Рамазон ШАРИПОВ,
омӯзгори фанни химия ва биологияи Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Элементҳои химиявӣ асоси мавҷудияти ҳаётро дар рӯйи Замин ташкил дода, дар ҳаёти инсон ва соҳаи тиб нақши бениҳоят муҳимро иҷро менамоянд. Аз ин рӯ, донистани нақши ҳар як элементи химиявӣ барои фаҳмидани равандҳои ҳаётӣ, нигоҳдории саломатии инсон ва рушди соҳаи тиб зарур аст. Дар ин мақола нақши тиббӣ ва ҳаётии якчанд элементҳои химиявӣ ба таври мухтасар шарҳ дода шудааст.

Бояд гуфт, ки асоси ҳаёт аз чаҳор элементи химиявӣ (С-карбон, О-оксиген, Н-ҳидроген ва N-нитроген) сохта шудааст, ки 96-98%-и массаи умумии бадани инсонро ташкил медиҳанд.

Карбон (аз лот.carbon-ангишт) элементест, ки қобилияти бо чор атоми дигар (ҳатто, бо худаш) пайваст шуданро дорад. Карбон 18%-и массаи бадани инсонро ташкил дода, асоси пайвастагиҳои органикӣ (карбоҳидрид, карбоҳидрат, сафеда, чарб, кислотаҳои нуклеинӣ) маҳсуб меёбад. Норасоӣ ва ё набудани он дар таркиби организм ба халалдор шудани раванди метаболитикии организм ва ё боиси хатари ҷиддӣ (марг)-и организм мегардад.

Оксиген (аз лот. oxygen – кислотазой ё тавлидгарӣ кислота) яке аз элементҳои муҳимтарин барои ҳаёти организмҳои зинда ва равандҳои ҳаётии организм ба ҳисоб рафта, дар тиб аҳаммияти калони табобатӣ дорад. Оксиген 65%-и массаи бадани инсонро ташкил дода, барои оксидшавии моддаҳои истеъмолнамудаи инсон нақши созгорро мебозад. Он қисми асосии об (88,89%)-ро ташкил медиҳад. Оксигенро дар тиб барои табобати бемориҳои гипоксӣ (камоксигенӣ) истифода мебаранд, инчунин, ҳангоми ҷарроҳӣ онро бо моддаҳои мадҳушкунанда (наркоз, анестезия) якҷо истифода мекунанд. Ҳар як инсон дар давоми як дақиқа 0,5 дм3 (баробар ба 0,5 литр), дар давоми як шабонарӯз 720 дм3 (баробар ба 720 литр) оксигенро нафас мегирад. Инчунин, оксигенро ба миқдори зиёд дар зарфҳо (балонҳои газӣ) гирифта, кайҳоннавардон дар макони беҳаво ва ғаввосон (дар зери об) истифода мебаранд.

Ҳидроген (аз юн. hidro – об, genes – тавлидкунанда ё тавлидгари об ё обзой) элементи сабуктарин ё гази сабуктарини системаи даврии элементҳои химиявӣ аст. Таркиби асосӣ ва ҷудонашавандаи моддаи муҳимтарини ҳаёт об (H₂O) маҳсуб меёбад. Ҳидроген 10%-и массаи умумии бадани инсонро дар бар мегирад. Дар таркиби тамоми аминокислотаҳо, сафедаҳо, липидҳо, карбоҳидратҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ (КДН ва КРН) мавҷуд аст. Дар  тамоми равандҳои ҳаётии организм ва инчунин, дар реаксияҳои оксидшавӣ ва барқароршавӣ, ки энергияи ҳуҷайраро таъмин мекунанд, фаъолона ширкат меварзад. Дар АТФ, NADРH+ молекулаҳои интиқолдиҳандаи энергия мебошад. Миқдори ионҳои ҳидроген Н+ ҳолати статсионарӣ (гомеостаз)-и муҳити дохилии организм, яъне, РН-ро муътадил нигоҳ медорад. Пайвастагии он бо оксиген обро ташкил медиҳад. Об ҳамчун манбаи ҳидроген ва интиқолдиҳандаи моддаҳо дар организм хидмат менамояд. Дигар пайвастагии ҳидрогендоре, ки дар таркиби ҳуҷайра (пероксисома) вомехӯранд, Н2О2–пероксиди ҳидроген мебошад, ки вазифаи безараргардонии ҳуҷайраро аз моддаҳои заҳрнок (токсинҳо) иҷро менамояд.

Дар солҳои охир бо ҳидроген як самти нави таҳқиқ ва муолиҷаи беморон ба роҳ монда шудааст, ки дар он ҳидроген метавонад антиоксидант бошад ва осебҳои оксидшавиро дар ҳуҷайраҳо коҳиш диҳад. Инчунин, дар шакли моддаҳои кимиёвӣ, барои баробар кардани pH васеъ истифода мешавад. Дар намуди банди ҳидрогенӣ дар таркиби сохтори дуюмини сафедаҳо ва пайваст кардани асосҳои пуринӣ ва пиримидинии кислотаҳои нуклеинӣ нақши бениҳоят муҳимро мебозад. Зиёд будани он дар организм боиси атсидоз (зиёд будани кислота дар организм) мегардад.

Нитроген (аз юн. nitro–селитра, genes–тавлидкунанда ё селитразой) яке аз элементҳои муҳимтарин аз ҷиҳати биологӣ аст. Нитроген 3%-и массаи организми инсонро ташкил медиҳад. Дар таркиби тамоми аминокислотаҳо, сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинӣ (КДН ва КРН), ферментҳо ва витаминҳо дохил мешавад. Норасоии он ба камшавии миқдори сафеда, сустии мушакҳо ва заиф шудани масуният (иммунитет) оварда мерасонад. Зиёд истеъмол кардани маводди нитрогендор (нитритҳо) баданро заҳролуд мекунад. Нитроген дар тиб низ аҳаммияти калони амалӣ дорад. Нитрогени моеъро (зиёда аз –1960С) ҳамчун хунуккунанда ва нигоҳдорандаи бофтаҳо ва узвҳо барои трансплантатсия (кӯчонидани як узв ё бофта ба дигар организм) истифода мебаранд.

Калсий яке аз элементҳои муҳимтарин барои ҳаёти инсон маҳсуб ёфта, он 1,5%-и массаи бадани инсонро ташкил медиҳад, ки 99%-и ин миқдори калсий дар таркиби устухонҳо ва дандонҳо мавҷуд аст. Боқимонда 1%-и он дар таркиби хун, бофтаҳо ва моеъҳои дохили ҳуҷайра мавҷуд мебошад. Инсони миёнасол дар таркиби устухон ва дандонҳояш 1 кг калсий дорад, ки он дар шакли  моддаи кристаллии дар об ҳалнашаванда гидроксиапатит – Ca₁₀(PO₄)₆(OH)₂ мавҷуд аст. Калсий элементи ҳаётан муҳим буда, барои устувории устухон, кори мушаку асаб, лахташавии хун ва фаъолияти ферментҳо нақши асосӣ мебозад. Норасоии он боиси бемориҳои ҷиддии устухон  ва системаи асаб мегардад.

Фосфор (аз юн. phosрhorus – нурдиҳанда) яке аз элементҳои муҳимтарини равандҳои ҳаётии инсон буда, 1%-и баданро ташкил медиҳад. 85%-и фосфори бадан дар таркиби устухонҳо ва дандонҳо вуҷуд дорад. Боқимонда дар таркиби хун ва бофтаҳо аст. Бо элементи калсий вазифаи якхеларо иҷро мекунанд. Дар таркиби фосфолипидҳо (липидҳои мураккаб, ба монанди кафелинҳо, летситинҳо), кислотаҳои нукдеинӣ, NADР ва АТФ (манбаи асосии энергия дар ҳуҷайра) паҳн гардидааст. Норасоии фосфор ба суст шудани устухон ва дандон, хастагӣ, заъфи мушакҳо ва хотира оварда мерасонад. Баҳри бартарафсозӣ барои калонсолон духтурон истеъмоли кислотаи фитинатро ва ё истеъмоли маҳсулоти лубиёгиро тавсия медиҳанд. Сохтор ва формулаи ин кислотаи фосфордор чунин аст:

Фосфор унсури ҳаётии зарурӣ барои сохтори устухон, энергияи ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, фаъолияти асабу мушакҳо ва дар молекулаҳои кислотаҳои нуклеинӣ нақши бениҳоят муҳимро иҷро менамояд.

Албатта, дигар элементҳои химиявӣ низ барои ҳаёт ва тиб нақши бузург доранд, аммо мо танҳо муҳимтарини онҳоро дар ин мақола шарҳ додем. Бовар дорем, ки маълумоти пешниҳоднамудаи мо аз манфиат холӣ нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *