Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Балҷувон боздид намуд.

Зимни боздид вазири маориф ва илм аз раванди таълиму тарбия, ҳолати синфхонаҳо, таъминоти моддию техникӣ ва ҷараёни баргузории дарсҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон суҳбат анҷом дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ мутаассифона маълум гардид, ки ягон қисме аз хонандаҳо дар дарсҳо ҳузур надошта, баъзе аз синфхонаҳо ва муҳити таълимӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ пурра ҷавобгӯ нестанд.

Вазири маориф ва илм ба чунин вазъият ишора намуда, таъкид кард, ки таъмин намудани иштироки мунтазами хонандагон дар дарсҳо, риояи қатъии ҷадвали дарсӣ ва фароҳам овардани шароити мувофиқи таълимӣ аз уҳдадориҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

Қайд гардид, ки беэътиноӣ нисбат ба раванди таълим, бахусус дар синфҳои хатмкунанда, метавонад ба сатҳи донишандӯзии хонандагон таъсири манфӣ расонида, омодагии онҳоро ба имтиҳонҳои давлатӣ ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери хатар гузорад.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон вазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиении синфхонаҳо, тақвияти назорат аз болои иштироки хонандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки роҳбарияти муассиса бояд бо масъулияти баланд барои ислоҳи камбудиҳо, ташкили муҳити солими таълимӣ ва ҷалби фаъоли хонандагон ба дарсҳо тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН img

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН img

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *