Дар доираи иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон дидан намуд.
Зимни боздид муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Идрис Исаев ва ректори Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон Руфат Азизов вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо имкониятҳои таълимӣ, инфрасохтор ва шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён дар муассисаи мазкур шинос намуданд.
Ба ҳайати Тоҷикистон синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ва зарурӣ барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, муаррифӣ карда шуданд. Зикр гардид, ки донишгоҳ барои рушди донишҳои амалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, бахусус дар самтҳои техникӣ ва муҳандисӣ, шароити мусоид муҳайё намудааст.
Ҳамзамон, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо бо ҳам мулоқот намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла омодасозии мутахассисони соҳаи техникӣ, табодули устодону донишҷӯён, таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва мубодилаи таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон даъват ба амал оварда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, аз ҷумла технологияҳои муосир, илмҳои техникӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам иброз намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


