Тоҳирхоҷаи ХОҶАЗОД,
рӯзноманигор

Ба истиқболи 90-солагии академик Бобо Сангинов

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни аслии пойдории миллати тоҷик дар ҳар як соҳаи ҳаёти кишвар, махсусан, дар самти илмҳои бунёдӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати кишвар илмро яке аз омилҳои асосии рушд ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони илмӣ ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” намунаи волои ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин нигошта зиндагиномаи яке аз шахсиятҳои донишвар, олими пухтакор ва селексионери барҷастаи кишварамон, академик Бобо Сангинов ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонону наврасон ва маводи иловагиву кумакрасон барои омӯзгорони ҷавон манзур карда мешавад.
Исми шарифи академик Бобо Сангиновро на танҳо олимони соҳаи кишоварзӣ ва ё устодони ин равия, балки ҳар як зиёии ҷумҳурӣ ва берун аз он ба хубӣ медонанд. Меҳри замину илми кишоварзӣ Бобо Сангиновро ба даргоҳи пурнури кашфиёту ихтироъкорӣ овард ва дар ин бахш зиёда аз 50 соли умри бобаракати хешро сарф намуд.
Устод 1-уми июли соли 1935 дар деҳаи зебоманзари Рарзи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола ҳамчун мудири китобхонаи колхози «Шуълаи инқилоб» ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намудааст. Сипас, ба сифати сарагроном дар колхози «Москва»-и ноҳияи Муъминободи собиқ вилояти Кӯлоб корро оғоз мекунад. Ин хоҷагӣ яке аз пешқадамтарин хоҷагиҳои тухмипарвар дар ҳамон солҳо ба ҳисоб мерафт. Дар як муддати кӯтоҳ бо хислатҳои беҳтарини инсонӣ ва меҳнатдӯстию хоксориаш дар байни аҳли деҳот маҳбубият пайдо мекунад ва бо роҳхати ин хоҷагӣ барои идомаи таҳсил ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омада, донишҷӯи факултаи агрономӣ мешавад.
Панҷ соли таҳсил, панҷ соли бедорхобию донишомӯзӣ ноаён паси сар гардиду Бобо Сангинов дар стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Вахш ҳамчун ходими хурди илмӣ дар шуъбаи селексия ва тухмипарварии олими барҷаста, слексионери шинохта, академик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ В. Красичков ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ оғоз мекунад.
Барои Тоҷикистон, ки ҷумҳурии пахтакорӣ буд ва асоси иқтисодиёти хоҷагии халқро пахта ташкил медод, ин самтро Бобо Сангинов роҳи минбаъдаи фаъолияти илмию тадқиқотии хеш қарор медиҳад. Аз қадамҳои аввалини ҷустуҷӯйҳои илмӣ вай худро донандаи хуби соҳаи илми кишоварзӣ нишон дод. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи кишоварзӣ фикру андешаҳои назариявӣ ва хулосаҳои илмии муҳаққиқи ҷавонро хуш истиқбол намуда, баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо имкон фароҳам меоварданд.
Аз ибтидои соли 1958 Б. Сангинов фаъолияти худро ба кори илмию тадқиқотии селексияи пахтакорӣ пайваста, дар ин самт ба комёбиҳои зиёд ноил мешавад. Рағбати илмомӯзӣ ӯро ба аспирантура бурд ва рисолаи номзадиро ҳимоя карда, ҳамчун давомдиҳандаи мактаби илмии академик В.П. Красичков муаррифӣ гардид.
Бобо Сангинов корро аз ходими калони илмӣ оғоз карда, то ба дараҷаи олими намоён академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИКТ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Русия, муовини мудири шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахта, директори стансияи таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Вахш, ноиби президент, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон расидааст.
Дар натиҷаи фаъолияти чандсола ӯ тавонист, навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалӣ тобовар ва дорои сифати баланди пахтаро, ба монанди 5595-В,6465-В,6249-В,8386-В,8375-В ва ғайра, ихтироъ намояд. Бар натиҷаи заҳматҳои чандинсола вай навъҳои беҳамтои пахтаи маҳиннах ва миёнанахро кафш намуд. Пешниҳодҳои илмии олим дар тамоми муассисаҳои селексионии пахтакории дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз низ мутахассисон бо дарназардошти онҳо фаъолият доранд.
Дар натиҷаи тадқиқотҳои худ Б. Сангинов зиёда аз 200 асари илмӣ навишта, муаллифи 19 кашфиёту ихтироъкорӣ мебошад, ки барои эҷоди навъҳои нави мавзуӣ соҳиби шаҳодатномаҳои муаллифӣ гардидааст.
Номбурда бо ҳамкории кормандони Институти илмӣ-тадқиқотии растанишиносии ба номи И. Вавилови шаҳри Санкт-Петербург «Феҳристи маҷмуи (коллексия) пахтаи маҳиннахи ҷаҳон»-ро тартиб додааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Ҳиндустон оид ба ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна асари илмӣ ба чоп расонид.
Устод на танҳо олими селексионер, балки ҳамчун ташаббускори варзидаи тадқиқотҳои илмӣ маъруф мебошад. Дар муддати 25 сол ӯ дар вазифаи директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Вахш фаъолият намуд. Дар он ҷо як зумра мутахассисон ва олимони ҷавон тадқиқотҳои зиёди илмӣ кардаанд, ки бисёре аз онҳоро Бобо Сангинов роҳбарӣ мекард.
Дар солҳои 1994-2005 Бобо Сангинов ҳамчун Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ривоҷу равнақи илми кишоварзӣ саҳми худро гузоштааст. Дар ин давра Маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, Маркази илмӣ дар вилояти Суғд, пойгоҳҳои илмии соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Устод як одати хубе дошт. Дар утоқи кориаш дар баробари китобҳои зиёду дастхатҳои навнавишту ислоҳшуда, дар гӯшае мизи хурди пур аз хушкмева ва шириниҳо меистод. Баробари ворид шудани ҳар фард устод аз мизи кориашон хеста, чун мизбони меҳмондӯст ба он мизи шириниҳо наздик шуда, меҳмонро низ даъват ва меҳмондорӣ менамуд. Сипас, дар доираи матлаби меҳмон суҳбат меоростанду ҳар як корафтода бо як ҳисси қаноатмандӣ аз утоқи кории устод берун мешуд. Зеро ӯ ба ҳар як корафтода коромӯзу ба ҳар як дилсӯхта дилсӯз буд. Дар баробари он ки ҳақиқат талх аст, устод ҳақгӯй буданд. Аз суҳбати ин олими асил, кашшофи илм ва марди ҳунару тадбир ҳазорҳо инсон баҳра бурда, дар зиндагӣ ва илм пайроҳаи хешро ёфтаанд.
Боре мисоли наҷибе овард: Шумо оё тасаввур кардаед, ки ҷорӣ шудани обҳои чашмаву рӯдҳои кӯҳистон дар хамгашти дараҳои касногузари серсанг ва тангбар ҳар бинандаро ба андеша водор менамояд? Одам дар зиндагӣ барои худ ҳамин тавр роҳ мекушояд. Агар чашмаву ҷӯйчаҳои пуроб аз бағали кӯҳҳои пурбарф ибтидо гирад ва дар водиҳо дарёи пуршӯру навое, мисли Вахшу Варзоб ба вуҷуд оварад, шахс низ ҳамин сон бузург мегардад. Аввал ҷамъияти хурд, маҳфили кучак ва ҳамсабақон шуморо мешиносанд ва ба кору шуғли манфиатбахши шумо мароқ зоҳир мекунанд, сипас, атрофиён, ҳамкасбони дуру наздик ва бегонагон низ шуморо шинохтан мехоҳанд. Ана, аз ҳамин сабаб мегӯянд, ки «гар ба дарё нарасӣ, қатраӣ ту, танҳоӣ».
Шахсиятҳои поксиришт дар роҳи зиндагӣ бо василаҳои мухталиф аз худ номи нек ба ёдгор мегузоранд. Яке кишоварзу ваҳшу тайрро роҳатрасон аст; дигаре ташаббускор, ободгар ё бунёдгузори иншооти азиме; севум умри худро сарфи омӯзишу таҳқиқ, парвариши насли наврас месозад, ки «Аз ӯ сарсабзу хуррам рӯзгор аст».
Мо шоҳиди онем, ки маҳз бо шарофати омӯзиши пайваста Бобо Сангинов борҳо илми Тоҷикистонро дар хориҷ муаррифӣ кардааст. Вай дар Ҳиндустон, Миср, Шветсия, Амрико, Венесуела, ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ ва бисёр кишварҳои дигар бо гузоришҳои илмӣ баромад карда, дастовардҳои илми Тоҷикистонро пешкаши ҷаҳониён гардонидааст.
Ба андеша меравам, ки устод тавонист, дар умри бобаракати хеш садҳо ҷавонро ба амали шоиста, омӯзишу парвариш ва ба росткорию ободӣ ҳидоят намояд. Ба қавли шоир:

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

Олими варзида Б. Сангинов дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат дошт. Ӯ барои хидматҳои самараноки илмиаш ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва унвони «Агрономи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарафёб гардидааст. Мавсуф, инчунин, бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи СССР сарфароз гардонида шудааст. Олими намоёни тоҷик соли 2004 дар қатори шаш нафар олим, ходимони ҷамъиятии давлатҳои иштирокчии ЭКО ба мукофоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) шарафманд гардид.

Академик Б. Сангинов то охири умри бобаракати худ дар роҳи тараққиёти соҳаи кишоварзӣ хидмат кард. Ихтирооту нигоштаҳояш барои муҳаққиқон сарчашмаи хуби омӯзиш мебошанд. Имрӯз ходимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ӯро ҳамчун донишманди варзида, олими намоёну ташкилотчии соҳаи кишоварзӣ, шахси фурутан, меҳнатдӯсту ҳақиқатпарвар ва устоди моҳир ба некӣ ёд мекунанд.
Барои зинда нигоҳ доштани хотираи неки академик Бобо Сангинов мактаби №3-и зодгоҳаш ба номаш гузошта шудаву дар саҳни ин дабистон нимпайкараи ӯ қомат афрохтааст. Хушбахтона, камина дар зиндагӣ аз суҳбатҳои илмию маънавии ин марди шариф ва олими селексияи тоҷик баҳра бардоштаам.
Аҳли хирад оламиёнро борҳо таъкид намудаанд, ки мурод аз зиндагӣ нек будану накукорӣ кардан, ба мардум нафъ расонидан ва аз хеш осоре гузоштан аст. Академик Бобо Сангинов низ дар зиндагӣ ҳамвора ба он мекӯшид, ки зиндагии хешро бардавом бикунад. Ва ин ҳам ба устод муяссар шуд: дар дидаҳо буд, акнун ба дилҳо рафта ва чун ифтихори илми кишоварзии тоҷикон ёдоварӣ мешавад.

Чунон бояд тариқи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани хеш зинда монӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *