Умеда ХОЛИҚОВА, 

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №29, 

шаҳри Конибодом

Таърих, ҳамчун илм бо ҳама вежагиҳои худ: пастию баландӣ, хубию бадӣ, равшанию сиёҳӣ, ҷангу хушунат ва ё шодию сурураш хотироти замонро зинда нигоҳ медорад. Маҳз таърих аст, ки мо шахсиятҳои даврони гузаштаро мешиносем, сабақҳои пешиниёнро меомӯзем ва барои имрӯзу ояндаи худ дарси ибрат мегирем.
Ҳар давру замони таърихӣ хусусиятҳои худро дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳову халқҳо, ҳокимону қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд. Миллати тоҷик императориҳову давлатҳои абарқудрати Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Сомониён ва ё давлатҳои мустақили Тахористон, Суғд, Ғуриёну Тоҷикистони Шӯравӣ, давлатҳои хурду тобеи Тоҳириён, Саффориён, Куртҳо, Сарбадорон ва ғайраро доштанд. Халқи тоҷик, инчунин, шоҳони оламшумуле чун Анӯшервони одил, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ; қаҳрамонҳои беҳамто: Рустам, Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ғайраҳоро соҳиб будаву ҳамоно дар партави илми таърих ин шахсиятҳо ба таври алоҳида омӯхта мешаванд.
Муҳиммияти омӯзиши таърихро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон (26-уми январи соли 2021) барҳақ таъкид намудаанд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад. Мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузошта, таърихи гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад».
Таъкид бояд кард, ки бо дастури Сарвари давлат барои тақвияти донишҳои таърихии насли ҷавон дар самти ҳифзи арзишҳои миллату омӯзиши давлатдорӣ шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ройгон ба ҳар як хонавода тақдим гардид, то «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро донем, ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориётабор будани худ ифтихор кунем».
Имрӯз ҳар хонадон аз ин китоби пурарзиш баҳраманд мебошаду кӣ будани гузаштагони худро мешиносанд ва аз хизмату заҳмати фарзандони ин сарзамин барои густариши фарҳанги инсонӣ воқиф мегарданд.
Омӯхтани ҳодисаҳову саҳифаҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои намоёни адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани худро эҳсос намуда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои чунин шахсонро аз нав зинда гардонем ва ба насли оянда бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.
Дар бораи саҳми тоҷикон дар пешрафти илм ва фарҳанг то имрӯз асарҳои илмиву адабӣ ва бадеии зиёд офарида шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор» ва «Уфуқҳои истиқлол»-ро қайд кардан бамаврид аст, зеро дар ин асарҳо маълумоти амиқу пурмуҳтаво, масъалаҳои муҳими таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносиву ҷуғрофӣ, забоншиносию ҳунарӣ ва дигар арзишҳои миллӣ таҷассум шуда, асоснокии дақиқи илмӣ доранд.
Пешвои миллат дар асари «Уфуқҳои истиқлол» доир ба ҳифзи давлатдории миллӣ, ки яке аз асоситарин аркони ҳифзи миллат маҳсуб мешавад, таъкид намудаанд, ки «муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад… Бе ягон шакку шубҳа, наҷоти давлатдории миллӣ масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад». Ин ишораи Сарвари давлат далолат бар он мекунад, ки ҷомеаи мо моҳияти давлатдории миллиро дарк намуда, зиндагию рӯзгори худро дар меҳвари ҳифзи асолати таърихию давлатӣ тасаввур намоянд.
Таърих чун оина равшан намудааст, ки тоҷикон халқи ориёнажод буда, сокинони қадимию аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Бинобар ин, таърихи онҳо бо таърихи мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ дорад. Бисёр паҳлуҳои гуногуни ин таърих то ҳол омӯхта нашудааст. Ин миллати ҷонсахт ҳарчанд борҳову борҳо ҷабри таърих кашидаву ҳуҷумҳои ғосибонаро таҳаммул кардааст, вале дар ҳеҷ давру замон барои забту тороҷи дигарон шамшер накашидааст. Корномаҳои фарзандони ин марзи муқаддас борҳо ба ҳукми беадолатии таърих зери хокистари ҷаҳолат монд, аммо нопадид нагашт, чун шоҳини дурпарвоз боз бол кушоду нашъунамо ёфт. Миллати мо дар ҳама давру замон фазлу хирад, донишомӯзӣ, асолат ва зиндагии покро пеша карда, чун кӯҳсоронаш асоратнописанд аст ва мисли арча дар дили санг реша давонда, умри ҷовидон ёфтааст. Дар инбора устоди бузург Лоиқ Шералӣ гуфтааст: Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне, Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина.
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст, Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих, Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб, Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.
Дар воқеъ, таърихи давлатдории тоҷикон гувоҳи барҳақ аст, ки дар гузашта ҳеҷ давлате мисли давлати Сомониён ба халқи худ хизмати арзанда накардааст. Намояндаи барҷастаи сулолаи Сомониён – Исмоили Сомонӣ баъди истилои арабҳо давлати муқтадиру мутамарказ бунёд намуд. Ин давлат дар муддати як асри мавҷудияти худ рисолати таърихиашро иҷро кард. Бе шубҳа сухани таърихии «То ман зинда бошам, девори Бухоро ман бошам»и Шоҳ Исмоили Сомонӣ аз иқтидору қудрати бемисли давлатдории ин шоҳи ҷасуру мардумнавоз гувоҳӣ медиҳад.
Исмоили Сомонӣ тавонист, ки давлати Сомониёнро аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳимоя намояд, давлати ҳақиқатан миллӣ созад, ба маънои томаш даврони тиллоии давлатдории тоҷикон гардад.
Бузургии Исмоли Сомонӣ дар он буд, ки ӯ ба муноқишаҳои кучак хотима дод, давлати мутамаркази тоҷиконро ташкил намуд, заминҳои бузурги Хуросону Мовароуннаҳрро зери ҳимояи худ гирифт ва ҳомии онҳо шуд. Ягонагии халқро ба вуҷуд оварда, ҳисси созандагӣ ва бунёдкориро эҳё намуд. Ҳамчунин, таърих, анъана ва расму оинҳои аҷдодиро пос дошта, илму фарҳанг, адабиёт ва ҳунарҳои мардумиро ривоҷ дод.
Сохти давлату давлатдории Сомониён мактаберо мемонд, ки аз он даҳҳо шоҳону амирон, ки баъдтар ба сари қудрат меомаданд, меомӯхтанд. Сохтор ва дастгоҳи давлату низоми давлатдорӣ, ки Исмоили Сомонӣ асос гузошта буд, таърихнигорон, адибон ва сайёҳони хориҷиро мафтун мекард.
Таърих ба воситаи сарчашмаҳои гуногун омӯхта мешавад ва маълум, ки аввалин сарчашма китобу рисолаҳо ва матбуоти даврӣ мебошад. Дигар аз манбаъҳои хеле ҷолибу таъсиргузор адабиёти бадеӣ маҳсуб меёбад.
Дар адабиёт навъи асарҳое ҳастанд, ки ҳикояи таърихӣ ва повести таърихӣ ном доранд.
Ин гуна асарҳо дар асоси ҳодисаву рӯйдодҳои таърихӣ ва ё дар бораи шахсиятҳои таърихӣ навишта мешаванд. Албатта дар онҳо ҷаҳонбинии нависанда, афкори бадеӣ ва коркарди адабӣ ҷой доранд, аммо мақсади асосиашонро далелҳои воқеӣ ташкил медиҳанд. Ин гуна таърихофарӣ бағоят муҳим, қобили қабул ва муассир мебошаду хонандаро тасхир мекунад.
Аз ҷумла, қисмати зиёди эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ такя бар ҳодисаҳову воқеаҳои таърихӣ доранд. Аз ҷумла, «Ёддоштҳо» асари таърихӣ буда, маълумоти фаровонро аз ҳаёти халқи тоҷик дар интиҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 фаро мегирад.
Иттилооту донишҳои бештареро ҳам метавон аз романҳои таърихӣ пайдо кард. Дар адабиёти тоҷик романҳои «Восеъ»-и Сотим Улугзода, «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил, «Ситорае дар тирашаб»-и Расул Ҳодизода машҳур мебошанд. Романи сегонаи адиби шинохта Ҷалол Икромӣ – «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» («Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун») низ аҳаммияти таърихии фаровон дорад. Ин асари сегона давраи хеле васеи ҳаёти халқи тоҷикро дар қадимтарин ва машҳуртарин шаҳри тоҷикон – Бухоро фаро мегираду пур аз воқеаҳои хотирмону пурихтилоф мебошад. Таҳлили бадеии рӯйдодҳои таърихӣ бозгӯи адабии онҳо дар тавсифи образҳо асоснок шудааст. Образи ҷолиби Дилоромканиз нишондиҳандаи зани устувор ва зираку боғурур аст. Ҳодисаҳои зиёдеро аз сар гузаронидаву обутоб ёфтааст ва ҳамеша барои ҳимояи шаъни инсонӣ мекӯшад. Ин чеҳра ҳамеша бечорагону гирифторони зулму асорати сарватмандону муфтхӯронро роҳнамоию ҳимоят мекунад.
Ҳаёти тоинқилобии халқи тоҷик, ғорату истисмори мардум аз ҷониби зимомдорон, фарорасии Инқилоби Октябр, ихтилофоти дохилӣ, аввалин комёбиҳои ҳаёти нав дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба таври васеъ тасвир ёфтааст.
Аз ин роман хонандагон оид ба як марҳилаи ҳаёти халқи тоҷик маълумоти фаровон дарёфта, барои такмили донишҳои зеҳнӣ ва эҳсосоти таърихии худ мусаллат мегарданд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат, омӯзиши корнамоиҳои қаҳрамонони он, тақвият бахшидан ба ҳисси худогоҳию ватандӯстӣ ва такмили донишҳои зеҳнии насли ҷавони Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115 — солагии академик, таърихшиноси бузург Бобоҷон Ғафуров қабул шудааст, ки имрӯзҳо дар саросари меҳани маҳбубамон гузаронида мешавад.
Ин асари безавол таҷассумгари ростини таърихи миллати тоҷик буда, аввалин маротиба соли 1947 ба шакли фишурда таҳти унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» нашр шуда, се маротибаи дигар: солҳои 1949, 1952, 1955 рӯи чоп омадааст. Китоби «Тоҷикон» соли 1972 бо забони русӣ дар шаҳри Москва нашр гардида, соли 1983 аввалин маротиба ба забони тоҷикӣ ба дасти хонандаи тоҷикзабон расид. «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст.
Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олими пурталош Бобоҷон Ғафуров аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар ҳақиқатан, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, барои рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Зеро дар ҷаҳони муосир миллате метавонад пирӯзу муваффақ бошад, ки гузаштаи худро меомӯзад ва имрӯзи худро бо огоҳии комил месозад.
Пас, насли наврасу ҷавони меҳани хуршедии моро лозим аст, ки асари пурарзишу мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро бо такрор мутолеа намуда, арзишҳои таърихӣ ва сабақҳои асилу раднашавандаи онро дар самти давлатдории миллӣ ва шинохти арзишҳои маънавии миллати тоҷик дарк намоянд. Зеро дар шароити муосир миллате метавонад аз арзишҳои давлатию миллии худ дифоъ намояд, ки бо донишҳои амиқи таърихӣ мусаллат бошад. Омӯзиши «Тоҷикон» бо фарогирии маълумоту сарчашмаҳои он моро дар самти дифоъ аз арзишҳои миллии давлатдориямон ба таври комил мусаллаҳу мусаллат мегардонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *