Файзуллоҷон САФАРОВ,
дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ
ва автоматикунонии филиали
Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии
«МИСиС» дар шаҳри Душанбе
Ҳифзи соҳибихтиёрии кишвар дар фазои иттилоотӣ, аз ҷумла, назорати инфрасохтори иттилоотӣ, ҳифзи маълумот ва таъмини амнияти иттилоотӣ, на танҳо ба масъалаҳои амният, балки ба таъмини стратегияи миллӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ вобаста буда, дар ин замина аҳаммияти аввалиндараҷаро касб мекунад.
Соҳибихтиёрӣ дар соҳаи иттилооту иртиботот барои пешбурди инноватсия ва рушди иқтисоди рақамӣ дар дохили кишвар мусоидат мекунад. Бо таҳияи технологияҳои худӣ ва татбиқи стандартҳои миллӣ кишвар метавонад экосистемаи рақамии худро бунёд намуда, рақобатпазириро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад. Илова бар ин, таъмини соҳибихтиёрии иттилоотӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ дар фазои рақамӣ муҳим аст. Бо таҳияи мундариҷа ва пешбурди забони модарӣ дар интернет ва дастгирии платформаҳои ватанӣ, мо метавонем ҳузури худро дар фазои рақамӣ таҳким бахшида, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем. Соҳибихтиёрии иттилоотиву иртиботӣ, як унсури муҳимми амният, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини соҳибихтиёрӣ имкон медиҳад, ки кишвар мустақилияти худро ҳифз карда, дар рушди иқтисоди рақамӣ ҳадафҳои устуворро соҳиб гардад.
Агар кишвар имкони нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти шаҳрвандон, ташкилоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусиро дар дохили марзи худ надошта бошад, хатари аз даст додани соҳибихтиёрии иттилоотӣ ба миён меояд. Ин метавонад ба таври мустақим ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таъсир расонад. Кишварҳое, ки соҳиби инфрасохтори мустақил (маркази Додаҳо, системаи ҷусторӣ, иртиботи иттилооти мустақил) мебошанд, имкони зиёд доранд, ки иқтисоди рақамии худро дар асоси захираҳои дохилӣ рушд диҳанд. Додаҳои миллӣ ҳамчун “сарвати стратегӣ” шинохта мешаванд. Ин дар навбати худ ба рушди рақобатпазирии иқтисод ва пешрафти инноватисияи миллӣ мусоидат мекунад.
Бояд бо ин раванд қонунгузорӣ низ ҳамқадам бошад. Танзими равшан ва устувори ҳуқуқӣ дар бораи ҳифзи маълумот, махфият ва дастрасӣ ба иттилоот, ба шаҳрвандон ва сармоягузорон итминон мебахшад, ки низоми рақамӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шавад. Дар маҷмуъ, кишваре, ки Додаҳои миллиро ҳамчун сарвати стратегӣ ҳифз ва истифода мебарад, на танҳо соҳибихтиёрии рақамии худро таъмин мекунад, балки рушди иқтисод, афзоиши рақобатпазирӣ ва таҳкими нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад. Ин имкон медиҳад, ки кишвар дар муқобили таҳдидҳои рақамӣ мустақил бошад ва иқтидори инноватсионии худро тақвият диҳад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ иттилоот ва технологияи рақамӣ ба унвони қувваи нави стратегӣ табдил ёфта, ҳар кишвар, агар мустақилона сиёсати иттилоотиашро пеш барад, яъне, ба таҳдидҳо, таҳримҳо тобовар бошад, иттилооташро бе системаҳои иртиботии хориҷӣ идора ва самаранок истифода барад, он “истиқлоли иттилоотӣ” хоҳад дошт.
Ин истилоҳро метавон ба унвони яке аз ҷузъҳои амнияти миллӣ дар шароити замонии иттилоотӣ пазируфт: зеро истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодӣ то ҳадде ба шароити иттилоотӣ вобаста гардидааст. Аз ҷумла, истифодаи платформаҳои электронӣ (е-governance), таҳқиқот дар соҳаи илму техника, технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) ва дигар технологияҳо метавонанд бо эътимоду бехатар ба пайдошавии арзиши нав дар иқтисод мусоидат кунанд. Айни замон, шарт ва зарур аст, ки аз истифодаи зиёди системаҳои хориҷӣ худдорӣ карда, ба рушди системаи мустақили миллӣ таваҷҷуҳ гардад. Дар ин замина, амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти миллӣ баромад намуда, ҳар гуна халалдоршавӣ дар фазои иттилоотӣ метавонад ба суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад.
Бе идоракунии мустақили фазои иттилоотӣ, давлат наметавонад суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, таҳкими инфрасохтори миллӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар ин самт вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки омили муҳимми истиқлоли иттилоотӣ дар он мебошад, ки воситаҳои ахбори омма рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳаммияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаро саривақт, ба таври касбӣ, воқеъбинона ва фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбату солим саҳми муносиб гузоранд. Ҳолати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ба ҷомеа метавонад камтар гардад. Зеро табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод мекунад. Боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ бошад, моҳиятан эътимоду бовариро ба ҳокимияти давлатӣ бештар месозад.
Пӯшида нест, ки айни замон дар ҷаҳони иттилоот манфиатҳои геополитикии ҳар як давлат ин қудрати иқтисодӣ, ҳарбӣ ва рамзикунонӣ (криптография) маҳсуб мешавад. Пас, кишвари моро лозим аст, ки ин масоили мубрамро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, барномаҳои мушаххасро коркарду таҳия намояд. Зеро дар замони ҷангҳои иттилоотӣ ва гибридӣ (омехта) ин ҳадаф барои эмин будан аз ҳамлаҳои беруна хеле муҳим мебошад.
Соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз унсурҳои асосии Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад. Он қобилияти давлатро барои идора ва ҳифзи фазои иттилоотии худ нишон медиҳад, ки инфрасохтор, шабакаҳои коммуникатсионӣ, низоми ҳуқуқӣ ва имкони ташаккули сиёсати миллӣ дар соҳаи иттилоотро дар бар мегирад. Аз лиҳози назариявӣ соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотӣ аз ҷамъи омилҳои зерин муайян гардидааст:
– Иқтисодӣ (E) – сатҳи рушди иқтисоди рақамӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои миллӣ;
– Технологӣ (T) – имкони таҳия ва истифодаи нармафзору сахтафзорҳои миллӣ;
– Ҳуқуқӣ (L) – қонунгузорӣ ва меъёрҳои миллӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ;
– Амниятӣ (S) – ҳифзи шабакаҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ;
– Иҷтимоӣ-маърифатӣ (M) – сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ ва фарҳанги иттилоотӣ.
Дар шакли амсилаи одӣ ин мафҳумро метавон чунин ифода кард: II=f (E,T,L,S,M), ки дар он:
- II – сатҳи истиқлоли иттилоотӣ;
- f – функсияи вобастагии умумӣ аз омилҳо;
- E,T,L,S,M – нишондиҳандаҳои мазкур.
Барои ҳисоб ё баҳодиҳӣ, формулаи индекси интегралӣ истифода мешавад:
![]()
ки дар он wi вазни аҳаммияти ҳар як омил мебошад. Ин амсила имкон медиҳад, ки сатҳи воқеии соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотии кишвар чен карда шавад ва нуқтаҳои заъф муайян гарданд. Масалан, агар нишондиҳандаи технологӣ (T) паст бошад, кишвар ба воридот вобаста мешавад, ки ин хатар ба истиқлол аст.
Инфрасохтори миллӣ дар шароити рақамикунонӣ яке аз унсурҳои асосии истиқлоли иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Он маҷмуи зерсохторҳо, шабакаҳо ва воситаҳои маҳзани Додаҳо бо системаҳои иртиботӣ мебошад, ки имкони тавлид, интиқол, коркард ва нигоҳдории маълумотро фароҳам меоранд. Зерсохторҳои иттилоотӣ маҷмуи воситаҳо ва хидматрасониҳоест, ки барои дастгирии кори иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ истифода мешаванд. Ба онҳо шабакаҳои мобилӣ ва оптикӣ, низомҳои иттилоотии давлатӣ (реестрҳо, платформаҳои хидматрасониҳои электронӣ), инчунин, шабакаҳои иттилоотии хусусӣ дохил мешаванд.
Дастрасии устувор ва соҳибихтиёрӣ дар интернет омили калидии истиқлоли иттилоотӣ мебошад. Идоракунии сегменти миллии интернет (ccTLD, IP-маҷмуаҳо, IXPs – нуқтаҳои мубодилаи трафик) имкон медиҳад, ки кишвар аз таъсири беруна ҳифз шавад ва гардиши дохилии маълумотро таъмин намояд.
Марказҳои Додаҳо ҷузъи муҳимми инфрасохтори миллӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо имкони нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотро дар дохили кишвар таъмин мекунанд. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ (TIA-942, Uptime Institute), марказҳои Додаҳо ба дараҷаҳои Tier I – Tier IV тақсим мешаванд, ки ҳар кадом сатҳи боэътимодии гуногун доранд. Истифодаи марказҳои Додаҳои миллӣ афзалиятҳои зеринро фароҳам меорад:
- Ҳифзи маълумоти давлатӣ ва шахсӣ;
- Коҳиши вобастагӣ аз системаҳои хориҷӣ;
- Афзоиши эътимоди истифодабарандагон ба хидматрасониҳои рақамии миллӣ.
Барои баҳодиҳӣ ба сатҳи инкишофи инфрасохтори миллӣ метавон амсилаи индекси комплексиро истифода бурд. Масалан: INF=αI+βD+γC, ки дар он:
- INF – сатҳи инфрасохтори миллӣ;
- I – нишондиҳандаи рушди интернет;
- D – иқтидор ва боэътимодии марказҳои Додаҳо;
- C – сатҳи рушду густариши зерсохторҳои иртиботӣ;
- α,β,γ – коэффитсиентҳои вазнӣ вобаста ба аҳаммияти ҳар як омил.
Бо истифода аз чунин усул, на танҳо ҳолати кунунии инфрасохтори миллӣ чен карда мешавад, балки имконияти рушди он низ равшан мегарданд.
Таҷрибаи Чин яке аз пуриқтидортарин намунаи таъмини истиқлоли иттилоотӣ ба шумор меравад. Ин кишвар аз солҳои 2000-ум то имрӯз як қатор қонунҳо, моделҳо ва инфрасохтори рақамиро таҳия кардааст, ки намунаи ҷаҳонӣ барои таҳқиқ аст. Ба таври махсус, сиёсати давлатӣ дар самти амнияти киберӣ, ҳифзи маълумот ва идоракунии платформаҳои рақамӣ бо рушди шабакаҳои миллӣ, махзани Додаҳои худӣ ва экосистемаҳои маҳаллии хидматрасониҳо (ҷустуҷӯ ва иртибот, шабакаҳои иҷтимоӣ, тиҷорати электронӣ ва пардохтҳои рақамӣ) ҳамоҳанг шуда, асоси устувории рақамиро фароҳам овард. Барои таҳияи стратегия ба назар гирифтани як қатор омилҳо муҳимманд.
Амсилаи инфрасохтори рақамии мустақил
Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз на танҳо воситаи интиқоли маълумот, балки неруи муҳаррики рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлат нақши муайянкунанда доранд. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ ва стратегияи миллии рушди рақамӣ баррасӣ гардад.
Ин меъёрҳо барои кишварҳое, ки мехоҳанд, сатҳи истиқлоли иттилоотиро баланд баранд, заминаи амалии «идоракунии боэътимоди иттилоот»-ро фароҳам меоранд.


Дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманди имрӯза қобилияти рушди системаҳои ҷусторию иртиботӣ бо сомонаҳо ба як маҳорати муҳим табдил ёфтааст.
Зарурати дигари калидӣ тақвият додани мундариҷаи ташаккулдиҳандаи афкори миллист, ки ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати дастрасӣ бояд дар сатҳи баланд қарор гирад. Истеҳсоли маводди таълимӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ ба забони давлатӣ, яъне, тоҷикӣ, на танҳо ҳувияти миллиро дар фазои рақамӣ ҳифз мекунад, балки ба саводнокии расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Зарур аст, ки инфрасохтори рақамии кишвар ба таври доимӣ такмил дода шавад ва барои ҳолатҳои фавқулода омода бошад.
Хулоса, қобилияти давлат барои идоракунии мустақилонаи инфрасохтор, хадамот ва ҷараёнҳои иттилоотӣ дар асоси қонунгузорӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ зарур мебошад. Зеро барои кишварҳои рӯ ба рушд соҳибихтиёрии рақамӣ ҳамчун рукни аслии сиёсат устувории иқтисод, рушди навоварӣ ва адолати иҷтимоиро таъмин мекунад. Расидан ба соҳибихтиёрии рақамӣ саъю кӯшиши зиёдро талаб мекунад ва хушбахтона, дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Тоҷикистон нахустин шуда истиқлоли иттилоотию иртиботии худро тариқи пойгоҳи Dodaho.tj таъмин намудааст.
