Мо тоҷикем, вориси он қавми пурғурур,
Бар дӯши мост панҷаи партавфишони нур.
Як сарзамини меҳру саховат вуҷуди мост,
Аз мо саломи меҳр расон то ба дури дур!


Пок аст аз сафои Ватан рӯи зиндагӣ.
Осуда меравем ҳама сӯи зиндагӣ.
Амвоҷи бӯйи хуш бирасад бар машоми мо
Аз навбаҳори тозаву дилҷӯи зиндагӣ.


Дар рӯ ба рӯи мост агарчи адӯи мо,
Хоҳад ба дасти макр бигирад гулӯи мо.
Аммо нигоҳи кинавараш хира мешавад
Аз шуълаҳои фазл, ки резад зи рӯи мо.


Моем он ҳақе, ки ба ҳақдор мерасем,
Бо табъи офтобии саршор мерасем.
Чун партави сафои хирад раҳнамои мост,
Бо ҷони нурбор пуранвор мерасем.


Моро равони ҷисм бувад худ равони шеър,
Пайванди ҷони мост абад бо ҷаҳони шеър.
Арзу умеду нусрати армони хешро
Гӯем аз азал ба ҳама бо забони шеър.


Мо тоҷикем, халқи сахопеша, дилкушод,
Муҳри вафо ба лавҳи дили мо Худо ниҳод.
Дар тиннати мунаввари мо шед ханда кард,
Бар рӯи бахти мо рухи моҳи фалак фитод.


Донӣ, вуҷуди мост чу як хиттаи виқор,
Он хиттае, ки ҳаст панаҳгоҳи эътибор.
Моем чун уқобу тафохур чу боли мост,
Пар мезанем бар шафати кӯҳи нангу ор.


Сад шукри ин Ватан, ки ба мо аз Худо расид,
Ин тоҷи шаън бар сари мо аз ниё расид.
Эҳёи рӯзгори навини диёри мост,
Эҳёи халқи мост, ки бо Пешво расид.


Боле бизан, кабутару пайки саҳар расон,
Бар гӯши халқи даҳр зи мо хушхабар расон!
К-имрӯз офтоби зафар ёри мо бувад,
Аз мо паёми сулҳ ба аҳли башар расон!


Мо тоҷикем, миллати дар даҳр беназир,
Бо мост фазли ҳикмату бо мост дасти пир.
Дарҳои бози мо дари сулҳ асту ишқу меҳр,
Эй Офаридагор, санои дилам пазир!
                                         Рӯдобаи МУКАРРАМ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *