Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,

 рӯзноманигор, ВМКБ

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ибораву ҷумлаҳои «тарбия суст аст», «ахлоқ коста шудааст», «ҳурмат нест», «адаб кам шудааст» ва монанди инҳо аз зумраи гуфтори пайваставу маъмулии насли бузургтари ҷомеа шудаву ҳамагӣ ин ибораҳоро ба шаклу услуби худ ба забон меоранд. Мушкилоти асосӣ сари соҳибони ин «забонҳо» аст, ки пеш аз забонро «ба кор даровардан” бе мулоҳиза мегӯянд ва гоҳе гуфторашон оҳанги иттиҳом ва ситезаро мегирад. Ин раванд мисли аз канор истодану бидуни таҳлили воқеӣ эродҳо гирифтан аст, вале талотуми баҳрро оббоз медонад, оне мефаҳмад, ки дар миёни амвоҷи баҳри тарбият бо фарзанди мардум кор бурдаасту дилхун шудааст.
Ман, ки дар соҳаи маориф солҳо коркардааму бо нозукиҳои он каму беш ошноям, наметавонам ин мушкилоти ҷомеаро нодида бигирам. Аз ин рӯ, андешидам, ки бо коршиносе сари масъалаи тарбия суҳбате ороям, зеро «Илоҷи корро кӣ медонад?
Кордон!» гуфтаанд. Бо ин мулоҳиза бо мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳавобегим Сафарқулова суҳбат оростем, ки мавсуф таҷрибаи хубе дар ин самт дошта, беш аз 7 аст, сол бо хонандагону волидони онҳо кор мебарад.
Ҳавобегим Сафарқулова шаш сол дар мактаб омӯзгор будааст. Фарде, ки худ омӯзгор аст ва дар таълиму тарбияи фарзанди миллат талош менамояд, мавзуи тарбияро беҳтару хубтар мефаҳмад. Ба ин хотир, саволу ҷавобро канор гузоштем, ки аз қолаби мусоҳиба берун бароем, танҳо хулосаву бардоштҳои ин коршиносро сари масъалаи тарбия ин ҷо мекорем: Падару модар ва тарбияи фарзанд «Маъно ва ҳадафи асосии зиндагии оилавӣ – тарбияи фарзандон мебошад. Мактаби асосии тарбияи фарзандон – ин муносибати байниҳамдигарии шавҳару зан, падар ва модар аст».
В. Сухомлинский, нависандаи бачагонаи украинӣ Аслан, тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар аст, аммо омӯзгор ҳам аз ин кор набояд дар канор бошад, чун «садо аз ду даст» мегӯянд. Вале суоле, ки пайваста дар зеҳни мо чарх мезанад, ин аст, ки оё ҳамаи падару модар аз уҳдаи тарбияи фарзанд баромада метавонанд ё на?
Ҳавобегим Сафарқулова мегӯяд: «Таҷрибаҳои андухта маро ба хулосае овардааст, ки дар масъалаи тарбияи фарзанд падару модарро метавон ба чор ё панҷ гурӯҳ ҷудо намуд. Албатта, ба гурӯҳи аввал онҳое шомиланд, ки муносибаташон ба таълиму тарбияи фарзанд ҷиддист, онҳо дар хона бо фарзанди худ кор мебаранд, ба дарстайёркунии фарзанд ёрӣ мерасонанд, ҳар рӯз аз рафтори ӯ дар мактаб ҷӯё мешаванд, барои ба курсу машғулиятҳои иловагӣ фаро гирифтани фарзанди худ шароит муҳайё мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, бо меҳрубонӣ бо овардани мисолу таҷрибаҳои зиндагӣ, ҳаёти ибратбахши ашхоси номдор, водоштан ба мутолиаи китобҳои ҷолибу нодир, тамошои филмҳои ибратбахш фарзандро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ менамоянд.
Ба гурӯҳи дуюм волидоне шомиланд, ки ба тарбияи фарзанд вақт ҷудо намекунанд. Бо баҳонаи он ки аз кор омадаву хастаанд, худро аз фарзанд дур мегиранд ва намеандешанд, ки фарзандро ба ҳоли худ гузоштаанду фурсати тарбияи кӯдакро аз даст медиҳанд.
Гурӯҳи сеюм, он зумра волидонеанд, ки мутаассифона, тарбияи фарзандро кори ҷиддӣ намешуморанд ва бар ин назаранд, ки агар фарзандро хӯрондаву пӯшонда тавонанд, дигар вазифае надоранд.
Чорум гурӯҳ худ ба тарбия ниёзманданд. Яъне роҳу усулҳои дурусти тарбияи фарзандро намедонанд. Усулҳоеро ба кор мебаранд, ки баъзан ба ҷойи фоидаовар будан, ба фарзанди онҳо аз лиҳози равонӣ ва ҷисмонӣ зарар мерасонанд.
Онҳое, ки ба гурӯҳи панҷум шомиланд, чунин ақида доранд, ки барои фарзанди онҳо ҳама чиз мумкин аст. Масалан, падаре писарашро насиҳат мекунад, ки ҳеҷ гоҳ паст наё, як гап гӯянд, дуто ҷавоб гардон, аз худ калонро зӯрат нарасад, бо санг зан. Ин тафаккури кӯчагист, ки қисмате аз волидон, мутаассифона, онро тарбияи дуруст меҳисобанд».
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони муосир яке аз рухдодҳои демографӣ буда, дар саросари ҷаҳон наздик ба як миллиард инсон барои зиндагии беҳтар аз як кишвар ба кишвари дигар сафар мекунанд. Падару модари бисёр толибилмон дар муҳоҷиратанд, фарзандон бошанд, дар тарбияи бобову бибӣ, аммаву хола, тағову амак ё дигар хешу наздикон мемонанд. Дар ин ҳолат, парастор ба тарбияи онҳо таваҷҷуҳи лозимиро равона намекунад.
Ҳавобегим аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, ки дар чунин мавридҳо, қисмате аз фарзандон ба гапи бобову бибӣ ва ё дигар парасторон гӯш намекунанд, ба дарс аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд ва бо хости худ зиндагӣ мекунанд. Ин роҳ кӯрроҳаест, ки сарнавишти инсонро ба нокуҷо ва ё ба кӯчаи ҷаҳл мебарад.
                              Фазои маҷозӣ: аз тарбия то мағзшӯйӣ
Ҷаҳони муосирро бидуни технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан душвор аст. Васоити ахбор, технологияи муосир дар ҳаёти ҳамзамонон мавқеи муҳим дорад ва аз ин рӯ, хоҳем ё на, ба таълиму тарбия таъсиргузор аст ва то андозае нақши муассир дорад. Бахусус, телефонҳои ҳушманд миёни хонандагону кӯдакон яке аз василаҳои асосии вақтгузаронӣ ва машғулият маҳсуб мешаванд. Тоифае аз волидон аз ғояти «меҳрубонӣ» ва ё халал нарасонидан, телефонро ба дасти тифлони дусолаву сесола ҳам медиҳанд. Барои ҳамин, кӯдаконе низ ҳастанд, ки ба телефон одат карда, агар онро аз дасташон гиранд, гӯё дунё барояшон анҷом ёфт…
Дар баробари ин, тамошои филмҳои моҷароҷӯёна, зӯроварию куштор, фаҳшу бадахлоқӣ ва машғул шудан бо бозиҳои гуногуни компютерӣ хеле зиёд шуда, оқибатҳои ногувори худро дар пай дорад. Дар зеҳни наврасон “қаҳрамон”ҳои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ фаротар аз қаҳрамонҳои осори бадеӣ мешаванд. Ин ҳама васила мегарданд, ки фарзандони мо аз самти дуруст ба роҳи носолими зиндагӣ гом бардоранд. Яъне, занозанию гурӯҳбозӣ ва ё кордкашӣ миёни ҷавонону хонандагон метавонад мисоли равшани рӯз бошад.
Тавре медонем, аксари ин барномаву филмҳо барои мағзшӯйии мардуми сайёра ташкил шудаанд, то мардум аз арзишҳои аслии инсонӣ, суннату фарҳангу адабу ахлоқ дур шаванд ва ин “қоидаи гургона” – ро қабул намоянд. Чун мардум аз арзишҳои инсонӣ, фарҳанги миллӣ, ахлоқи ҳамида дур шавад, ҳайсияти миллӣ ва шарофати инсонияш маҳв гардида, ин тоифаро ба шакли худ ва лозима идора кардан хеле осон мешавад.
Аз ин рӯ, тарбияи фарзанд дар қиёс бо солҳои пешин хеле душвор шуда, масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Дар ин роҳ, барои тарбияи солими фарзанд, ки дорои заковати илмӣ, тафаккури миллӣ ва ахлоқи ҳамида бошад, волидон, мактаб ва ҷомеаро зарур аст, ки дар ин раванд фаъолияти ҳамоҳанг дошта бошанд.
Вақти он расидааст, ки аз тамоми чораҳо истифода карда, ҳам худ ва ҳам фарзандони худро, ки ояндаи Ватану миллат мебошанд, дар фазои осудаи кишвари маҳбубамон тарбияи дуруст намоем. Чуноне ки Андре Моруа, нависандаи фаронсавӣ гуфтааст: «Тавре рафтор кунед, ки фарзандон ба қадри лозима шуморо эҳтиром намоянд. Он фазилатҳоеро бар дӯшашон нагузоред, ки худ надоред».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *