Гавҳар МУРОДОВА,
омӯзгор, шаҳри Душанбе

Дарси намунавӣ дар синфи 7 дар мавзуи «Артиши миллӣ — кафили сулҳу оромии кишвар»

Артиши миллӣ рамзи давлатдории миллӣ ва кафили суботи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, ҳар як фарди кишварро месазад, ки ин аркони муҳимми давлатдории навини худро бишиносад ва барои тақвияти он хидмати фарзандона анҷом диҳад. Доир ба ин масъалаи муҳим як дарси намунавиро дар синфи 7 дар мавзуи «Артиши миллӣ — кафили сулҳу оромии кишвар» манзури устодону омӯзгорон ва хонандагони маҷалла мекунем.

Мақсади дарс: Тарбия намудани шогирдон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинию тафаккури онҳо ва дар вуҷуди хонандагон парваридани меҳру муҳаббат ба Ватан ва миллат.

 Аёният: Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ, расму мусавварраҳое, ки дар онҳо Қаҳрамонони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ аз Тоҷикистон, расми сарбозони Артиши миллӣ, техникаи ҳарбӣ ва ғайра лозим мешаванд (корҳои хаттӣ, асарҳои адибон, расмҳои кашидаи хонандагон ва ғайра).

 Иштирок доранд:

  1. Роҳбарият ва омӯзгорони мактаб.
  2. Падару модарон.

 Равиши дарс:

Омӯзгор: — Салом бачаҳо.

Хонандагон: — Салом ба шумо.

Суруди миллӣ хонда мешавад:

 Диёри арҷманди мо,

 Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

 Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

 Зи дурии замонаҳо расидаем,

 Ба зери парчами ту саф кашидаем,

кашидаем!

 Зинда бош, эй Ватан,

 Тоҷикистони озоди ман…

 Омӯзгор: — Ҳамкорони муҳтарам, меҳмонони гиромӣ ва шогирдони азиз! Имрӯз мо — мардуми шарафманди Тоҷикистон 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоем. Ба ин муносибат ба ҳар ҷавонмард ва шаҳрванде, ки суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро андеша мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватанпарвариро орзу менамоям. Шумо ҳам шогирдони азиз, дар оянда чун бузургонамон барои Ватан хидмат карда, ин марзу буми муқаддасро ҳифз хоҳед кард.

 Ҳозирини гиромӣ, ҳоло барои пеш бурдани дарси имрӯза суханро ба шогирдон медиҳам. Марҳамат.

Малика: — Дӯст доштани Ватан ва ҳимояи он қарзи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо Ватанро бо ифтихор Модар мегӯем, ки ин басо рамзӣ аст. Ин мазмун дар ашъори шоирони тоҷик хеле самимӣ садо додааст, аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар васфи Ватан чунин сурудааст:

 Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,

 Авроди забони ман каломи Ватан аст,

 Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,

 Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.

Сурӯш: — Мо хеле хуб медонем, ки муҳтавои тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ аз дӯстдории Ватан ва ҳимояи он аз душманон иборат аст. Тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ҳар қадар амиқу муассиру фарогир бошад, Артиши миллӣ ҳамон қадар муқтадиру тавонманд хоҳад шуд. Мо бояд аз синни мактабӣ ин гуфтори ҳакимонаро дар мағзи худ ҷой бидиҳем: “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар”.

 Нигора: — Офарин, ҳамсабақони азиз, акнун шуморо ба тамошои филми мустанади “Сарбозони Ватан” ҷалб менамоям, то ки ба таърихи таъсисёбии артиши қаҳрамонамон шинос шавед. Артиши миллии Тоҷикистон соли 1993 ташкил ёфта, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои қавӣ шудани он пайваста чораандешӣ мекунад. Артиш барои ҷавонон мактаби тарбияи мардонагӣ, масъулияти баланди шаҳрвандию ватандӯстӣ мебошад.

 Омӯзгор пас аз тамошои филм ба хонандагон муроҷиат мекунад: — Акнун доир ба филм андешаи шуморо мешунавем.

 Дилшод: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, бояд пеш аз ҳама, дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд, чунки артиш симои миллат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввали обрӯйи он аст”.

Мафтуна: — Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4-уми январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30-юми сентябри соли 1992 баҳри иҷрои Фармон аз 17-уми сентябри соли 1992  “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа”  Қарори Девони вазирон қабул гардид.

Фаромарз: — Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ” ба имзо расонданд.

Найсон: — Дар асоси моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Вазифаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди халқ аз он иборат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро боэътимод муҳофизат намуда, доимо дар ҳолати омодабоши ҷангӣ бошанд.

Таҳмина: — Таъсиси Артиши миллӣ барои ҳар фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эҳёи ифтихори миллиро гузошта, аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад, махсусан, дар ҳамон рӯзҳое, ки ба тақдири мамлакат, истиқлоли Тоҷикистони азиз ва якпорчагии кишвар хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, Пешвои муаззами миллат бо таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон дар  кишвар сулҳу салоҳро пойдор карданд.

Фаридун: — Имрӯз аҳаммияти муҳофизати марзу буми мамлакат, дастовардҳои Истиқлоли миллӣ торафт меафзояд, зеро хавфи терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба ҳар кишвари тозаистиқлол таҳдид мекунад. Барои ҳифзи истиқлол ва марзу бум артиши муназзам ва неруманд зарур мебошад. Дар бораи заҳмату рисолати сарҳадбонон шоири номвар Алимуҳаммад Муродӣ чунин гуфтааст:

САРҲАДБОН

Ҷовидон:

Ӯ намехобад,

Чун ватандор аст,

Чун ватанбон аст,

Бори сангини ватандорист бар дӯшаш,

Бонги огаҳбошу ҳушëрист дар гӯшаш.

 

Бунафша:

Ӯ намехобад,

Чун агар хобад,

Мешавад вайрона ҳар обод,

Гӯри тифле мешавад гаҳвораи нозаш

Мешавад лолоие фарёд.

 

Зариф:

Бе кӯлоҳи сабзи сарҳадбон,

Сабзаи армон намерӯяд,

Киштаи деҳқон намерӯяд,

Аз замин як дон намерӯяд.

 

Ҳама:

Ӯ намехобад,

Дар хати сарҳад,

Марзбон ҳамчун чароғи марз бедор аст,

Чун ватанбон аст,

Чун ватандор аст.

Гесӯ: — Офарин, ҳамсинфони азиз, шумо дар бораи таърихи таъсиси Артиши миллиамон маълумоти хеле хуб доред. Ҳоло биёед, суруди “Садоқат”, шеъри Кароматулло Олимзода бо оҳанги Саидқул Билоловро якҷоя бихонем.

 Аё, Тоҷикистони озоди ман,

 Умеди дилу хотири шоди ман.

 Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифо,

 Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо.

 

 Ватан, боиси ифтихорам туӣ,

 Ватан, манбаи эътиборам туӣ.

 Ватан, тору пуди вуҷудам туӣ,

 Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ.

 

 Манам вориси Рустами Достон,

 Чу Восеи размовари паҳлавон.

 Чу сарбози Темурмалики замон,

 Наёбад зи ман душмани ту амон.

 

 Ба софии оби зулолат қасам,

 Ба покии хоку ҷалолат қасам,

 Зи кӯҳсору водӣ ҳама тоҷикем,

 Ҳама яктану ҷон ба ту содиқем.

Рустам: — Садоқат ба Ватан, корнамоиҳои ҳар як сарбозу афсари Артиши миллӣ дар роҳи дифоъ аз Ватан аз муҳимтарин мавзуъҳои адабиёт ва санъат аст. Адибон бахшида ба ин мавзуъ асарҳои зиёде эҷод намудаанд, ки онҳоро барои таълим ва тарбияи ватандӯстӣ истифода намудан зарур мебошад.

 Парвиз: — Имрӯз аксари ҷавонони кишварамон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии ҷумҳурӣ бо амри дил хидмат кардан мехоҳанд. Мусаллам аст, ки ҳар як давлат бе артиш вуҷуд дошта наметавонад, зеро артиш таъминкунандаи амният, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат мебошад.

 Шаҳром: — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро хидмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бо нангу номуси миллат аст”.

 Омӯзгор: — Шогирдони азизам! Ҳаёти хушбахтонаи мо аз сулҳу амонист. Мақсади ягонаи мо муҳофизати Меҳан мебошад. Барои он ки сулҳ пойдор бошад, мо бояд хуб хонем, дониши васеъ гирему ба Ватан хидмати арзанда кунем.

Хидмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст,

Дурӣ зи Ватан шеваи номардон аст.

Меҳмонон, омӯзгорон ва шогирдони азиз!

 Пеш аз он ки дарсро ба анҷом расонем, ҳамаи шуморо бори дигар ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, ба шумо бахту саодат ва хонаободиро таманно менамоям. Хуш омадед ба дарси имрӯзаи мо.

 Шогирдони азиз, дар хона як иншои хуб дар мавзуъҳои Ватан, Артиши миллӣ ва сулҳу ваҳдат нависед.

Хайр, бачаҳо, то дарси оянда.

Хонандагон: — Хайр, муаллима.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *