Ҷавонмеҳр ИСМАТОВ,
омӯзгори кафедраи фанҳои тахассусии
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд
Витаминҳои гурӯҳи А ҳосилаҳои каротин буда, монанди каротин дар об ҳал намешаванд. Онҳо танҳо дар равғанҳо ва ҳалкунандаҳои равғанӣ ҳал мешаванд. Ин витаминҳо бештар дар бофтаҳои ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонӣ вохӯрда, дар онҳо ҳосил мешаванд. Дар шири гов, хусусан, дар фасли тобистон миқдори ин витаминҳо зиёд аст.
Бояд зикр кард, ки витаминҳои гурӯҳи А дар растаниҳо низ фаровонанд. Витаминҳои гурӯҳи А аз каротиноидҳо, ки дар растаниҳо васеъ паҳн шудаанд, ҳосил мешаванд. Алоқаи зичи байни каротин ва витаминҳои гурӯҳи А тавассути таҷрибаҳо дар ҳайвонот, инчунин, дар натиҷаи тадқиқ намудани сохтори химиявии онҳо маълум карда шуд. Муқаррар гардид, ки витамини А дар организми ҳайвонот аз каротин бо таъсири ферментҳои махсус ҳосил мешавад. Ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки каротин ҳамчун провитамини А мебошад. Аз ҳамин сабаб, саноати витаминсозӣ барои ғанӣ гардонидани маҳсулоти гуногуни хӯрокӣ доруҳои тозаи каротин тайёр мекунад.
Гурӯҳи каротиноидҳо қариб 65-70 пигментҳои табииро муттаҳид менамояд. Каротиноидҳо (ғайр аз баъзе занбӯруғҳо) дар бисёр растаниҳо ва эҳтимол дар организми ҳамаи ҳайвонот мавҷуд аст, вале консентратсияи онҳо қариб ҳама вақт хеле паст мебошад. Миқдори каротиноидҳо дар баргҳои сабз тақрибан 0,07-0,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар баъзе маврид консентратсияи хеле баланди каротиноидҳо мушоҳида карда мешавад. Масалан, дар гарддонҳои бисёр намудҳои савсан миқдори хеле зиёди лотеин ва каротиноид мавҷуданд, ки антероксантин номида шудааст. Яке аз хусусиятҳои каротиноидҳо дар онҳо мавҷуд будани миқдори зиёди бандҳои дучандаи бо ҳам алоқаманд мебошад, ки онҳоро гурӯҳҳои хроморфӣ ба вуҷуд меоранд ва хосияти рангдиҳӣ аз онҳо вобаста мебошанд. Ҳамаи каротиноидҳои табииро ҳамчун ҳосилаи ликопин, яъне, каротиноиде, ки дар помидор, инчунин, дар баъзе буттамеваҳо ва меваҳо мавҷуд аст, ҳисобидан мумкин аст. Қисмҳои сабзи растаниҳо аз каротиноидҳо хеле бой мебошанд. Манбаи бойтарини витаминҳои гурӯҳи А равғани моҳӣ ва хусусан, равғане, ки дар ҷигари баъзе моҳиҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ: наҳанг, равғанмоҳӣ, палтус, кит ва ғайра, мавҷуд аст, ба шумор меравад.
Аҳаммияти витамини А дар организм
Миқдори витамини А дар маҳсулоти ғизоӣ бо воҳиди байналмилалӣ ифода карда мешавад. Ҳамин гуна як воҳиди витамини А 0,6 микрограмм (мкг)-и каротини холис (провитамини А)-ро ташкил менамояд. Манбаи бештари муҳимми витамини А дар хӯроки одам дар кабудиҳо, (қоқу, испаноқ, пиёзи сабз ва ғайра) сабзӣ, помидор, инчунин, равғани маска ва зардии тухм мавҷуданд. Дар фасли зимистон шир, равғани маска ва тухм нисбат ба фасли тобистон миқдори хеле ками витамини А доранд. Ин ҳодиса аз он шаҳодат медиҳад, ки дар хӯрокҳои сабз миқдори зиёди каротин мавҷуд аст. Витамини А дар намуди холис, ҳангоми оксидшавӣ ва барқароршавӣ, хусусан, дар вақти гармкунӣ зуд вайрон мешавад.
Бар хилофи каротиноидҳо витамини А-и холис кристаллҳои зарду камранги сӯзаншаклро ҳосил мекунад, ки дар об ҳалшаванда буда, дар равған ва ҳалкунандаҳои равғанӣ нағз ҳал мешавад. Вай хеле ноустувор аст, дар ҳаво ҳангоми таъсири рӯшноӣ ба осонӣ оксид мешавад. Дар муҳити беоксиген аксерофтол (номи қадимаи витамини А) дар гармӣ устувор буда, дар ин маврид фаъолияти он паст намешавад. Норасоии аксерофтол дар хӯрок ба касалии вазнини тамоми организм сабаб мешавад, ки он дар суст шудани раванди мубодилаи моддаҳо зоҳир мегардад. Дар ин маврид сабзиш қатъ гардида, вазни бадан кам мешавад ва беқувватии умумӣ мушоҳида мегардад. Дар заминаи паст шудани мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳои гуногун равандҳои патологӣ вусъат меёбад, аз ҷумла, хушкшавии бофтаҳои эпителӣ, сустшавии ғадудҳои ашковар сар мезанад, ки он сабабгори ксерофофталмия (як навъи бемории чашм) мешавад. Дар мавриди вазнини авитаминоз нармшавӣ ва некрози (нобудшавии бофтаҳои) қарнияи чашм – кератомалятсия (як навъи бемории чашм) ба вуҷуд меояд, ки минбаъд ба гум шудани биниш оварда мерасонад. Инчунин, авитаминоз, яъне, норасоии витамин дар дохили системаи асаб низ инъикос меёбад – координатсияи (ҳамоҳангсозӣ) мушакҳо вайрон шуда, функсияи ғадуди сипаршакл суст мешавад.
Витамини А ба таркиби қисми биноии чашм — пурпур (родопсин) дохил мешавад. Пурпури биниш (биноӣ) – родопсин – аз сафедаи опсин ва ретинен, ки шакли оксидшудаи витамини А мебошад, иборат аст. Дар натиҷаи нарасидани витамини А опсин вайрон шуда, синтези пурпур суст мешавад, ки он ба касалии шабкӯрӣ оварда мерасонад (яъне, дар ин маврид ҳангоми аз равшанӣ ба торикӣ гузаштан биниши чашм суст мешавад). Агар пӯсти бадан хушку шахшӯл шуда бошад ва ҳангоми аз ҷойи равшан ба ҷойи ториктар гузаштан, ашёҳои лозимиро аз ҳамдигар фарқ карда натавонад (яъне, дар торикӣ дуруст намебинад), пас, дар ӯ витамини А намерасад. Дар ҳолати тул кашидани норасоии витамини А чашмҳо ва пешгоҳи ком варам мекунад, илтиҳоби шуш, меъда, рӯдаҳо, роҳҳои пешобгузар шуруъ шуда, инчунин, ҷигар низ иллат пайдо мекунад.
Бо мақсади муолиҷа кардани шабкӯрӣ дар давоми 10-14 рӯз 50 грамм равғани моҳӣ истеъмол кардан лозим аст. Агар дар ин муддат биноии чашм барқарор нагардад, он гоҳ маълум мешавад, ки ба меъда кислотаи талха кам дохил мешавад. Зеро ҳазмшавии витамини А ва каротин дар организм, одатан, ба равғанҳои дар таркиби хӯрокҳо мавҷудбуда ва кислотаи талха вобаста аст. Ҷабиши каротин дар организм нисбат ба витамини А сусттар мегузарад.
Барои пешгирӣ намудани авитаминоз — норасоии витаминҳо ҳар нафар бояд организми худро мунтазам бо миқдори зарурии витамини А таъмин кунад. Вобаста аз синну сол ва ҳолати физиологӣ талабот ба витамини А аз 0,5 то 2 милиграммро ташкил медиҳад. Талабот нисбат ба витамини А ҳангоми касалиҳои сирояткунанда (инфексионӣ) меафзояд. Барои организми одами калонсол дар як шабонарӯз 1,5 мг, занҳои ҳомила 2 мг ва занҳое, ки кӯдаки ширмак доранд, 2,5 мг витамини А лозим аст. Витамини А дар равшанӣ ноустувор буда, зуд вайрон мешавад, бинобар ин, меваҷот ва сабзавотро дар зарф, дар ҷойи торик гузоштан даркор аст.
Ба қадри зарурӣ ва доимӣ истеъмол накардани витамини А ва каротин хавфи ба баъзе намуди касалии саратон гирифтор шуданро аз 2 то 4 маротиба зиёд мекунад. Бояд гуфт, ки каротин ё худ провитамини А қариб дар ҳамаи растаниҳои дараҷаи олӣ ҳосил мешавад. Меваҳои рангоранг (зард, сурх), бехмеваи рангдори растаниҳо барои организми одам манбаи каротин мебошад. Дар зироати хӯроки чорво – юнучқа, себарга, ҷорӯбак ва арзанак каротин хеле зиёд мебошад. Каротин, асосан, дар барг, реша, мева ва баъзан дар гул захира мешавад.
Хулоса, омӯзгоронро лозим аст, ки аҳаммияти витамини А-ро дар солимии инсон ба донишомӯзон зимни дарси биология дуруст фаҳмонанд.
