Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамроҳ бо муовини раиси вилояти Хатлон А.Қурбонзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Пистамазори шаҳри Кӯлоб дидан намуд.

Зимни боздид вазири маориф ва илм бо рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳои бунёдӣ ва муҳлати ба истифода супоридани иншоот шинос шуда, бо масъулини соҳа ва намояндагони ташкилоти сохтмонӣ суҳбат анҷом дод.

Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассиса 10 синфхона, толори маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда истодаанд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои таълиму тарбияи хонандагон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҳамзамон қайд гардид, ки сохтмони бинои мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Вазир зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир дар саросари кишвар садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин тадбирҳо барои беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон ба таҳсил мусоидат менамоянд.

Вазири маориф ва илм ба масъулини корҳои сохтмонӣ ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки муассиса бояд мутобиқ ба талаботи муосири таълимӣ сохта шуда, барои омӯзгорону хонандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пистамазор барои беҳтар намудани шароити таҳсил, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҳамзамон, вазир аз рафти дарсҳо дар МТМУ №33 дидан намуда, дар суҳбат бо хонандагон иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар кишвар барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмин бо таҷҳизоти таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон имкониятҳои васеъ муҳайё гардидаанд.

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ №33-И ШАҲРИ КӮЛОБ img

ШИНОСОИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ №33-И ШАҲРИ КӮЛОБ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *