НАҚШИ ТАРБИЯИ ЭКОЛОГИЮ ЗЕБОИПАРАСТӢ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

Баҳром ШАРАФЗОДА,
муовини раиси шаҳри Роғун
Тавре таҳлилҳои муҳаққиқони соҳаи илмҳои педагогӣ собит кардааст, дар ташаккули тарбияи ватандӯстии хонандагон ва наврасону ҷавонон нақши тарбияи ахлоқию экологӣ ва махсусан, тарбияи зебоипарастӣ ҷойгоҳи намоёнро ишғол менамояд. Дар ҷомеаи муосир, ки бархурдҳои мафкуравию ахлоқӣ бештар рӯ ба рӯйи насли ҷавон меистад, таҳким бахшидани тарбияи экологию зебоипарастӣ ва бо ҳамин васила, дар вуҷуди хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти унсурҳои педагогӣ ҷой намудани арзишҳои баланди худшиносӣ саривақтӣ мебошад. Дар робита ба ин, аҳаммияти усулҳои тарбиявию таҷрибавӣ дар маърифати баланди инсонию омӯзгорӣ ҷойгоҳи хоса дорад ва ин масъала мафкураи солими донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ ва насли наврасу ҷавони кишварро ташаккул медиҳад.
Басо рамзист, ки дар ташаккули тарбия ва шаклҳои маърифати ҷомеа, хусусан, дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, дар миёни наврасону ҷавонон нақши шуури ҷамъиятӣ созгор мебошад. Аз ин ҷост, ки равандҳои педагогии таълим ва усулҳои таъсиррасонии тарбия нақши хусусиятҳои тарбияи зебоипарастӣ, ахлоқӣ ва тарбияи экологӣ ё ҳифзи муҳити табиатро дар инкишофи ақлии кӯдакон таъсиррасон арзёбӣ менамояд. Тавре аз хусусиятҳои ин масъала мебинем, муҳити атроф ва табиат барои инсон объекти донисташаванда ва бахусус, воситаи ҳаловатбахши эстетикӣ мебошад.
Воқеан, он ҳодисаи комилан эстетикӣ буда, ба инсони аз ҷиҳати зебоишиносӣ рушдёфта ҳаловати амиқи руҳӣ мебахшад. Албатта, донистани асрорҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ шарт аст. Бо ин зарурати тарбияи умумӣ, ҳатмии ибтидоӣ-экологӣ, ки дар он асоси маданияти экологии инсон гузошта мешавад, хело муҳим мебошад.
Агар ба асосҳои дарки тарбияи экологӣ назар намоем, фаҳмиши экологӣ ҳамчун қисмати таркибии муҳити ҷаҳонбинии илмии хонандагон дар раванди тарбияи экологӣ ташаккул меёбад. Он фаъолияти мақсаднок, системаноки педагогӣ, ки ба инкишофи маълумотнокии экологӣ ва тарбияи кӯдакон нигаронида шуда, ҷамъ шудани донишҳои экологӣ, ташаккули маҳорат ва малакаҳои фаъолият дар табиат, бедор кардани ҳисси баланди ахлоқию эстетикӣ, ҳосил намудани сифати ахлоқии баланди шахсият ва иродаи мустаҳкам дар адои корҳои ҳифзи табиатро ифода мекунад [1]. Яъне, аз ин бар меояд, ки ташаккули тарбияи экологӣ дар шуури кӯдакон, хусусан, хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз равандҳои педагогӣ, аз ҷумла, расонидани фаҳмишҳои дурусти табиатдӯстдорию зебоипарастӣ дар кӯдакону наврасон тавассути дарсҳо ва экскурсияҳо, дарсҳои тарбиявӣ, озмунҳои рассомӣ, инчунин, чорабиниҳо дар фазои табиат ба мақсад мувофиқ мебошад.
Аҳаммияти тарбияи экологии хонандагон ё худ самтҳои муосири ин раванд барои он муҳим аст, ки самти экологӣ маърифати сарчашмаҳо, дарки ҳис ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангии корҳои экологию маърифатӣ, нақши клубҳои экологӣ, марказҳои экологӣ, лагерҳои мавсимӣ, маълумоту донишҳо оид ба парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дигар марказҳои истироҳатиро фаро мегирад [2]. Тавре мебинем дар ташаккули тарбияи экологию ватанпарварии хонандагон ва таҳким бахшидани ин раванд нақши омӯзгор аввалиндараҷа аст. Дар робита ба ин, хулоса кардан мумкин аст, ки муҳаббат ба Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмард буда, барои ободу зебо гардонидани он бояд ҳар як фарди солимфикр талош намояд.
Гуфтан мумкин аст, ки меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ низ дар фазои зебои табиати Ватани азизамон-Тоҷикистон, метавонад толибилмонро ба дӯстдории табиат ва муҳофизати он ҷалб намояд. Ин албатта, дар ҳамбастагию алоқамандӣ бо унсурҳои хоси тарбияи экологӣ, ки аз ҷониби омӯзгорон дар асоси унсурҳои хоси тарбияи экологӣ, ки дар боло зикри он ифода ёфт, амалӣ гардонида мешавад.
Омили дигари ташаккул додани тарбияи ватанпарварию худшиносӣ дар замири хонандагону толибилмон ва наврасону ҷавонон ин тарбияи эстетикӣ аст. Тарбияи эстетикӣ маънои васеъ дорад, он тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад, фақат онро дарк карда тавонистан лозим аст. Моҳияти тарбияи эстетикӣ дар талабагон ташаккул додани қобилияти дарккунии зебоии арзанда ва дуруст фаҳмидани он дар санъат, ҳаёт, омӯзиши мафҳум, рағбат ва идеалҳои эстетикӣ баҳри инкишофи аломатҳои эҷодӣ ва истеъдод нисбат ба соҳаҳо мебошад. Дар ин замина гуфтан ба маврид аст, ки тарзи инкишофи санъати тасвирӣ, санъати мусиқӣ, кино ва театр, ахлоқи ҳамида ва зебогии атроф ба тарбияи зебоипарастии хонандагон дар зинаҳои гунонун таъсири муфид мегузорад.
Тавре муаллифони маводи “Нақши санъати тасвирӣ дар тарбияи ахлоқӣ-зебоипарастии наврасону ҷавонон” баён доштаанд: “Таҳким бахшидани маҳорату малакаи санъати тасвирӣ дар замири кӯдакону наврасон ва умуман сокинон василаест, ки ба рушди донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки муҳити атроф ба дигарон мусоидат мекунад” [3]. Аз ин рӯ, санъат ва фарҳанг ба тарбияи зебоипарастии на танҳо кӯдакон, балки наврасону ҷавонон низ таъсиррасон буда, бо дарки воқеии унсурҳои фарҳангӣ, ба монанди санъати мусиқӣ, тасвири ҳунармандӣ ба шуури фардию ҷамъиятии шаҳрвандон низ мусоидати фаъол менамояд.
Тарбияи эстетикӣ ва экологии наврасону ҷавонон дар ташаккули худшиносӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар илми фалсафа низ муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, худшиносӣ ин тамоюлест, ки дар заминаи он «ман»-и инсон вобастагиашро ба дониш ҳис менамояд ва назди худ саволеро мегузорад, ки «оё он ҳама маърифати дар таҷрибаи ман буда метавонад мустақил бошад?» Барои расидан ба зинаҳои худшиносӣ ё худогоҳӣ донишҳо дар бораи табиати иҳотакунандаи инсон ва барои худи ӯ лозим мебошад, ки ин раванд ба наврасону ҷавонон низ хос мебошад. Дар ин асно нақши шуури инсонӣ хеле бориз аст, яъне, вазифаи шуур дар ҳолати муқаррарӣ иборат аз муайян намудани муносибати инсон ба табиат аст.
Худшиносӣ дар раванди инкишофи фардияти инсон, ба ғайр аз омилҳои иҷтимоӣ, барқарорнамоии робита бо ҷамъи одамон, таҳкими маънавиёти инсон ва ҳарчи бештар вориди ҷомеа будан, боиси ташаккули зинаҳои худшиносӣ мегардад. Масъалаҳои зерин заминаҳое ҳастанд, ки барои расидан ба дараҷаи худшиносии миллӣ асос ҳисобида мешаванд: тарбияи оилавӣ, бедор намудани шавқу ҳаваси наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ, инчунин, тарбияи ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнативу ахлоқӣ, эстетикию экологӣ ва худбаҳодиҳӣ.
Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии наврасону ҷавонон, рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода мекунанд, ки дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва тадқиқотӣ такя намудан ба манфиати умум хоҳад буд.
Шакл ва усулҳои маърифат инҳоянд:
Мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо [4].
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Паёмашон (28.12.2023) бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар ва муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба сохторҳои марбутаи Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки “Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем”[5].
Ин гуфтаҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳа ва кулли шаҳрвандони кишварро водор менамояд, ки барои ҳифзи табиат, вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ, инчунин, ба кишвари сабз табдил додани ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон ва бо ҳамин васила, таҳким бахшидани тарбияи зебоипарастию ватанпарастии наврасону ҷавонон нақши муҳим гузоранд.
Хулоса, нақши тарбияи экологию зебоипарастӣ дар ташаккули худшиносии миллии наврасону ҷавонон дар шароити имрӯзаи ҷомеаи шаҳрвандиамон, бо мақсади ҳифзи асолати миллию ватандорӣ, ҷойгоҳи хосса дошта, он бо асосҳои муосири равандҳои педагогӣ дар вуҷуди кӯдакону наврасон ва ҷавонон таҳким дода мешавад.
Адабиёт:
1. Раҳимов Х., Нуров А., Педагогика. -Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2007. 194-195с.
2. Туронов С. Ш. Самтҳои муосири тарбияи экологӣ ва ватанпарварии хонандагон (мақолаи илмӣ). https://cuberleninka.ru.
3. Назиров А. И.,Турахонов С. А., Сайдамиров С. Д., Изатуллоева Х. И. Нақши санъати тасвирӣ дар тарбияи ахлоқӣ-зебоипарастии наврасону ҷавонон (мақолаи илмӣ). https://cuberleninka.ru.
4. Миралиев М. Тарбия ва маърифати экологии ҷавонон. Web.ttu.tj.
5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28.12.2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.