Фаридун ҲОТАМОВ,
унвонҷӯйи Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Рушди ҷомеаи демократӣ, ки бар пояи қонуният, адолат ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон асос меёбад, ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан, хонандагон вобастагии мустақим дорад. Яке аз самтҳои муҳимми ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон мебошад, зеро муассисаи таълимӣ нахустин муҳити иҷтимоӣ ва тарбиявиест, ки дар он пояҳои фарҳанги ҳуқуқӣ гузошта мешаванд. Аммо таҷрибаи таълим нишон медиҳад, ки дарсҳои асосии барномавӣ на ҳамеша имкон медиҳанд, ки дониш, маҳорат ва муносибати ҳуқуқии хонандагон ҳамаҷониба инкишоф ёбад.
Таҳлилҳо баёнгари онанд, ки дарсҳои иловагӣ воситаи муҳимми такмилдиҳандаи рушди маърифати ҳуқуқӣ мебошанд, зеро онҳо имконият фароҳам меоранд, ки доираи маърифати ҳуқуқии хонандагон густариш ва малакаҳои татбиқи қонун дар амал ташаккул ёбад ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии онҳо рушд кунад.
Маърифати ҳуқуқӣ ҷамъи донишҳои ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва малакаҳои амалӣ мебошад, ки дар раванди омӯзиш ва корҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Он ба шахс имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худро шиносад, онҳоро дар муносибатҳои иҷтимоӣ дуруст татбиқ намояд, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва давлат дарк кунад ва ба қонун эҳтиром гузорад. Он на танҳо донистани меъёрҳои қонунгузорӣ, балки дидани арзишҳои инсонӣ аз диди ҳуқуқ, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва қабули қарорҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад. Бинобар ин, маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи тарбияи шахсияти босавод ва хоҳони адолат мебошад.
Дар илми педагогика ва сотсиологияи ҳуқуқ мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-маданӣ баррасӣ шуда, он яке аз нишондиҳандаҳои асосии дараҷаи рушди демократияи ҷомеа мебошад. Тибқи андешаи файласуф ва ҳуқуқшиноси маъруф С.А. Комаров, маърифати ҳуқуқӣ «омезиши донишҳои ҳуқуқӣ, эътиқод ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва омодагӣ ба риояи қонун» мебошад.
Дарсҳои иловагӣ дар низоми таҳсилот яке аз он шаклҳои таълиму тарбия ба шумор мераванд, ки имконияти таълимии мактабро тавсеа медиҳанд ва ба такмили малакаҳо ва дониши хонандагон мусоидат менамоянд. Хусусияти асосии дарсҳои иловагӣ дар он аст, ки онҳо ба таври интихобӣ, бар асоси хоҳиш, майл ва қобилияти хонандагон амалӣ карда мешаванд. Ин омил дарсҳои иловагиро ба муҳити озод ва эҷодӣ табдил медиҳад, ки дар он равандҳои таълимӣ таъсири бештар мегиранд.
Дарсҳои иловагӣ дар заминаи таълими ҳуқуқӣ дорои нақши муҳим мебошанд, зеро онҳо шароит муҳайё месозанд, ки хонандагон донишҳои назариявии ҳуқуқиро дар амал татбиқ намуда, қобилияти таҳлили ҳуқуқиро ташаккул диҳанд. Дар доираи чунин дарсҳо масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, масъулият, уҳдадориҳо дар оила ва ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Маҳз дар ҳамин шароит муносибати фаъол ва мавқеи шаҳрвандии хонандагон ташаккул меёбад.
Аз назари педагогӣ, дарсҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии хонандагон баланд шавад, донишҳои онҳо мустаҳкам гарданд ва дар онҳо тафаккури ҳуқуқӣ ташаккул ёбад. Тавре ки муҳаққиқ В.А. Сластёнин таъкид менамояд: «Дарсҳои иловагӣ воситаи муассири рушди қобилияти шахсӣ ва иҷтимоии хонандагон, инчунин, омили муҳимми ташаккули тафаккури мустақилона мебошанд». Аз ҳамин лиҳоз, татбиқи дурусти чунин дарсҳо метавонад ба рушди фарҳанги ҳуқуқии хонандагон такони ҷиддӣ бахшад.
Омӯзиши ҳуқуқ дар дарсҳои иловагӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир ва хусусиятҳои синнусолии хонандагон бояд ба таври системавӣ ташкил карда шавад. Яке аз бартариҳои асосии дарсҳои иловагӣ дар он аст, ки онҳо имкони омӯхтани масъалаҳои мураккаби ҳуқуқиро ба воситаи таҳқиқот, муҳокима, машқҳои амалӣ ва моделсозии вазъияти ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Илова бар ин, дар раванди дарсҳои иловагӣ метавонанд озмунҳои «Ҳуқуқшиноси наврас», конфронсҳои илмӣ-амалӣ, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносони ҳирфаӣ ва маҳфилҳои ҳуқуқшиносӣ гузаронида шаванд. Чунин шаклҳои кори беруназсинфӣ на танҳо шавқ ва ангезаи хонандагонро меафзоянд, балки имкони рушди малакаҳои иртиботӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро низ фароҳам меоранд.
Ташкили дарсҳои иловагӣ дар самти маърифати ҳуқуқӣ бояд бо дарназардошти хусусиятҳои равонӣ-педагогии хонандагон, сатҳи омодагии онҳо ва зарурати иҷтимоӣ-тарбиявӣ амалӣ карда шавад. Дар ин самт истифодаи усулҳои гуногун самаранок мебошад. Дар илми педагогика методҳои асосии таълимӣ дар дарсҳои иловагӣ чунинанд:
- Методи суҳбат ва баҳси ҳуқуқӣ, ки барои бедор намудани фикрронӣ ва таҳлили ҳуқуқӣ истифода мешавад.
- Методи омӯзиши амалӣ (практикӣ), ки ба воситаи ҳалли масъалаҳо ва ҳолатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ мегардад.
- Методи нақшофарӣ, ки дар симулятсияи мурофиаи судӣ, ҷаласаҳои шурои мактаб ё вазъияти ҳуқуқӣ истифода шуда, малакаи муоширати ҳуқуқиро инкишоф медиҳад.
- Методи лоиҳа (проектӣ), ки дар он хонандагон лоиҳаҳои ҷамъиятӣ ва маърифативу ҳуқуқиро иҷро мекунанд.
- Методи бозӣ, ки зимни он бозиҳо дар мавзуи ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани шавқ ва фаъолнокии хонандагон иҷро мегардад.
Шаклҳои асосии кори беруназсинфӣ инҳоянд:
— маҳфилҳои «Ҳуқуқшиноси наврас»;
— лексияҳои кушода;
— тренингҳо ва семинарҳо;
— мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
— конференсияҳо ва мубоҳисаҳои илмӣ;
— озмунҳои навиштани эссе ва мақолаҳои ҳуқуқӣ;
— ташкили рӯзҳои ҳуқуқ дар мактаб.
Истифодаи чунин усулҳо ба хонандагон на танҳо донишҳои ҳуқуқӣ медиҳад, балки онҳоро ба фаъолияти мустақилона, таҳлили воқеаҳои иҷтимоӣ ва арзёбии қонунӣ тарғиб менамояд.
Самтҳои фаъолияти ҳуқуқӣ-тарбиявӣ дар доираи дарсҳои иловагӣ бояд ба ташаккули шахсияти донишомӯз ҳамчун субъекти фаъол ва масъули муносибатҳои ҳуқуқӣ равона карда шаванд. Дар ин самт равишҳои зерин муҳим арзёбӣ мегарданд:
- Самти иттилоотӣ-маърифатӣ. Ин самт ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии хонандагон нигаронда шудааст. Мавзуъҳои асосӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд, масъулияти ҳуқуқӣ, Конститутсия ва қонунҳои асосии кишвар, ҳуқуқҳои кӯдакон, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ мебошанд.
- Самти тарбиявӣ. Ин самт ба ташаккули ҳисси эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии хонандагон равона мешавад. Ҳадафи ин самт дар он аст, ки хонандагон фаҳманд, ки риояи қонун на танҳо талаботи давлатӣ, балки арзиши иҷтимоӣ ва меъёри фарҳангӣ мебошад.
- Самти амалӣ. Рушди малакаҳои амалӣ дар раванди дарсҳои иловагӣ аҳаммияти хос дорад. Машқҳои амалӣ, таҳлили вазъиятҳои воқеӣ, моделсозии раванди судӣ ва таҳияи аризаҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи машғулиятҳои самаранок ба ҳисоб мераванд.
- Самти пешгирикунанда (профилактикӣ). Ин самт ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои хонандагон иртибот дорад. Бо мақсади коҳиш додани ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мубориза бо зӯроварӣ дар муҳити мактаб, пешгирии ҷинояткории ноболиғон ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
- Самти иҷтимоӣ-шаҳрвандӣ. Бо мақсади ташаккули ҳисси хештаншиносии миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ, хонандагон ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ, корҳои ихтиёрӣ (волонтёрӣ) ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҷалб мешаванд. Ин раванд дар баробари густариши ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ онҳоро ба ҳаёти иҷтимоӣ фаъолона ворид менамояд.
Бо вуҷуди аҳаммияти баланди дарсҳои иловагӣ дар рушди маърифати ҳуқуқии хонандагон, як қатор мушкилот дар амалияи таълим ва тарбия ба назар мерасанд. Аз ҷумла:
— сатҳи нокифояи тайёрии методии баъзе омӯзгорон дар самти таълими ҳуқуқ;
— беэътиноӣ ва сатҳи пасти ангезаи хонандагон ба омӯзиши фанни ҳуқуқ;
— маҳдуд будани захираҳои таълимӣ ва адабиёти ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
— кам будани ҳамкорӣ миёни мактаб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаҳои профилактикӣ;
— набудани барномаҳои ягонаи методӣ барои дарсҳои иловагии ҳуқуқ.
Барои бартараф намудани ин мушкилот зарур аст, ки самтҳои зерин амалӣ карда шаванд:
— такмили ихтисоси омӯзгорон дар самти таълими фанни ҳуқуқ;
— ҷорӣ намудани технологияҳои интерактивӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар дарсҳои иловагӣ;
— ташкил намудани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва адлия;
— таъмини мактабҳо бо адабиёти ҳуқуқӣ ва маводди методӣ;
— баргузории олимпиадаҳо, тренингҳо ва маҳфилҳои ҳуқуқӣ.
Ҳамин тавр, дар шароити муосири иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон яке аз муҳимтарин вазифаҳои низоми маорифи миллӣ ба ҳисоб меравад. Дарсҳои иловагӣ ҳамчун омили муассири ин раванд дар ташаккул ва такомули маърифати ҳуқуқии наврасон ва ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши назаррас дорад. Дарсҳои иловагӣ имкон медиҳад, ки донишҳои назарӣ бо амалӣ пайваст шаванд, тафаккури ҳуқуқӣ рушд намуда, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул ёбад. Ташкили дуруст ва мақсадноки дарсҳои иловагӣ дар заминаи таълими ҳуқуқ метавонад ба паст шудани сатҳи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидат карда, инчунин, фарҳанги ҳуқуқиро дар ҷомеа таҳким бахшад.
Адабиёт:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».
- Комаров С.А. Теория государства и права.
- Сластёнин В.А. Педагогика профессионального образования.
- Марков А.К. Методы активного обучения.
