Маҳмудҷон НИЁЗӢ,
рӯзноманигор,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Дар ҷомеа шахсиятҳое ҳастанд, ки бо андешаҳои созанда, донишу хирад ва амалу кирдорашон аз дигарон фарқ карда, ҳастӣ ва умри худро ба хидмати миллату Ватан мебахшанд ва вақтро сарфи корҳои нек намуда, неруяшонро барои пешрафту ободии диёр равона месозанд. Адабиётшиноси маъруф-доктори илмҳои филология, профессор Аъзам Худойдодов аз зумраи чунин инсонҳост. Ӯ дар як рустои дурдасти кишвар — Ворухи шаҳри Исфара таваллуд шуда, баъдан ба Душанбеи нозанин омад ва дар ҳамин ҷо монанди дарахтони пурмеваи зодгоҳаш сабз шуда, чун кӯҳҳои бузургу паҳновараш ба камол расида, чун рӯдҳои пурхурӯши он ҳамеша дар туғён шуд. Бояд гуфт, ки адабиётшиносони зиндаёд Саъдулло Наимбоев, Валӣ Самад ва намояндагони насли сонӣ Абдувалӣ Давронов ва Муртазо Зайниддинов, профессорон Аъзам Худойдодов ва Аъзамҷон Азимов аз ҳамин диёри нозанин рӯида, ба шаҳри имконоти бузург омадаанд.

Адабиётшиноси соҳибистеъдод Субҳон Аъзамзод дар як мақолааш навиштааст, ки адабиётшиносони номвар Абдувалӣ Давронов, Муртазо Зайниддинов ва Аъзам Худойдодов аз мактаби адабии Валӣ Самад бархурдор гардида, шогирду пайравони марҳум ҳастанд…

Аъзам Худойдодов пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ба Институти педагогии Тарас Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, онро бо натиҷаҳои хуб ба итмом расонидааст ва дар ҳамин донишкада кор кардааст. Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ бо маслиҳат ва тавсияи Валӣ Самад кори илмиашро дар риштаи равобити пайвандҳои адабӣ оғоз бахшидааст. Валӣ Самад, ки дар Академияи фанҳои Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) кор мекарду аз норасоии мутахассисон дар баъзе соҳаҳо огоҳ буд, Абдувалӣ Давроновро барои омӯзиши таърихи адабиёти арман, Муртазо Зайниддиновро ба адабиёти тотор ва Аъзам Худойдодовро ба адабиёти ӯзбек тавсия ва талқин кардааст. Ҳамин тавр, ин се нафар дар риштаҳои зикршуда таҳқиқот бурда, на танҳо ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гаштаанд, ҳамчунин, хонандаи тоҷикро бо адабиёти ин халқҳо равшану дақиқ ошно намудаанд.

Аъзам Худойдодов дар солҳои гуногун ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъбаи забон ва адабиёти нашриёти «Маориф», ҷонишини директори нашриёти «Маориф», сармутахассиси таҳияи китобҳои дарсии фонди ОПЭК, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекард. Солҳои 2010-2013 ҳамчун муовини аввали ректор оид ба таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва соли 2015 муовини ректор оид ба таълими Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъйин гардида, то сентябри соли 2018 фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2015 ба ҳайси профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият менамояд.

Номбурда дар баробари иҷрои вазифаву масъулиятҳо ба кори илмӣ низ машғул шуда, соли 1992 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Мақоми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек (асрҳои ХIV-XIX)» дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) зери роҳбарии профессор Х. Мирзозода ҳимоя карда, соли 2015 дар мавзуи «Холиқ Мирзозода ва адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ» таҳти мушовирии профессор Х. Асозода рисолаи доктории худро дифоъ намудааст.

Риштаи таҳқиқоти А. Худойдодов масоили гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ, назария ва танқиди адабӣ, адабиётшиносии татбиқӣ ва масъалаҳои тарҷумаро фаро мегирад. Ҳамзамон, дар таълифу таҳияи барнома ва дастуру китобҳои дарсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Аъзам Худойдодов муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Ӯ назария ва амалияи илмиро дар робита бо ҳам таҳқиқ намуда, дар як вақт аз фанни таърихи адабиёти тоҷик дар асрҳои ХVI-ХIХ ва ибтидои асри ХХ, робитаҳои адабӣ, таърихи нақди адабии тоҷик барои донишҷӯёну магистрон ва докторантон дарс мегӯяд ва осори адибони бузургро дар иртибот бо адабиёти тоҷик баррасӣ менамояд. Мақолаву асарҳои таълифнамудаи ӯ оид ба эҷодиёти бузургони ҳарду миллат: Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Алишери Навоӣ, Ҳофизи Хоразмӣ, Атоиву Саккокӣ, Бобур, Т. Шевченко, Махтумқулӣ, Ҳамза Ҳамкимзода Ниёзӣ, ҳамчунин, адибони муосир С. Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода ва дигарон ба хонандагони тоҷик шинос буда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дунёшиносии онҳо саҳм гузоштааст. Ҳамчунин, А. Худойдодов ба таҳқиқи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек ва инкишофи ҷараёни адабии муосир, нақши муҳаққиқон дар баррасии чеҳраҳои адабӣ, бавижа, пажуҳиши паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти классикон ва муосирони адабиёти форсии тоҷикӣ Рӯдакиву Саъдӣ, Ҳофизу Носири Хусрав, Ҷомиву Аҳмади Дониш, Шоҳину Аҷзӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, таҳқиқи ҷараёнҳои адабӣ, адабиёти ибтидои асри ХХ, нақши муҳаққиқон дар баррасии адабиёти ҷадида ва ғайраро дар мақолаву гузоришҳои худ мавриди пажуҳиш қарор додааст.

Ба андешаи Аъзам Худойдодов равобити адабии тоҷикону ӯзбекон собиқаи куҳан дошта, он дар шаклу навъҳои мухталиф зуҳур намудаааст ва бо тақозои давраи муайяни таърихӣ таъсири адабиёти тоҷик ба адабиёти ӯзбек ва ё баръакс, ба мушоҳида мерасад. Намунаҳои аввалини ин робитаи адабӣ, пеш аз ҳама, дар эҷодиёти шифоҳии ҳар ду халқ мушоҳида мешавад. Аз мутолиаи маҷмуаҳои зарбулмасалу мақол, афсонаву ривоят ва ашъори гуногуни шифоҳӣ бармеояд, ки аксари онҳо мазмуну мундариҷа ва ғояи муштарак доранд. Агар фарқияти забониро истисно намоем, маълум намешавад, ки ин асарҳо моли кадоме аз ин халқиятҳо ҳастанд. Аз ҷумла, қаҳрамони миллии тоҷик Рустами Дастон дар байни ӯзбекҳо хеле шуҳрат дорад ва зери таъсири он дар адабиёти ӯзбек образҳои зиёде офарида шудаанд.

Ба таъкиди пажуҳанда робитаи адабии адабиёти хаттии тоҷикону ӯзбекон аз асрҳои ХI-ХII сарчашма мегирад. Аз он ҷо, ки адабиёти тоҷикӣ таърихи хеле куҳан дорад, дар асрҳои миёна суханварони турку ӯзбек дар пайравӣ ба адибони форсу тоҷик асарҳои зиёд офаридаанд ва дар ин замина, шоирону адибони зуллисонайн ба майдон омаданд, ки ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ эҷод мекарданд. Дар давраи темуриён сафи шоирони дузабона, ки ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод мекарданд, хеле афзуд. Дар нимаи аввали асри ХV шоирони ӯзбек Атоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ, Гадоӣ, ки парвардаи адабиёти тоҷикӣ буданд, ашъори худро ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод кардаанд. Бештари ашъори ин шоирони ӯзбек дар пайравии ғазалиёти Камоли Хуҷандию Ҳофизи Шерозӣ мебошад.

Дар нимаи дуюми асри ХV равобити адабии ин халқҳои бародар ба давраи сифатан нав дохил гардида, ба дараҷаи камоли он мерасад, ки дар саргаҳи он ду шоири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ меистанд. Маҳз бо воситаи ин ду абармарди бузурги фарҳанги башарӣ равобити адабии тоҷикону ӯзбекон мазмунан ғанию рангин мегардад ва самараи он дар замони имрӯз низ ба мушоҳида мерасад.

Дар масъалаи дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҳам дар адабиётшиносии тоҷикону ӯзбекон ва ҳам дар ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҳқиқоти зиёде анҷом гирифтааст. Зикри ин нукта кофист, ки саҳми Алишери Навоӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти ӯзбек, балки дар рушди адабиёти тоҷик низ бузург аст. Навоӣ, ки парвардаи мактаби Ҷомӣ буд, дар пайравии шоирони бузурги форсу тоҷик, алалхусус, дар пайравии устодаш Ҷомӣ ашъори зиёде сурудааст. Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ девоне бо номи «Девони Фонӣ» мерос гузошта, ки шуҳрати бузург дорад. Ӯ дар ашъори тоҷикиаш худро Фонӣ тахаллус дода буд.

Дар асрҳои минбаъда ба таъсири воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ шоирони тоҷику ӯзбек суннати бунёдгузоштаи Навоиро идома дода, дар ҳавзаҳои адабии Бухорову Самарқанд, Хуқанд ва Хоразм ашъори зиёде ба ду забон офариданд. Дар асрҳои ХVIII-XIX анъанаи шоирони зуллисонайн дар Осиёи Миёна хусусияти умумӣ гирифт. Шоирони тоҷику ӯзбек на танҳо ба ду забон шеър мегуфтанд, балки бо ду забон девон ҳам тартиб додаанд. Дар ин давра шоироне, монанди Гулханӣ, Маъмур, Ҳозиқ, Маъдан, Муқимӣ, Фурқат, Аҷзӣ, Васлӣ ва дигарон ба ду забон шеър суруда, дар инкишофи адабиёти ҳар ду халқ хидмати арзанда кардаанд.

Муҳаққиқ дар пажуҳишҳояш зикр мекунад, ки баҳрабардории суханварони ин ду миллат аз адабиёти якдигар дар ҳеҷ замоне қатъ нагардидааст. Дар миёни анбуҳи мероси адабии тоҷикону ӯзбекон афкори ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва истиқлолталабиву озодихоҳӣ, одаму одамгарӣ, дӯстии халқҳо, таҳамммулпазирӣ фароҳам омадааст, ки имрӯз аз онҳо барои устувории давлати соҳибистиқлол ва ташаккули тафаккуру идеалҳои миллӣ, барқарор ва таҳкими дӯстӣ бо дигар халқу миллатҳо ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст. То имрӯз даҳҳо асарҳои таърихӣ, осори адибони гузашта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳқиқ ва чоп шудаанд. Мероси дар гузашта, дар шароити ягонаи фазои маданӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ эҷоднамудаи аҷдодони мо ба ҳар ду халқ мансубанд.

Ин мероси пурбаҳои илмӣ ва адабӣ имрӯз барои ҳар ду кишвари соҳибистиқлол хеле муҳим ва зарур мебошад, зеро бунёди ҷомеаи нав тарбияи инсони худшиносу худогоҳ, дорои ахлоқи нек ва маънавиёти баландро тақозо менамояд. Осори адабии ниёгон саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиш ва таҳияву нашри осори адабии ниёгон аз вазифаҳои муҳимми аҳли илму адаб ба шумор меравад.

Асарҳои профессор Аъзам Худойдодов — «Муҳаққиқ» (1992), «Раҳнамои накуиҳо» (1998, дар ҳаммуаллифӣ), «Духтари илм» (1999), «Адабиёти ҷаҳон» (2001, дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» (2011, дар ҳаммуаллифӣ), «Мақоми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи робитаҳои адабиёти тоҷику ӯзбек (асрҳои ХV-ХIХ)» (2012) ва «Холиқ Мирзозода ва адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ» (2014) дар адабиётшиносии тоҷик нақши арзанда доранд.

Ба қалами муҳаққиқ, ҳамчунин, барномаҳо ва комплексҳои таълимӣ, аз ҷумла, «Адабиёти ҷаҳон» барои синфҳои 10-11 (1995), «Барномаҳои адабиёт» барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, қ.1 (2009), «Адабиёти асрҳои ХVI–ХIХ ва ибтидои асри ХХ» (2009, 2017), «Назарияи адабиёт» (2017) ва комплексҳои таълимии вобаста ба онҳо мутааллиқанд.

Аъзам Худойдодов тазкираву рисолаҳои «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (1999), Осорномаи Валӣ Самад (2006), мунтахаби осори Сиддиқии Аҷзӣ (2009), «Миръоти ибрат» (2009), «Анҷумани арвоҳ» (2010), инчунин, романи Холиқ Мирзозода «Самарқанд» (2009) ва «Сайқали рӯи замин» (2015)-ро таҳия ва танзим намудааст.

Хидматҳои профессор Аъзам Худойдодов бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1999), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009) ва як қатор ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Ӯ муҳаққиқ ва адабиётшиноси маъруф буда, саҳмаш дар пешрафти адабиёт бузург аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *