Мухбирҷон КӮҲСОРӢ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Муҳаммад ҒАНИЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи «Пайрав»
Бузургманише хуб фармудааст: «Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки маҳз бо донишу фарҳанги баланд, камоли касбият, ростқавлию покниҳодӣ ва ё дақиқкорию садоқатмандию қалами буррояшон дар ёду хотироти неки ҳамасрону ҳамкасбон ба таври ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд».
Ба пиндори шахсии мо, маҳз ба туфайли осори мондагори чунин инсонҳои асилу наҷиб ва зиндаёд шамъи хотироташон дар қалбҳои мардум ҳамеша фурӯзон боқӣ мемонад ва монанди Офтоби оламтоб нур мепошад. Бале, шоири шаҳир Сафармуҳаммад Айюбӣ дар шеъри “Шамъи мазор” ин матлабро пештар аз мо баён карда буд:
Дӯстон, ҳар лаҳза рӯ бар ёдгори ман кунед,
Ёд аз бинвиштаҳои рӯзгори ман кунед.
Чор фасли сол дорад дафтари аъмоли ман,
Ёди айёми хазону навбаҳори ман кунед…
Ҳар чӣ бад кардам, чаро бинмудам ин айбу гунаҳ,
Пурсиш аз ёрони неку бадгумони ман кунед.
В-он чи некӣ кардаам, то нек бошанд одамон,
Гоҳ-гоҳе бо муҳаббат ифтихори ман кунед.
Шоири номвару тавоно Сафармуҳаммад Айюбӣ 20-уми декабри соли 1945 дар шаҳри бостонии Кӯлоб таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бомуваффақият ба итмом расонид. Баъдан ба ҳайси мухбири рӯзномаву оҷонсиҳои “Бо роҳи ленинӣ”, “Хатлон”, ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), сипас, сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти Телевизиони Тоҷикистон (1993 – 1995), сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995 – 1997) ва мудири шуъбаи фарҳанг, иттилоот ва иҷтимоиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997 – 2008) фаъолият намуда, аз соли 2008 бознишаста ва машғули кори эҷодӣ буд.
Нахустин шеърҳои ӯ аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Помир”, “Маориф ва маданият”, “Тоҷикистони Советӣ”, “Адабиёт ва санъат” ва дигар расонаҳои хабарию адабӣ мунташир гардидаанд. Муаллифи маҷмуаҳои “Гули гандум” (1981), “Роҳи сафар” (1984), “Шохаи барқ” (1986), “Фалаки роғӣ” (1990), достонҳои “Хоҳиши дарё” (1990), “Мунзим” (1990), “Вафои Зарробӣ” (2001), “Маснавии мирӣ” (2001), “Шаҳриёрнома” (2002) ва осори дигар ҳисоб меёбад.
Бештар аз 200 драмаи манзум, аз қабили “Фишор” (1984) ва “Заволи Чамбули Мастон” (1997) ва монанди инҳо эҷод намудааст. Драмаи “Заволи Чамбули Мастон”-ро дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин асар шуморидаанд ва он соҳиби Ҷоизаи олии фестивал — “Гран-при” гардида буд. Ҳамчунин, асарҳои манзуми драмавии ӯ “Хатои охирини Афлотун” (1990), “Алии Сонӣ” (1994), “Меъроҷи Шоҳин” (1995), “Айюби Собир дар шаҳри бесуннат” (1996), “Амир Балъамӣ” (1997) ғолиби машварат-озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон гардидаанд. Илова бар ин, ашъори ҷудогонаи адибони маъруф Н. Доризо, Р. Рождественский, М. Геттуев, Миртемир ва дигаронро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Сафармуҳаммад Айюбӣ – Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000), дорандаи Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон бо унвони Ноҳид (1994), узви Иттифоқи нависандагон (аз соли 1980), узви Иттифоқи журналистон (1986), узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон (1981) рӯзи 22-юми феврали соли 2011 аз олам даргузашт. Устод Сафармуҳаммад Айюбиро дар мазори мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд. Мадфани ӯ имрӯз зиёратгоҳи дӯстдорони адабу фарҳанги тоҷик аст.
Рӯзноманигор Шавкат Саидов бо раиси Иттифоқи ходимони театри мамлакат, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров, ки нахустин ашъори Айюбиро оҳанг баста, суруда ва аввалин драмаи ӯро рӯйи саҳна оварда аст, мусоҳиба анҷом дода, онро таҳти унвони “Эҷоди Сафармуҳаммад Айюбӣ ҳам хонданӣ, ҳам диданист” 30-юми марти соли 2002 дар нашрияи «Садои мардум» ба табъ расонд. Дар мусоҳиба Мирзоватан Миров дар бораи Сафармуҳаммад Айюбӣ чунин ибрози ақида намудааст: «Бале. Аввалин шеъри ӯ, ки дар пояи касбӣ мусиқӣ баста, суруда шуд, «Саҷда ба деҳқон» аст ва аввалин драмаи манзуме, ки Сафармуҳаммад навишт, «Фишор» ном дошт. Ӯ ҳашт варианти драмаи «Фишор»-ро навишт ва комёб ҳам шуд. Ҳамин драмаи ӯ дар Озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон, шоҳҷоиза – Гран-при гирифта, дар Фестивали минтақаи Осиёи Марказӣ беҳтарин спектакли мусиқӣ шинохта шуд. Драмаи калонҳаҷму орифонаи «Заволи Чамбули Мастон» низ бо дархости Театри шаҳри Кӯлоб навишта ва бори нахуст аз тарафи камина таҳия гардид. Сафармуҳаммад Айюбӣ аввалин шуда аз эпоси қаҳрамонии халқамон – «Гӯрғӯлӣ» асари саҳнавии манзум сохт. Ҳамин драмаро режиссёри болаёқат Давлат Убайдуллоев баъдтар дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳия кард ва он сазовори шоҳҷоизаи Фестивали «Парасту» гардид. Драматургияи Айюбӣ ҳам хонданӣ ва ҳам диданист. Бовар дорам, шахсе, ки умуман, ба театр нарафтааст, агар драмаи Айюбиро хонад, ҳатман саҳнаеро тасаввур мекунад. Асарҳои ӯ фарҳанги хосса ва дилрабоӣ доранд. Махсусан, драмаҳои «Заволи Чамбули Мастон», «Алии Сонӣ», «Айюби Собир дар шаҳри бесуннат», «Сакароти Қорун», «Хатои охирини Афлотун» ва «Дақиқӣ» мазмуну муҳтавои қавӣ доранд.
Асарҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ вобастаи як кишвар ва як миллат нестанд. Ҳар як театри кишвари дигар метавонад ин асарҳоро рӯйи саҳна биёрад ва ба манфиати ҷомеаи худ истифода барад. Драмаи ӯ мавзуъ ва моҳияти умумибашарӣ дорад. Сафармуҳаммад Айюбӣ ба мавзуъҳои жарфу гиреҳхӯрдаи фалсафӣ даст зада, хушбахтона, аз уҳдаи ҳалли онҳо ба хубӣ баромадааст.
Драмаҳояш моли адабиёт ва театри баланди касбиянд. Бесабаб нест, ки драмаи «Ҷилвагоҳи офтоб»-и Сафармуҳаммад Айюбӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шуд».
Сафармуҳаммад Айюбӣ дар нигоҳи аҳли адаб
Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон: «Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ маснавии «Шаҳриёрнома»-ро ба тасвири роҳи пур аз фарозу фуруд, моломоли дардҳову доғҳо ва дар ниҳоят, ба даст овардани сулҳи кулл ва ваҳдати комили тоҷикон бахшидааст».
Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон: «Дар адабиёти пешин ва имрӯзи тоҷик на ҳама шоирро табъи равон дошт ва ё дорад, гуфта, унвон додаанд. Ҳаққо, ки Сафармуҳаммад Айюбӣ ба ҳамин тавсиф сазовор аст. Ӯ метавонад дар як шаб ва ё фосилаи бисёр кӯтоҳ силсилаи шеър ё таронаҳои дилписанд бинависад. Ин мушоҳидаҳоро дар давоми ҳамкориҳоямон борҳо санҷидаам».
Гулназар, Шоири халқии Тоҷикистон: «Дӯсти азиз, Айюбӣ! Дар мазорҳои мухталифи мо, ки асрҳои аср зиёратгоҳи мардум буданд, чароғҳои равшан мадфунанд. Онҳо ҳам дар гузашта роҳи хурду калонро мунаввар мекарданд ва имрӯз ҳам. Зеро чунин мардони худафрӯзу худфарсо барои худшиносии миллати бузурги мо бисёр заруранд. Онҳоро ёд кардан ва дар ёди худ фурӯзон нигоҳ доштан кори савоб аст. Офарин!».
Абдураҳмон Абдуманнон, мунаққид ва адабиётшинос: «…Таҷрибаи зиёд дошт, дониш дошт, заковати бисёр баланду тез дошт. Бинобар ин, Сафармуҳаммад метавонист дар дилхоҳ мавзуъ як шеъри хуб эҷод кунад. Таълифи драмаҳои манзум дар адабиёти замони Шуравии мо собиқае дошт, баъзе песаҳои драматургони маъруфи ҷаҳонро низ устодон Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим ба назм тарҷума кардаанд. Лекин Сафармуҳаммад Айюбӣ ба рушду такомули ин жанри адабӣ, гӯиё, як такони ҷиддӣ бахшид ва метавон гуфт, ки дар ин ҷода пештоз буд».
Абдунабӣ Сатторзода, д.и.ф., профессор ва мунаққиди маъруф: «Дар адабиёти муосири тоҷик зиндаёд Сафармуҳаммад Айюбӣ қариб дар тамоми навъҳои адабии суннатӣ, муосир ва адабиёти шифоҳӣ ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, маснавӣ, қасида, мухаммас, марсия, шеъри нав (арӯзи озод), чаҳорпора, тарона, суруд, лапар, намоишнома, филмнома, монолог (яккафарёд), композитсияи адабӣ, интермедия, повест, ҳикоя ва дигар асарҳо навиштааст. Ӯ соҳиби 10 маҷмуаи шеър, беш аз 200 драма, 10 филмнома, 1 повест ва 1 ҳикояти воқеӣ мебошад.
Мавсуф дар гуфтани асарҳои манзум, хосса, маснавӣ, суруд ва драмаҳои манзум маҳорати баланди худро дорад. Дар байни навиштаҳои фаровони манзум ва мансури устод Сафармуҳаммад Айюбӣ асарҳои шоистаи нақду баррасӣ ҳастанд, мисли шеърҳои «Худношиносӣ», «Тавоф», «Ҳама хандед», «Катибаи нофармуда», «Асп», «Ба ёди шоир Ҳабибулло Файзулло», «Манзараҳои шабҳангом», «Таскин», «Дарёи Ниёб», чанд дубайтию рубоии нағз, маснавиҳои «Ҳамосаи Душанбе», «Модар», «Нест муъминтар зи шоир Муъмине», намоишномаҳои «Амир Исмоил», «Сомонхудот», «Драмаи миллат», «Ҳаким Рӯдакӣ», «Дақиқӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Меъроҷи Шоҳин», «Фишор», повести «Айюби Исо» ва ҳикояти воқеии «Хизр ҳамроҳи ман аст» ва ғайраҳои дигар мебошанд. Шеърҳои беҳтарину марғуби шоири шаҳир ҳамонҳоеанд мисли се шеъре, ки зикрашон рафт, дар онҳо маъниҳову тасвирҳои басо ҳам шоирона ҳастанд. Сафармуҳаммад Айюбӣ дар матлаи ғазали бо радифи «Чанде ки тавонистам» эълом доштааст, ки:
Гуфтам ғазали дилҳо, чанде ки тавонистам,
Кардам ба ҷаҳон ово, чанде ки тавонистам.
Хулоса, устод Сафармуҳаммад Айюбӣ ҳамчун шоир, драманавис, нависанда ва рӯзноманигор дар раванди инкишофи адабиёти муосири тоҷик саҳми муносиб ва ҷойгоҳи худро дорад ва сазовори он аст, ки фаъолияти офаринишии бисёрсоҳааш низ омӯхта шавад!».
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, адабиётшинос: «Драмаҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ ба мавзуъ ва давраҳои мухталифи зиндагии халқамон бахшида шудаанд. Сар карда аз замонҳои қадим то масъалаҳое, ки дирӯзу имрӯзҳо ҷомеаи Тоҷикистон аз сар гузарониду мегузаронад. Бинобар ҳамин ҳам, доираи вусъати фарогирии асарҳои драмавии Сафармуҳаммад Айюбӣ ниҳоятан фарох аст.
Ғайр аз драмаҳояш, ки дар жанрҳои гуногун офарида шудаанд, шеърҳояш, махсусан, ғазалҳояш бисёр ҳам дилнишин буданд. Дар ҳама ғазалҳояш ба шуарои бисёр муътабари классикии мо пайравӣ мекард, ё ин ки сабкаш ба онҳо монанд буд. Айюбӣ бисёр байтҳои олиҷаноб мегуфт. Шеърҳояш ба мавзуъҳои гуногун бахшида шудаанд. Ватандӯстию меҳру муҳаббати инсон, садоқат, тасвири бисёр ҳам писандида буданд ва аз ҷониби мухлисони шеър хуб пазируфта мешуданд».
