Д. МАҲКАМОВ,
мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ,
И. ГАДОЕВ,
ходими пешбари илмии шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва
олии касбии ҳамин пажуҳишгоҳ
Маърифати ҳуқуқӣ муҳимтарин василаи шинохти арзишҳои инсонӣ, дарки моҳияти зиндагии бомаром, омӯзиши комили ҳуқуқу манфиатҳои шахсии худ ва дар баробари ин эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу манфиатҳои аҳли ҷомеа мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ дар баробари дарки қонунияти равандҳои зиндагӣ, ҳамзамон, василаи таҳкими ахлоқи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бо одамони дорои фарҳанги пасти ҳуқуқӣ, вайронкунандаи тартибу низом дар як давлат, ҷамъият, мактаб ва донишгоҳу донишкада таҳсил кардан, зиндагӣ ба сар бурдан, на танҳо ҷолибияту дилкашӣ надорад, балки раванди таҳсил, омӯзиш ва зиндагии бомаромро махлуту мағшуш мегардонад. Дар ҷомеаҳое, ки шаҳрвандонаш дорои донишу шуури ҳуқуқӣ набошанд ва маърифати ҳуқуқии онҳо рушд наёфта бошад, пешрафти он ҷомеаро наметавонем интизор бошем.
Бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда буданд, ки масъулияти ҷомеа, аз ҷумла, мактабу маориф, оила ва муҳити иҷтимоиро дар ин бобат беш намуд.
Вазифаи асосии дар ин самт дар назди мактабу маориф гузоштаи Пешвои миллат аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо роҳи татбиқ намудани лоиҳаҳои дар ин самт омодагардида ва шинос намудани аҳолии кишвар бо меъёрҳои қонунгузории давлат буданд. Дар ин масир, кори омӯзгорони фанни таърих, асоси давлат ва ҳуқуқ ва тамоми фанҳои таълимӣ бештар самаранок ва ба самти ташаккули маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён беш аз пеш пурвусъат гардид.
Бояд донист, ки бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хонандагону донишҷӯён сатҳи дарки меъёрҳои ҳуқуқ дар онҳо боло гирифта, риояи иҷрои он маърифату маданият ва шуурии ҳуқуқии онҳоро баланд мебардорад. Донишомӯзон тавассути он фаҳмиш ҳосил менамоянд, ки ба дарсҳо бе омодагӣ омадан, бо худ надоштани анҷомҳои таълимӣ, дер мондан, аз дарсҳо гурехтан аз паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо хабар дода, омили паст рафтани донишҳои муосир ва ҷаҳонбинӣ мегардад.
Мақсади аслии маърифати ҳуқуқӣ ин аст, ки хонандагон, донишҷӯён, волидон ва тамоми шаҳрвандон бо шуури ҳуқуқии худ амалу рафтори худро аз нуқтаи назари қонун ва риояи меъёрҳои ҳуқуқ баҳогузорӣ карда тавонанд. Майдони ин раванд фарох буда, аз муассисаҳои таълимӣ сохтани нақшаҳои асосноки чорабиниҳо, аз падару модарон муносибати ҷиддӣ ба таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷомеа ҳисси масъулият дар назорату ислоҳи аҳолӣ новобаста аз мансубият ва аз ВАО ба нақша гирифтани барномаҳои ҷолиби маърифатофари ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Онҳо бояд рӯзҳои муайянро дар ҳафта барои ташаккули шуури ҳуқуқии насли наврас бахшанд. Дар театрҳо тадбирҳоеро андешанд, ки боиси рушди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва насли наврас гардад.
Дар кишвари мо мардум худро ғуломи қонун медонанд, меъёрҳои қонунро иҷро мекунанд, аммо баъзе аз ҳамватанонамон, аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ қонун ва меъёрҳои онро нақз мекунанд. Ин ҳолат ба вайрон шудани меъёрҳои қонун боис гардида, аз мактабу маориф ва аҳли ҷомеа заҳмати бештарро дар роҳи ислоҳ бахшидани он талаб мекунад.
Муҳиммияти рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дарк намуда, Пешвои миллат дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки асоси сиёсати давлатии кишварро сиёсати дарҳои кушод ва таҳким бахшидани меъёрҳои Конститутсияи кишвар ташкил медиҳад. Барои дар амал тадбиқ намудани ин сиёсат, яъне, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки шаҳрвандон ба меъёрҳои қонунгузорӣ ва раванди амали қонун бештар шиносоӣ пайдо намоянд ва онро бе чуну чаро иҷро кунанд.
Баланд гардидани сатҳи маърифатии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки хешро бо ҷиноят ва ҷинояткорӣ олоиш надиҳанд, одитарин ҳуқуқу озодиҳои худро, ки дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда дарҷ гардидаанд, донанд ва дар асоси талаботи он зиндагии хешро ба роҳ монанд. Ин донишҳо ба донишомӯзон имкон медиҳанд, то дар муносибатҳои ҷамъиятӣ хешро дуруст зоҳир намоянд.
Таълим ва тарбияи ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён маҳаки асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо буда, зиндагиро дар ҷомеа зебою ҷолиб мегардонад. Тавассути таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён боло рафта, ахлоқ, маънавиёт ва ҳисси зебоипарастии онҳо бедор мегардад. Тавассути муносибати оқилона ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавиёт, ахлоқ, худшиносӣ, ғурур ва ҳувияти миллии онҳо бештар гардида, ба эҳтироми анъана ва расму русуми аҷдодӣ рӯ меоранд.
Ошно гардидани хонандагону донишҷӯён дар тамоми зинаҳои таҳсилот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030», «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон аз соли 2015», «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои соли 2030», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» барои таҳким бахшидани маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён ва падару модарон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Иҷрои амалҳои дар боло зикршуда на танҳо ба маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён, балки ба масъулиятшиносии падару модарон дар таълим ва тарбияи насли наврас таъсир расонида, ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятиро низ бетараф гузошта наметавонад ва онҳоро масъул мегардонад, ки дар ин раванд даст ба даст гирифта, кор баранд. Мактабу маориф вазифадор мегардад, ки фаъолиятро дар ин самт ҷоннок гардонида, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд гуфт, ки пас аз эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар соли 2024 то имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Тамоми қишрҳои ҷомеа боз ҳам бештар ба ин самт таваҷҷуҳ намуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиашон заминаи мустаҳкам гузошт.
Дар умум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён боиси риоя шудани меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби сокинон шуда, инчунин, пойдевори зеҳнии дарк намудани дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мебошад. Пас ҳар яки мо, хусусан, аҳли маорифро лозим аст, ки на танҳо як солу ду сол, балки ҳамарӯза бо роҳи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, машварати ҳуқуқӣ, иттилоотрасонии ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, тафсири қонунгузорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ насли наврасро дар роҳи қонунмандӣ ва волоияти меъёрҳои қонун тарбият намоем. Зеро насли наврас ояндасозони ин сарзамин ҳастанд ва пешрафту шукуфоии ҳар як кишвар аз насли қонунписанду дорои шууру маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
