Ҳамза ДАВЛАТОВ, 

донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати 

Академияи идоракунии давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуруъ аз асри XX то инҷониб хавфу хатари набардҳои идеологӣ инсониятро ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ кардааст. Айни замон ҳамин омилҳои бесуботкунандаи ҷомеа зери таъсири таҳдидҳои идеологӣ пайдо мешаванд, аз ин рӯ, дар шароити муосир барои ҳамаи давлатҳо, махсусан, барои давлатҳои тозаистиқлол таъмини амнияти идеологӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор меравад. Махсусан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зери таъсири идеологияи тундгароӣ бо ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба рӯ гардид, таъмини амнияти идеологӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим дошта, кафили рушди минбаъдаи кишвар ба шумор меравад.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви собиқи Иттиҳоди Шуравӣ баъди пошхӯрии ин иттиҳод тадриҷан аз сохтори сотсиалистӣ ба сохтори демократӣ ворид гардид. То ин замон дар кишвар идеологияи коммунистӣ ҳукмрон буд ва дар ҳамин раванд идеологияи коммунистӣ мавқеи роҳбарикунадаи худро аз даст дода, идеологияи давлатдории миллӣ ҷойгузини он гардид. Ба ҳамаи ин тағйирот нигоҳ накарда, аҳолии мамлакат, махсусан, насли калонсол, ки солҳои тӯлонӣ зери таъсири идеологияи коммунистӣ фаъолият менамуданд, арзишҳои нави сохтори ҷамъиятиро ба қадри комил сарфаҳм намерафтанд. Маҳз дар чунин шароит бадхоҳони миллати тоҷик, гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва радикалистони исломӣ тавонистанд, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар руҳониён ва қисме аз шаҳрвандони эътиқодмандро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Фаъолони ин гуна ҳаракатҳои сиёсӣ ба осонӣ зери таъсир ва идораи субъектони хориҷӣ қарор гирифта буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки сохтори ҷамъияти теократӣ ташкил намоянд, аммо дар дохили мамлакат, аксари шаҳрвандон, бахусус, дар сатҳи роҳбарияти давлат ҷонибдори ғояҳои теократӣ набуданд. Чунин зиддиятҳо ва парокандагии идеологӣ боис гардид, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Ҳукумати мамалакат кӯшиш менамуд, ки дурнамои рушди кишвар дар асоси ғояҳои демократӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ муайян карда шавад.
Ҳар як идеология дар амалияи ҷамъиятӣ аввал ба таври институтсионалӣ пайдо мегардад. Арзишҳо ва меъёрҳои он дар Конститутсия, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва стратегияҳо ҷойгир карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҷамъиятӣ ин марҳаларо сипарӣ намуд ва мамлакат дар марҳалаи идеализатсия, яъне, дар раванди мафкурасозӣ қарор дорад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳалаи институтсионализатсияи сохтори ҷамъиятии ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ тақвият ёфт. Гуфтан мумкин аст, ки то соли 2010 раванди либерализатсияи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ то сатҳи зарурӣ анҷом ёфт, аммо аз нуқтаи назари таъмини амнияти идеологӣ ва дар самти бештар намудани ҷонибдорони арзишҳои сохтори нави ҷамъиятӣ дар ин давра мушкилоти навбатӣ пеш омад. Гарчанде ки масъалаи камранг гардидани арзишҳои идеологияи коммунистӣ бо иваз шудани наслҳо ба таври объективӣ ҳалли худро пайдо намуда бошад ҳам, мутаассифона, зери таъсири паҳншавии терроризми байналмилалӣ ташвиқу тарғиби ғояҳои идеологияи радикалистӣ доман паҳн намуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тарғиби ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ ба зеҳну шуури аҳолии мамлакат таъсири ҷиддӣ расонида, боиси ба сафи онҳо пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳ гардидаанд. Вақте ки ҷонибдорони идеологияи радикалистӣ бештар мешавад, хавфи аз давлати дунявӣ ба давлати теократӣ табдил ёфтани кишвар ба амал меояд. Имрӯзҳо мо мушоҳида карда истодаем, ки ҳукмрон гардидани идеологияи радикалистӣ дар ҳамсоякишварамон Афғонистон чӣ гуна мардуми ин кишварро паҳну парешон ва сарсону саргардон намудааст.
Дар шароити имрӯз таъсиррасонии идеологӣ ва ҷангҳои идеологӣ воситаи муҳимтарини муборизаҳои геополитикиро ташкил медиҳанд. Дар ин раванд ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ, таъсири манфӣ расонидан ба афкори ҷамъиятӣ ва тағйир додани ҷаҳонбинии онҳо, ҷалб намудану пайваст шудани ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ таҳдиду хатарҳое мебошанд, ки пеш аз ҳама, ба амнияти идеологии давлату миллат таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит ҳифзи фарҳанг, забон, анъанаҳо, хотираи таърихӣ, ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва сохтори институтсионалии давлат дар мадди аввал қарор мегиранд. Дар ин раванд, неруҳои сиёсӣ, бозингарони геополитикӣ ва ҳатто, ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба зеҳну тафаккури қишрҳои гуногуни ҷомеа, пеш аз ҳама, ҷавонон таъсири идеологӣ расонида, рафтори онҳоро дар доираи манфиатҳои худ тағйир медиҳанд. Айни замон равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тағйирпазирии тартиботи ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ таъсири таҳдиду хатарҳои идеологиро афзоиш дода истодаанд.
Ҳар як дастоварди инсоният дар баробари манфиат, инчунин, метавонад, таҳдиду хатарҳои навро ба вуҷуд орад. Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки сол то сол дар натиҷаи пешрафту тараққиёт миқёси таҳдидҳо васеъ гардида, дар баробари манфиат, зарару зиёни онҳо барои инсоният зиёд мегардад. Аз ҷумла, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, агар аз як ҷониб кори инсониятро осон намуда бошад, аз ҷониби дигар таҳдиду хатарҳои навро, аз қабили ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ, бештар гардидани тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ ва радикалистӣ, ташкил намудани инқилобҳои ранга, бетартибиҳои сиёсӣ, ҳуҷумҳои кибернетикӣ, кибертерроризм ва дигар таҳдиду хатарҳоро ба вуҷуд оварда истодаанд.
Дар шароити муосир, шабакаи иҷтмоии интернетӣ дастоварди навбатии инсоният дар баробари паҳлуҳои мусбати худ, инчунин, ба майдони васеи муборизаҳои идеологию иттилоотӣ табдил ёфтааст.
Неруҳои сиёсӣ, миллатгароён ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар шабакаи интернет ҳазорҳо сомонаҳои иттилоотӣ ташкил намуда, барои паҳн намудани ғояҳои идеологии худ онҳоро истифода мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза онҳо фаъолона ба тарғибу ташвиқи идеологияҳои худ машғул мебошанд. Имрӯзҳо идеологияҳое пайдо шудаву паҳн гардида истодаанд, ки ҳама гуна падидаҳои мусбатро инкор менамоянд, қоидаҳо ва меъёрҳои рафтори ҷамъиятиро намеписанданд.
Дар шароите, ки суръати интиқоли иттилоот ба маротиб зиёд мегардад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҷониби неруҳои гуногун кӯшиши бештар намудани таъсири худ ба амал меояд, нақши идеология дар таъмини амният меафзояд.
Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бештар гардидани корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт хавфу хатари навинро эҷод менамоянд, аз ин хотир, дар чунин шароит яке аз роҳҳои афзалиятноки муқовимат бо таҳдидҳои идеологӣ ҳифз намудани фазои иттилоотии кишвар мебошад. Дар ин самт омода намудани рӯзноманигорони касбӣ, аз ҷумла, рӯзноманигорони шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ, бештар намудани ҳузури мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шабакаи интернет, фаъол гардидани олимону муҳаққиқон ва зиёиён дар шабакаи интернет, ба талаботи давру замон, аз ҷумла бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани фаъолияти васоити ахбори оммаи ватанӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти идеологӣ ба шумор мераванд. Дар навбати аввал бояд фаъолияти шуъбаҳои робита бо ҷомеа беҳтар гардонида шуда, ҳузури доимии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ таъмин карда шавад. Масъалаи омода кардани кадрҳои соҳаи робита бо ҷомеа ва минбаъд аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо низ чораи муҳиму зарурӣ маҳсуб меёбад. Инчунин, сохта ва ба истифода додани шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ бо забони давлатӣ, бештар намудани сарчашмаҳои иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, пурраю пурғановат гардонидани фазои идеологии кишвар бо истифода аз имкониятҳои технологию коммуникатсионии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муҳим шуморида мешавад.
Дар шароити имрӯза бо назардошти дигаргуниҳои сиёсию геополитикӣ ба роҳ мондани фаъолияти идеологии ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ тақозои замон ҳаст. Ба таркиби дастгоҳи идеологии давлат чунин ниҳодҳо, ба мисли мактабҳои таҳсилоти олӣ, ниҳодҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва табъу нашр, ВАО, оила, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва субъектҳои дигар дохил мешаванд. Дастгоҳи идеологии давлат, ки таркиби мураккаби онро номбар кардем, арзишҳои сохтори ҷамъиятиро, ки дар Конститутсияи давлат ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷойгир кунонида шудаанд, бояд ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намояд ва аҳаммияти онҳоро барои рушди ояндаи миллату давлат ба аҳли ҷомеа шарҳ диҳад, то ки идеологияи ғайр фарогири он нагардад. Зеро рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъият аз амнияти идеологӣ вобастагии калон дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *