Фирӯза Назриева,
ходими шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

 

Олими машҳури соҳаи педагогика В. Сухомлинский доир ба тарбияи фарзанд дуруст гуфтааст, ки “Туҳфаи инсон фарзанд аст ва он ба мисли як навдаи хурдест, ки базӯр аз замин баромадааст ва диққати зиёдро талаб мекунад. Бояд онро қадр кунем, ғамхорӣ зоҳир намоем, то ӯ калон шавад ва меваи фаровон диҳад”.
Дар воқеъ, инсон амсоли рустанист, ки ниёз ба тарбият, муҳаббат ва ғамхорию меҳрубонӣ дорад. Оила, ки асоситарин соҳиби тифл мебошад, ҳамчун анъана муассисаи асосии тарбия ҳисобида мешавад. Кӯдак дар тӯли умри худ арзишҳоеро, ки дар оила ба даст меорад, нигоҳ медорад. Он дар ташаккули ҳар як кӯдак, аз ҷумла, кӯдаки боистеъдод нақши муҳим мебозад, зеро дар аввал кӯдак аз ҷониби волидон баҳои субъективӣ ва объективӣ мегирад. Яъне, оила ду ҷузъи як кул ҳастанд, ки дар асоси ба ҳам омадани зиндагӣ моҳияту маънӣ пайдо мекунад, яъне, оилаҳо пайдо шуда, фарзандон ба дунё меоянд. Ба дунё овардани насл вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон мебошад ва насли инсонӣ на фақат ба падару модар ё оилаи ӯ марбут аст, балки он ҷузъи ҷомеаи устувор, идомадиҳандаи анъанаҳо, расму оинҳост. Пас, одами солим — оилаи солим, оилаи солим — ҷамъияти солим, ҷамъияти солим — давлати солимро пойдевор аст. Мутаассифона, баъзе аз оилаҳо бо никоҳҳои номашруъ ва хешутаборӣ муҳимтарин самари зиндагии худ – фарзандонро носолим месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин нуктаро дар Паёмҳои ҳарсолаашон таъкид месозанд, ки аз никоҳи хешутаборӣ аксаран кӯдаконе ба дунё меоянд, ки бемориҳои ирсӣ ва модарзодӣ ё ягон нуқсони ҷисмонию руҳӣ доранд.
Сарвари давлат дар соли 2015 зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ низ гуфта буданд, ки “Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад”. Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон ҳар сол 15-уми май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.
Аз ҷониби Сарвари давлат “Соли оила” эълон шудани соли 2015 бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди ҷомеаи кунунӣ бевосита бо тарбияи оилавӣ ва маърифатнокии волидон алоқамандии зич дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми муассисаҳои таълимӣ дар самти рушди неруи инсонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, лекин тарбия ва ба воя расондани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи масъули волидайн дар назди ҷамъият мебошад. Ин вазифа дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ба таври возеҳ таъкид шудааст.
Барои ба воя расонидани фарзанд ба волидон лозим меояд, ки заҳмати зиёд кашанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “оила мактаби аввалин дар тарбияи фарзанд мебошад”. Тарбия ва таълим бо ҳам алоқамандии зич доранд. Инсони боодоб ва хушахлоқ ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯйи илму маърифат аст. Бинобар ин, волидонро мебояд, ки аввал сутуни тарбияро мустаҳкам намуда, сипас, ба меъмории иморати таълим бипардозанд.
Муҳим он аст, ки кӯшишҳои зеҳнии кӯдак, неруи маърифатии ӯ бо муносибати хайрхоҳона, дастгирии калонсолон на танҳо дар мактаб, балки дар хона низ рӯ ба рӯ мешаванд. Оилаи кӯдаки боистеъдод ё қобилиятнок дар ҳама ҳолатҳо бо рушди шахсият ва қобилияти ӯ бевосита алоқаманд аст.
Ҳарчанд мо вазни омилҳои табиӣ ва ё таъсири таълиму тарбияи мақсаднокро дар ташаккули шахсият ва қобилияти кӯдак баррасӣ мекунем, вале дар ҳама ҳолат аҳаммияти оила ҳалкунанда боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, оила ташаккулдиҳандаи қобилияту истеъдоди инсонӣ, забон, тафаккур, ирода, шавқу ҳавас, урфу одат ва ғайра, ба ҳисоб меравад. Махсусан, ақидаи падару модарон ба рафтору кирдори кӯдакон таъсири бузург мерасонад ва минбаъд тарбиятгарон онро идома медиҳанд.
Оила мактаби аввалин ва асоситарини тарбияи фарзанд мебошад ва агар дар ин зина ягон каҷравие ба вуҷуд ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимони мактаб ҳам кори басо душвор хоҳад шуд. Фарзанд барои ҳар шахс азиз аст, вале одобаш аз он ҳам азизтар аст.
Кӯдак рафтору кирдори атрофиёнро назорат карда, ба худ рафтори муайянро интихоб мекунад, ки барои рушд ва камолоти минбаъдаи ӯ заминаи устувори ахлоқ ва таҳкурсии илму дониш мегардад. Барои рушди маҳорату қобилияти донишомӯзии кӯдакон омилҳои зиёд таъсир мерасонанд. Аксаран муҳити солими оилавӣ имкон медиҳад, ки малакаву маҳоратҳои ҳаётомӯзӣ ва донишомӯзӣ рушд ёбанд. Дар оилаҳои эҷодкор кӯдакон ҳанӯз аз синни томактабӣ аз қобилияту маҳорати модарзодии худ дарак медиҳанд.
Дар қалби фарзанди кӯчак бедор кардани ҳисси эҳтиром ба илму маърифат, пеш аз ҳама, аз волидон вобаста аст. Масалан: аз бузургони миллати мо панде ба мерос мондааст, ки «Агар давлату сарватро сарф намоӣ кам мешавад ва агар илмро сарф намоӣ зам мешавад». Қисме аз падару модарони арҷманд баробари таваллуд гаштани тифл худро ба хӯронидану пӯшонидани ӯ масъул дониста, ба таълиму тарбия додани онҳо кам таваҷҷуҳ менамоянд. Бинобар ин, падару модар дар тарбияи фарзанд бояд саҳм гузошта, аз рӯзҳои аввал барои ба воя расидани инсони сазовори ҷомеа кӯшиш кунад. Падару модарон, ки оиларо ташкил мекунанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои таълиму тарбияи фарзанди худ ҳеҷ чизро дареғ надоранд.
Малакаҳои донишу таҳсил худ аз худ пайдо намегардад ва ин ҷо сараввал назорати доимии падару модарон зарур аст. Дар фарзанд тарбия намудани тартибу низом барои падидаҳои ахлоқӣ низ муҳим мебошанд.
Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки фарзандони хешро аз хурдсолӣ ба китобхонӣ ҷалб намоянд. Дилбастагӣ ба китоб онҳоро то баландтарин қуллаҳои илм мерасонад. Падару модарон бояд, ки дар вақтҳои холӣ фарзандони худро ба муассисаҳои фарҳангӣ баранд, инчунин, ҳамроҳ китоб хонанд. Лаҳзаҳои ҷолибу пандомӯзро ба фарзандонашон нақл кунанд.
Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расонидаанд. Падару модаре, ки аз фарҳанги тарбия бархӯрдоранд ва аз равишҳои хос баҳраманд, фарзандони худро хубтар тарбия медиҳанд.
Бинобар ин, насли ояндаи мо бояд аз хурдӣ аҳаммият ва зарурияти хонаводаро дар зиндагӣ дарк намояд, дар ҳамин синну сол дар қалби поку беғубори онҳо муносибатҳои гуманистӣ, шафқату меҳрубонӣ, қатъияту талаботи ягона парварида шавад. Фарзандони мо ҳанӯз дар хурдсолӣ барои худ намунаи ибрат интихоб мекунанд, барои духтарон бештар модар ва барои писарон падар намунаи беҳтарини ибрат дар тарбия мебошад.
Аз ин рӯ, падару модар вазифадор аст, ки ҳиссиёти мусбати кӯдакро нисбат ба ҷаҳон ва ҷаҳониён ташаккул диҳад. Рафтору гуфтори волидон ин намунаи ибрати ҳар як фарзанд аст. Мо набояд фаромӯш созем, ки оила ин макони асосии ташаккули салоҳият ва шахсияти кӯдакон аст ва онро ҳеҷ кас иваз карда наметавонад. Ташаккули шахсияти кӯдак аз муҳаббати бепоёни падару модар оғоз мегардад.
Падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандони худ ҷой дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандориву хештаншиносӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд ватани азизамонро дар дигар давлатҳо дилпурона ҳамчун кишвари ободу осуда муаррифӣ намоянд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.
Барои инкишоф додани қобилияти эҷодкории кӯдак волидонро мебояд, ки шавқу рағбати кӯдаконро ба эҷодкорӣ бедор созанд. Тарбияи меҳнатии кӯдакон низ яке аз масъалаҳои муҳими педагогикаи томактабӣ мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳам таъкид шудааст, ки вазифаи волидон, муассисаҳои таҳсилотӣ аз хурдсолӣ тайёр кардани кӯдакон ба меҳнат ва ҳаёти иҷтимоӣ мебошад.
Шароити имрӯза масъулияти падару модаронро дар тарбияи насли наврас дучанд менамояд ва вазъият тақозо мекунад, ки волидон ба тарбияи ахлоқии кӯдакон аз ҳарвақта дида, бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид шудааст, ки «Падару модарон донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбари муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд».
Дар сурати фароҳам шудани ҳамкорӣ байни волидон, омӯзгорон ва роҳбари синф шахсияти тифл такомул пайдо намуда, тафаккури он аз падидаҳои носолим эмин мемонад. Чӣ хеле ки волидон нисбат ба мактаб муомила намоянд, фарзанд низ ҳамон тавр муносибатро раво мебинад. Ба комёбӣ ноил гардидани кӯдак дар мактаб аз кӯшиши волидон вобаста аст. Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, онҳо бояд робитаи худро бо мактаб бештар намоянд ва дар дарсҳо фаъолона иштирок намоянд, то аз рафтору кирдори фарзандони худ огоҳ шаванд. Оила барои кӯдак ҳам сарчашмаи малакаҳои меҳнатӣ ва ҳам ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, зеро насли ояндасози ҷомеаро падару модар мепарварад. Вазифаи волидон фақат ба дунё овардани фарзанд нест, балки вазифаи асосии онҳо тарбия намудан ва чун инсони бомаърифат ба воя расонидани тифл мебошад.

Адабиёт:
1. Лутфуллозода М. Чаҳоргонаи тарбия. Душанбе, 2022. — 400 с.
2. Котибова Ш. Рушди тафаккури эҷодии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ. Д: 2004.
3. Лутфуллозода М. «Тоҷикон» ва тарбияи ватандӯстӣ. Душанбе, 2022. – 87 с.
4. Лутфуллозода М. Қуръон ва тарбия. Душанбе. 2021. -199 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *