Ҳусайн МАҲМУДЗОДА,
рӯзноманигор, узви ИЖТ
Аз ҳамон рӯзҳое, ки ба фаъолият дар соҳаи маориф пайвастам, бо баракати ошноии дерина ва самимӣ бо аҳли қалами нашрияҳои ин соҳа, ба зудӣ ба доираи ҳамкории онҳо ҷалб гардидам. Ба вижа, бо маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», ки бо сармуҳаррири он Дилафрӯз Қурбонзода қаблан ошноии ғоибона доштам, робитаи эҷодии ман ранги тоза гирифт.
Ду мақолаи инҷониб низ, ки ба мавзуи таҳияи китобҳои дарсӣ – соҳае, ки имрӯз меҳвари фаъолияти ман аст, ихтисос ёфта буданд, дар саҳифаҳои ҳамин маҷалла ба табъ расиданд. Ин истиқболи гарму самимии ҳайати эҷодии маҷалла боис гардид, ки таваҷҷуҳи ман ба пешинаи таърихии он бештар гардад. Дар натиҷа, равшан шуд, ки ин маҷалла дар миёни нашрияҳои кишвар аз собиқаи ғанӣ ва қидмати арзанда бархӯрдор буда, ҷойгоҳи вижае дар фазои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеа доштаву дорад.
Соле пеш, вақте дар бойгонии чанггирифтаи бобои равоншодам Муслим Сатторов – омӯзгори асили замони худ ба ҷустуҷӯйи осори куҳан машғул будам, миёни тӯдаи маҷаллоти зардгаштаи даврони шуравӣ ба ганҷинае бархӯрдам: маҷаллаи хуштарҳе бо унвони «Мактаби советӣ».
Чанд шумораи онро бо шавқ варақ задам ва чашмам ба сатри кӯтоҳе дар саҳифаи нахусти он афтод: «Аз соли 1926 нашр мешавад». Ин сатр дар дили мани эҷодкор эҳсоси ҳайрату таваҷҷуҳро бедор сохт. Ҳанӯз намедонистам, ки ин ҳамон маҷаллаест, ки имрӯз бо номи «Маърифати омӯзгор» шинохта мешавад.
Таърихи пайдоиши маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»-ро аксари муҳаққиқон ба нашри маҷаллаи «Дониш-биниш» (1927) рабт медиҳанд. Вале огоҳии комилро дар ин бахш бо мутолиаи мақолаи илмии номзади илмҳои филологӣ, пажуҳишгари матбуоти соҳавӣ Ноилшоҳ Нурализода – ««Дониш ва омӯзгор» – ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик» («Маърифати омӯзгор», №3, марти соли 2026, С. 20) пайдо кардам. Донистани ин нукта муҳим аст, ки маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор», ки 5-уми марти соли 1926 бо кӯшиши нахустин нозир (вазир)-и маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Аббос Алиев ба нашр баромад, нахустин маҷаллаи таърихи матбуоти мо маҳсуб меёбад. Дар ин хусус, ки маҳз масоили соҳаи мактабу маориф ба бунёди матбуоти миллии тоҷикӣ асос гузошт, дар ин мақола далелҳои рӯшане оварда шудааст.
Вақте аз ин пайванди таърихӣ огоҳ гаштам, онро чун хабаре хушу арзишманд ба сармуҳаррири маҷалла расонидам. Ва он гоҳ маълум гардид, ки дар гардиши рӯзгор ва дар печутоби солҳо, бисёре аз шумораҳои солҳои пешини маҷалла дар бойгонии идораи он маҳфуз намондаанд. Ин буд, ки дар дилам эҳсоси масъулияте бедор шуд, масъулияти ҳифзи як пора аз хотираи маънавии миллат. Бо худ аҳд бастам, ки ҳар он чи аз он миён пайдо мекунам, ба идораи маҷалла бисупорам, то ин гусастагӣ ба ҳам бипайвандад.
Ин ният мояи хушҳолии сармуҳаррири маҷалла Дилафрӯз Қурбонзода гардид. Аз он пас, дар ҳар дидоре, ки рух медод, муаллима бо лутфу меҳри хос аз сарнавишти он шумораҳо мепурсид. Дар ҳар суханаш ҳам нигаронӣ эҳсос мешуду ҳам дилбастагии самимӣ. Чун сухан аз як ганҷи гаронмояе мерафт, ки таърихи як давраро дар худ таҷассум мекард.
Ин ҷо мехоҳам чанд сатре дар хусуси соҳиби ин ганҷ – бобои равоншодам Муслим Сатторов бигӯям. Номи Муслим Сатторов (1933–2012) – омӯзгор ва шоир дар миёни мардуми Кӯлоб бо эҳтиром ва ифтихори хос садо медиҳад. Ӯ аз зумраи он шахсиятҳое буд, ки умри худро бедареғ ба роҳи мактабу маориф бахшид, бо заҳмати содиқона ва дилсӯзонаи хеш наслҳои зиёдеро ба камол расонидааст. Фаъолияти пурсамари ӯ дар муассисаҳои гуногуни таълимии ноҳияҳои Шурообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) ва Москва (имрӯз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ҷараён гирифта, дар ҳар мақоме, ки ифои вазифа намудааст, нишони масъулиятшиносӣ ва заковати роҳбариро ба намоиш гузоштааст. Ҳамкорон ва шогирдонаш имрӯз низ аз ӯ ба унвони омӯзгори донишманд, роҳбари ҷиддиву одил ва инсони соҳибмақом ёд мекунанд ва номи некашро бо эҳтиром ба забон меоранд.
Муслим Сатторов зодаи хонадоне буд, ки дар он илму адаб мероси муқаддас маҳсуб меёфт. Ӯ фарзанди шоир, омӯзгор ва яке аз нахустин равшанфикрони собиқ ноҳияи Дашти Ҷум – Саттор Зикрулло (1906–1965), маъруф ба тахаллуси Абдӣ буд. Саттор Зикрулло ба сифати яке нахустин муаллимони мактабҳои усули нави он диёр, чароғи маърифатро дар замоне душвор афрӯхта буд. Ин хонадон, дар воқеъ, силсилаи пайвастаи аҳли қалам ва андеша аст. Решаҳои он ба шахсияти барҷастаи адабӣ – Муҷрими Роғӣ, шоири тавоно аз аҳли Роғи Бадахшон, ки дар асри XIX дар Кӯлоб зиндагӣ ва эҷод кардааст, мерасад. Ин ғазали равон ба қалами Муҷрими Роғӣ тааллуқ дорад:
Нигоҳи чашми шӯхат то ба худ моил кунад пайдо,
Барои ман зи мижгон ханҷари қотил кунад пайдо.
Раги ҷонро ба гесуи касе бастам, надонистам,
Ки теғи абрӯят аз баҳри ман бисмил кунад пайдо.
Зи ташвиши маломат растаам аз забти савдояш,
Гирифтам домани оҳе, агар ҳосил кунад пайдо.
Магар вазъи маро, к-аз зумраи беҳосилон кардӣ,
Ки яъс аз қайди ҳастӣ риштаи мушкил кунад пайдо.
Ба гирдоби сиришк афтод Муҷрим аз сияҳбахтӣ,
Ба ҳар сӯ даст андозад, куҷо соҳил кунад пайдо.
Муслим Саттор то охир умр дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ кард ва пайваста ба эҷод машғул буд. Шеърҳои зиёдеро аз ӯ ба оҳанг даровардаанд, ки машҳуртарини онҳо таронаи «Эй бути ман, дар аламат сӯхтам» (дар иҷрои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов) аст. Ёди ӯ чун чароғе равшан дар хотири ҳар он касе, ки аз донишу маърифати ӯ баҳра бардоштааст, ҳамеша фурӯзон хоҳад монд.
Бармегардем сари матлаб. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯзеро бо шавқ ба ҷустуҷӯ дар бойгонии бобои марҳумам ихтисос додам. Аз миёни он маҷаллоти чангзадаву фаромӯшшуда, 123 шумораи маҷалла (фарогири солҳои 1961 то 1983 ва ҳамчунин, чанд шумораи соли 1990) ба даст омад.
Пок намудани ғубор аз рӯйи авроқе, ки бар онҳо таърихи матбуоту маорифи кишвари мо нақш бастааст, эҳсоси хуше дорад. Гӯё бо ҳар нафаси боде, ки чангро аз рӯйи он саҳифаҳо мезудудам, руҳи як давраро бедор месохтам ва онро дубора ба зиндагии имрӯз мепайвастам.
Суннати нек ва пазируфта аст, ки соҳибони бойгониҳо ба хотири ҳифз ва сабти шоистаи мероси худ дар таърих, онро ба муассисаҳои фарҳангӣ, монанди бойгониҳои давлатӣ, осорхонаҳо ва китобхонаҳо месупоранд, то аз вартаи нестӣ ва фаромӯшӣ эмин бимонад. Мо низ, бо ҳамин андеша ин ганҷи гаронмояро ба идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» таслим намудем. Ба умеде, ки дар он ҷо барои аҳли қалам, рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва пажуҳишгарони соҳаи матбуоту маориф ҳамчун сарчашмаи боэътимоди дониш ва таҳқиқ хидмат кунад.
