Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Дар замони муосир, ки пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва рақобатҳои илмӣ-техникӣ рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасанд, бахши илму инноватсия ба яке аз сутунҳои асосии рушди кишварҳои олам табдил ёфтааст. Имрӯз дигар пешрафтро бе такя ба дониш, таҳқиқот ва илму инноватсия тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бо мавқеъгирии муайян ба рушди соҳаи илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар яке аз суханрониҳои хеш Роҳбари давлат чунин таъкид намуданд: «Мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз сохторҳои калидӣ дар татбиқи ин сиёсат нақши созгор ва фаъол дорад. Сохтори мазкур дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ фаъолият намуда, ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ ва назорати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи вазоратро таъмин мекунад ва ҷараёни омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, рушди фаъолияти илмии омӯзгорону донишҷӯён, ташкили конфронсу семинарҳо, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амал, таҳлили фаъолияти илмӣ ва такмили сиёсати соҳа, инчунин, назорати иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти маориф ва илмро ба роҳ мемонад. Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Аҳмадҷон Раҳмонзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо — устодону омӯзгорон ва хонандагони арҷманди маҷалла мегардонем.

— Муаллими гиромӣ, дар оғози суҳбат оид ба самтҳои асосии кор ва натиҷаҳои раёсати илм ва инноватсия каме маълумот медодед.

—  Фаъолияти раёсати илм ва инноватсия, дар маҷмуъ, ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм бахшида шудааст. Кормандони раёсат фаъолияти хешро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамоиҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, мекӯшанд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷорӣ, заминаҳои устувори рушди илму инноватсияро барои солҳои минбаъда фароҳам оранд. Тавре ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Дар замони мо, яъне, давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд».

 Фаъолияти раёсат дар асоси Нақшаи кори вазорат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа амалӣ гардида, бештар ба татбиқи қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар равона гардидааст. Дар соли сипаригашта 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар гардида, мутобиқ ба талаботи замони муосир такмил дода шуданд. Аз ҷумла, Қоидаҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи аттестатсияи хатм, Низомнома оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи рисолаи магистрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома оид ба таҷрибаомӯзӣ дар магистратураи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи ташкили раванди таълим дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи роҳбарӣ (мушовирӣ) ба корҳои илмӣ-рисолаҳои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар гардида, бо қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд. Ин санадҳо тамоми зинаҳои таҳсилоти баъдидипломиро фаро гирифта, аз қабули магистрантон то ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар бар мегиранд. Яъне, мо кӯшиш кардем, ки низоми омодасозии кадрҳои илмиро ба як низоми муттасил ва ҳамоҳанг табдил диҳем. Ҳамзамон, таҳия ва тасдиқи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 як дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур бо мақсади идома бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳия  ва қабул гардидааст.

— Яке аз иқдомҳои муҳим ва мондагор дар рушди илми кишвар баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» мебошад, ки бо ташаббуси бевосита ва таҳти сарпарастии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мегуфтед, ки амалишавии ин тадбири муҳим то чӣ андоза ба рушди илм таъсиргузор аст?

— Бале, дар ҳақиқат, ин озмун имрӯз ба як падидаи ҷиддӣ ва муҳимму асаргузор дар фазои илмии кишвар табдил ёфтааст. Агар солҳои аввал онро бештар ҳамчун як чорабинии маърифатӣ қабул мекарданд, имрӯз он ба майдони воқеии рақобати зеҳнӣ ва кашфи истеъдодҳо мубаддал гардидааст. Масалан, дар даври чоруми озмун (соли 2025) аз рӯйи 8 номинатсия 671 нафар довталаб, аз ҷумла, 82 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 150 нафар аз вилояти Суғд, 144 нафар аз вилояти Хатлон, 159 нафар аз шаҳри Душанбе ва 136 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ин теъдод 225 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 222 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 154 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 40 нафар омӯзгорон, ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд. Дар сатҳи баланд баргузор шудани ин озмун ва бо ҳам омадани хонанда, донишҷӯ ва олим дар як фазои илмӣ худ як дастоварди бузург мебошад. Илова гардидани номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ низ ба рафти озмун бетаъсир намонд. Танҳо ҳамин тағйирот боис гардид, ки шумораи иштирокдорон нисбат ба соли пештар (2024) 104 нафар зиёд шавад. Ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи он аст, ки ҷавонон ба самти илмҳои муосир, махсусан, технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои ин озмуни бонуфуз ва дар умум, метавон гуфт, ки ин иқдоми наҷибу ояндасози Сарвари давлат баҳри кашфи истеъдодҳои нав, ҷавонони навовару ихтироъкор ва рушди илми тоҷик заминаи мусоид фароҳам овардааст.

— Дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илм ва маориф баргузоршуда чӣ натиҷаҳо доданд ва то кадом андоза ба рушди фаъолияти илмӣ ва ҷалби муҳаққиқон мусоидат намуданд?

— Дар баробари Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», се озмуни муҳимми дигар — «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва «Олими сол» ҳамасола баргузор мегарданд. Ин озмунҳо тамоми зинаҳои фаъолияти илмиро фаро гирифта, барои иштирокдорон имкони муаррифии дастовардҳои худро фароҳам оварданд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020 Низомномаи озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» тасдиқ гардидааст, ки тибқи талаботи ин санад дар даври ҷумҳуриявии озмун 9 нафар миёни омӯзгорон ва 6 нафар миёни олимон ғолиб меоянд. Ҳоло даври якуми озмунҳои ҷумҳуриявии «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор шуда, парвандаҳои ғолибон ба раёсати илм ва инноватсия ворид гардидааст ва онҳо, вобаста ба ҳар як озмун, аз ҷониби масъулин мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтанд. Қадрдонии ғолибони озмунҳои мазкур дар маросими бошукӯҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик баргузор мешавад. Дар маҷмуъ, натиҷаҳои ин сабқатҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар рушду таҳкими фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии муҳаққиқон ва ҷалби ҳарчи бештари олимону ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши муассир доранд.

— Имрӯзҳо рақамикунонӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани соҳаи илм самти афзалиятноки фаъолияти ниҳодҳои илмии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин самт чӣ ташаббусҳои назаррас амалӣ гардиданд?

— Яке аз иқдомҳои калидӣ ва муҳим, ки аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия ва бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм амалӣ гардид, таъсиси Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ — «Фарзонагон» мебошад. Ин платформа бо мақсади таъсиси махзани ягонаи илмӣ роҳандозӣ гардида, имрӯз ба як воситаи муҳимми идоракунии захираҳои илмӣ табдил ёфтааст. Пойгоҳ имкон медиҳад, ки маълумот оид ба кадрҳои илмӣ аз рӯйи ихтисос, синну сол, самти фаъолият ва дигар нишондиҳандаҳо таҳлил карда шавад. Ин барои банақшагирии сиёсати кадрӣ, муайян намудани ниёзҳои воқеии соҳа аҳаммияти калон дорад. Агар дар соли 2025 шумораи сабтиномшудагон 2850 нафар бошад, дар семоҳаи аввали соли 2026 ин рақам ба 6545 нафар расид. Нишондоди мазкур гувоҳи он аст, ки платформа тадриҷан ба як абзори кории воқеӣ мубаддал шуда истодааст.

— Сатҳи рушди илми ҳар як кишвар, пеш аз ҳама, аз фаъолияти олимон ва мавҷудияти кадрҳои баландихтисосу дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ вобаста мебошад. Ҳоло вазъи кадрҳои илмӣ ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ дар кишвар чӣ гуна аст?

— Тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба маротиб афзудааст ва ин раванд бомаром идома дорад. Дар соли 2025 ин нишондиҳанда 6630 нафарро ташкил дод ва дар аввали соли 2026 ба 6700 нафар расид. Аз ин теъдод 1005 (15,0%) нафар доктори илм (аз ҷумла, 180 нафар зан (18%)), 5376 нафар номзади илм  ва 294 (5,46%) нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Аз теъдоди умумии номзадони илм ва докторони фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос 1720 нафарро (32%) занон ташкил медиҳанд. Аммо бо вуҷуди ин, талабот ба кадрҳои илмӣ ҳанӯз баланд аст. Аз ин рӯ, мекӯшем, ки ҷавонони болаёқатро ба фаъолиятҳои илмӣ боз ҳам бештар ҷалб намоем.

Фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ низ мавриди назар қарор дорад. Ҳоло шумораи онҳо ба 94 адад мерасад,  ки ин худ нишондиҳандаи густариши фазои илмӣ мебошад. Лоиқи зикр аст, ки дар се моҳи аввали соли 2026 117 нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя карданд. Мо танҳо ба афзоиши рақамҳо қонеъ намешавем, балки масъалаи сифати корҳои илмӣ ва фаъолияти назарраси шуроҳоро низ муҳим мешуморем. Дар баъзе ҳолатҳо норасоиҳои ҷузъӣ ба назар мерасанд, аз ин рӯ, барои ислоҳи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

— Дар самти идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?

— Дар ин самт бештар ба таҳлил ва назорат таваҷҷуҳ карда мешавад. Ҷараёни таҳсил дар зинаҳои магистратура, докторантура ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ пайваста мавриди омӯзиши гурӯҳҳои корӣ қарор мегиранд. Натиҷаҳои ин таҳлилҳо дар ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илм ва ҳайати мушовара баррасӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо ба муассисаҳои илмиву таълимӣ дастурҳои мушаххас дода мешаванд. Кормандони раёсат барои пешрафти илми кишвар тамоми кӯшишу имконотро сафарбар намуда, ҷиҳати таҳкими неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фаъолияти пурбор доранд.

— Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик аз ҷониби раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм чӣ тадбирҳо ва ташаббусҳои илмӣ ба нақша гирифтаву амалӣ шуданд?

— Зиндагии имрӯзаро бе рушди илм ва дастовардҳои рӯзафзуни он наметавон тасаввур кард, аз ин рӯ, нақши илм ва тафаккури илмӣ дар пешрафти кишвари азизамон басо назаррас аст. Тавре устоди илму ахлоқ Абдурраҳмони Ҷомӣ гуфтааст:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Бинобар ин, Рӯзи илми тоҷик дар Тоҷикистон бисёр бошукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ: донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳо ҳафтаҳо, даҳаҳои илм доир мешаванд. Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия низ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда буданд, ки то имрӯз қисми зиёди онҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, чӣ тавре ки дар боло ишора намудем, се озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ — «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва «Олими сол» дар арафаи ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд. Ҳамзамон, силсилаи конференсия, семинар ва ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ оид ба мавзуъҳои муҳим баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии муҳаққиқон, рушди тафаккури илмӣ, таҳкими иқтидори кадрии соҳа ва густариши ҳамкориҳои илмӣ равона гардидаанд. Албатта, чунин чорабиниҳо ба муаррифии дастовардҳои нави илмӣ, мубодилаи таҷриба байни олимону муҳаққиқон ва баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа мусоидат менамоянд.

— Дар остонаи Рӯзи илми тоҷик ба аҳли илм ва хонандагони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» чӣ гуфтаниҳо доред?

— Рӯзи илми тоҷик рамзи эҳтиром ба дониш, заҳмати олимон ва ҷустуҷӯи пайвастаи ҳақиқат аст. Мо мебинем, ки бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон соҳаи илм дар кишвар ба марҳилаи нави пешрафту комёбиҳо ворид мегардад. Аҳли илмро мебояд, дар баробари омӯхтану аз худ кардани илмҳои мухталиф ва ба ҷомеа муфид, ташвиқи атрофиён ба илму ҳунаромӯзӣ амал кардан аз рӯйи дониставу омӯхтаҳояшонро ҳадафи аслии хеш қарор диҳанд, зеро шоир гуфтааст:

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

— Ташаккур барои суҳбати муфид ва самимӣ!

— Саломат бошед!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *