлургӣ, сохтану ба истифода додани корхонаҳои хурду калони ин соҳа бевосита қисми таркибии саноатикунонии кишвар буда, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Тамоми масъалаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, вазифагузориҳо ва муҳимтар аз ҳама, иродаи амиқи корӣ дар самти рушди саноатикунонӣ ва коркарди конҳои табиӣ вуҷуд дорад, вале масъалаи дигар ҷанбаи кадрии он мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, барои истифодаи самаранок ва ҳадафмандонаи захираҳои табиии кишвар, пурзӯр намудани ҳиссаи иқтисоди миллӣ, истифодаи манфиатноки он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга»-ро омода ва амалӣ намоянд. 

Яке аз омилҳои асосии амалигардонии барномаи мазкур омода намудани мутахассисони миёна ва олии касбии соҳа мебошад. Аз ин лиҳоз, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои олии касбии кишвар дар самти тайёр намудани мутахассисони болаёқати равияҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия, иқтисодиёти саноатӣ, коркарди нафту газ ва электромеханика масъулияти омода намудани мутахассисонро ба уҳда дорад. 

Айни ҳол хатмкунандагони ин муассисаи олии касбӣ дар рушди соҳаи саноати кӯҳию металлургии кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст. Пояҳои моддию техникии донишкада сол аз сол мустаҳкам гардида, мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ омода карда мешавад. Ин ҳама дастгирӣ, қабули барномаҳои соҳавӣ ва раҳнамоию ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар назди муассисаҳои олии касбии соҳавӣ  ва омӯзгорон масъулияти  баландро ҷиҳати омода намудани кадрҳои соҳаи саноати кӯҳию металлургӣ ба миён мегузорад. Пас, мо – омӯзгоронро зарур аст, ки дар самти тақвияти барномаҳои таълимӣ, рушди низоми таълим ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ бо виҷдони пок ва масъулияти    баланд саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *