Ф. М. АБДУЛХОНОВ,
дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва
ҳуқуқи иқтисодии Академия идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқшиносӣ
Барои мо-тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуданд.
Аз ин ҷост, ки бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ҳар сол 22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардидааст, ки он метавонад, барои ҳарчи бештар машғул шудан ба таҳқиқу омӯзиши осори гаронбаҳои ин марди баруманди миллат сабаб гардад. То ба имрӯз аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳоти гуногуни илм, ҳаёту фаъолият ва осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтаву аҳаммияти осори ӯ дар такомули фарҳангу маънавиёт ва тамаддуни башарӣ муайян гардидааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки осори устод танҳо ба санъати бадеъ ва шеъру шоирӣ маҳдуд нагардида, инчунин, масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсиро низ фаро мегирад.
Шеъри устод Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ аҳли башарро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат мерасонад.
Аз ин рӯ, мо мавзуи афкори ахлоқию ҳуқуқӣ ва раванди давлатдорӣ, умуман, инъикоси суннати давлатдориро дар ашъори устод Рӯдакӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян менамоем, ки осори шоир дар баёни як ё ду мавзуъ маҳдуд нагардида, балки ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро низ дар бар гирифтаанд.
Омӯзиши ашъори устод Рӯдакӣ ифодагари он аст, ки ӯ натанҳо ҳамчун як шоир, балки ба ҳайси як мушовири давлатӣ бо воситаи андарзҳои пурмуҳтавои худ шоҳонро барои бурдани роҳу равиши дуруст дар самти давлату давлатдорӣ панд медодааст:
Дил танг мадор, эй малик, дар кори худойӣ,
Орому тарабро мадеҳ аз табъ ҷудоӣ.
Сад бор афтодаасту чунин ҳар маликеро,
Охир бирасиданд ба ҳар комравоӣ.
Он кас туро диду туро бинад дар ҷанг,
Донад, ки ту бо шер бо шамшер дароӣ.
Дар ин абёт устод Рӯдакӣ насиҳатомез ба шоҳ панд медиҳад, ки шоҳ ҳеҷ гоҳ аз нобаробариҳои рӯзгор ва рӯзҳои сахт руҳафтода нашавад, чунки ҳама рӯзҳои наҳс гузаранда буда, аз паси он айёми шодию фараҳ фаро расида, корҳои мулк ба сомон хоҳанд расид ва шоҳро зарур аст, ки дар муқобили ҳар гуна душворӣ ва душманони беруна бо матонат, шуҷоатмандона ва далерона истодагарӣ намояд. Инчунин, ҷои дигар мефармоянд:
Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад,
Зи бими ту баданаш ҷудо шавад аз банд.
Зи адли туст ба ҳам, бозу саъваро парвоз,
Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд.
Аз мазмуни абёти боло бармеояд, ки устод кӯшиш намудаанд, ба шоҳ фаҳмонанд, ки дар раванди давлатдорӣ сарвар бояд сиёсати дурустро амалӣ намояд, то ин ки душманони давлат, ҳатто, андешаи муқобилият намудан бо ҳукумати вақтро дар сар напарваранд. Инчунин, устод Рӯдакӣ бо таъкиди «Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд» ба шоҳони вақт гӯшзад мекунад, ки кафили сарнавишт, сиёҳию сафедии рӯзгори миллату ҷомеа аз ҳукми дурусти шахси аввал вобаста аст.
Устод Рӯдакӣ асоси идоракунию сарвариро дар раҳму шафқат ва адлу адолат дониста, ранҷонидани ашхоси бегуноҳро мавриди сарзаниш қарор дода, талқин менамояд, ки шахси ситамкор ва он касе, ки ба ранҷу азоби дигарон машғул аст, хоҳу нохоҳ мисоли чунин шиканҷаҳоро аз ҷониби афроди дигар дар шахси худ хоҳад дид.
Анъанаҳо ва суннатҳои давлатдорие, ки аз ақвоми ориёитабор ба ёдгор монда, дар муносибатҳои байналмилаливу дипломатӣ низ қабул гардидааст, ин бо эҳтироми хосса қабул ва гусел намудани меҳмон мебошад, ки дар таҷрибаи давлатдории муосир амалӣ мегардад. Дар фарҳанги давлатдории мо ба хотири меҳмони олиқадр оростани маҷлиси мутантан одатест, ки таърихи бостонӣ дорад ва ин одату анъанот дар ҳар давру замон аз ҷониби шоҳону фармонравоёни вақт риоят мегардидааст.
Фармонравоёни давлати бузурги Сомониён, ки давомдиҳандаи давлатдории ориёӣ ба шумор мерафт, ин расму суннатҳоро дар сатҳи давлатдории худ амалӣ мегардонидаанд.
Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рудакӣ, ки яке аз шоҳидони воқеии раванди давлатдории Сомониён буд, тарзи оростани маҷлисҳои шоҳона барои қабул ва гусели меҳмонони олиқадрро, ки расми муҳимми давлатдории миллӣ маҳсуб меравад, дар ашъори пурғановати худ инъикос намудааст. Дар ин қасида Одамушшуаро ғайр аз тарзи оростани маҷлиси шоҳона, инчунин, мавқеъ ва ҷойгиршавии ходимони дарбор, мансабдорони давлат ва афроди иштироккунандаро дар рафти ҷараёни маҷлиси қабул тасвир намудааст:
Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста,
Шаҳи мулуки ҷаҳон-амири Хуросон.
Турк ҳазорон ба пой пеши саф андар,
Ҳар як чун моҳе бар ду ҳафта дурахшон.
Дар абёти зикргардида ғайр аз раванд, шакл ва тарзи амалигардии маҷлиси қабули меҳмонони олиқадр, ки аз ҷониби амирон дар дарбор сурат мегирифт, инчунин, рафти ҷойгиршавии ходимони давлатӣ, амалдорон ва умуман, иштирокдорони ин маҷлисҳои сатҳи олии давлатиро низ таҳқиқ намудан мумкин аст. Ба ибораи байналмилалӣ ин ҷараёни кори идориро «протокол» ва дар забони дипломатӣ «корҳои ташрифотӣ» низ мегӯянд, ки устод ин ҳамаро дар назм моҳирона қаламдод намудааст.
Аз байтҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки ходимони давлатӣ, меҳмонон ва хизматгорони дарбор дар маҷлиси қабул мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро доштаанд. Ҳамчунин, аз маълумотҳои устод Рӯдакӣ бармеояд, ки барои боз ҳам пуршукӯҳ сурат гирифтани маҷлиси қабул дар ҷамъомад, инчунин, навозандагону хизматгорон ва соқиён барои хизматрасонии шахсони муътабари замон муввазаф гардонида мешуданд. Дар ин қасидаи А. Рӯдакӣ аз як ҷониб расмиёти ташрифот дар давлатдории Сомониён инъикос гардида бошад, аз ҷониби дигар шукӯҳу шаҳомати шоҳиро нишон дода, адлу доддиҳии ӯро мавриди васф қарор медиҳад.
Тавре дар сарчашмаҳои адабию сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъкид мешавад, адл пояи давлат аст, бинобар ин, устод бо алфози мадҳомез ба шоҳ таъкид менамояд, ки пойдории адлро дар ҳудуди давлати хеш бояд мустаҳкам гардонид:
Он малики адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду рӯшноии Кайҳон.
Дод биёбад заиф ҳамчу қавӣ з-ӯй,
Ҷавр набинӣ ба назди ӯву на удвон.
Аз абёти мазкур хулоса мекунем, ки устод Рӯдакӣ барои давлатдории Сомониён ҷорӣ намудани адолатро ҳам аз ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва категорияи ахлоқӣ пиндоштааст.
Умуман, ашъори устод Рӯдакӣ баҳри маънавиеро мемонад, ки шино намудан ва расидан ба соҳилҳои он расидан ба ахлоқи воло, таҳаммулпазирӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи қонунгузории давлат, эҳтироми сарвару раҳбар ва умуман, расидан ба боргоҳи инсони комил мебошад. Аз ин рӯ, омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бори дигар исбот менамояд, ки дар ҳақиқат, шоири мумтоз шахсияти барҷаста дар таърихи тамаддуни башарӣ ба шумор рафта, ашъори ӯ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, фалсафаи зиндагиро дар бар мегирад.
Адабиёт:
1. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. Девони ашъор/ Рӯдакӣ Абуабдуллоҳ. Матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. -Душанбе: Пайванд, 2008. – 614 с. (Ба ҳуруфи форсӣ).
2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими таҷлили 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. 10.09.2008, шаҳри Панҷакент.
3. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. -Душанбе: «ЭР-граф», 2016. — 364 с.