Ҳабиба СОҲИБЗОДА,
муовини директори Литсейи хонандагони
қобилиятноку соҳибистеъдоди
ба номи Темур Собиров, шаҳри Ваҳдат

Дарсҳои намунавӣ муҳимтарин мавод ҷиҳати интиқоли таҷрибаи пешқадам дар самти таълиму тарбия буда, барои омӯзгорони ҷавон василаи омӯзиш ва касби таҷриба мебошанд. Дар ин нигошта як намунаи дарси тарбиявӣ дар мавзуи “Касби ман – ифтихори ман” пешниҳоди омӯзгорон ва хонандагони маҷалла мешавад.

Мақсад: Тарбияи меҳнатӣ ва тарзи дурусти интихоби касб, омӯзиши малакаҳои ҳаётан муҳим, ташаккули шахсияти инсон, қобилияти ақливу ҷисмонӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб.

Вазифа: Муайян намудани қобилият, истеъдод ва маҳорати касбӣ, тафовути касб ва ҳунар, дарки арзишмандии касбу ҳунар дар зиндагӣ ва иқтисодиёт.

Салоҳиятҳо: Вобаста ба гуногунзеҳнии хонандагон муайян намудани салоҳиятҳо — мубоҳисавӣ, интиқодӣ ва коммуникативӣ.

Қоидаҳои тиллоӣ: Риояи вақт, одоби муошират, хайрхоҳ ва фаъол будан.

 Нақшаи кор:

  1. Андешаи ниёгон ва фаҳмиши муосир дар бораи касбу ҳунар;
  2. Муайян намудани қобилияти ақлониву ҷисмонӣ, истеъдод, тафаккур ва маҳорати касбӣ, арзишҳои муҳимми ҳаётӣ;
  3. Муайян кардани унсурҳои таркибии маҳорати касбӣ;
  4. Ташаккули хулқу атвори нек дар ҷараёни интихоби бошууронаи касбу ҳунар;
  5. Хулоса аз мавзуъ ва ҷамъбасти дарс.

Раванди дарс:

  1. Андешаи ниёгон ва фаҳмиши муосир доир ба касбу ҳунар

 Интихоби касб бояд дар шахс бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазирӣ пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққати зиёд пеш меояд. Барои омӯхтан ва соҳибкасб гардидан ҳамаи он мушкилиҳоро сабурона паси сар кардан зарур аст. Шахсони бетаҳаммул наметавонанд соҳибкасб гарданд. Сабуксарон дар интихоби касб азият мекашанд, зеро ба машаққати омӯзиши он тоб оварда наметавонанд.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар

намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки

 кор кард.

Аммо шахси ботаҳаммул аз ҳеҷ гуна душворӣ наҳаросида, бо қатъият пешаи худро интихоб менамояд, касбу ҳунар меомӯзад ва бо меҳнати софдилона дар касби интихобнамуда хушбахт мегардад. Ниёгони мо фармудаанд, ки касбу меҳнат инсонро аз беморӣ, фақирӣ ва эҳтиёҷмандӣ мераҳонад. Бар замми ин, пешаи дурусту пурмаҳсул, ба қавли Саъдӣ, чун “давлати поянда” ва “чашмаи зоянда” ба шахс иззату ба ҷамъият ободӣ меоварад.

                                           Кор дар гурӯҳҳо:

               Гурӯҳи 1. Тафовути касб аз ҳунар тавассути диаграммаи Венн:

     Гурӯҳи 2. Ҳангоми интихоби касбу ҳунар чиро бояд ба эътибор гирифт?

                 Гурӯҳи 3. Мавҷудияти мушкилот дар касбу ҳунари интихобнамуда                              ва роҳҳои бартараф намудани он. Дарахти мушкилот.

                         2. Муайян намудани  қобилияти ақлию касбӣ, арзишҳои                                                                      муҳимми ҳаётӣ

 

Ҷавоне дар бораи касби ояндаи худ пайваста фикр мекард. Боре дар соҳили дарё гашту гузор менамуд, ки ногоҳ бо хирадманди солхӯрдае вохӯрд ва пирамард пурсид:

— Ҷавони хуб, туро чӣ ба ташвиш меорад?

— Фаҳмида наметавонам, ки кадом касбро интихоб намоям, то аз ҳама муҳим ва муфид бошад, — ҷавоб дод ҷавон.

— Ин хеле одӣ ва дар айни замон мураккаб аст, — гуфт пирамард. Ӯ аз замин кӯзаи худро бардошта, бо сангҳои ба андозаи мушт пур кардан гирифт. Баъд аз ҷавон пурсид:

— Ин кӯза пур шуд?

— Бале, — гуфт ҷавон.

Пирамард хомӯшона як каф сангчаро гирифта, ба кӯза андохт ва оҳиста таккон дод. Сангчаҳо холигоҳи байни сангҳои калонро пур карданд. Ӯ табассум карду пурсид:

— Акнун кӯза пур шуд?

Ҷавон қаноатмандона сар ҷунбонд. Он вақт пирамард муште рег гирифта, ба кӯза рехт, рег ҷойҳои холимондаи кӯзаро пур кард.

 — Ана ҷавоби саволи ту, — гуфт пирамард. Сангҳои калон нишонаи муҳимми унсури интихоби бошууронаи касб аст, ки ба саломатӣ ва камолоти маънавӣ таъсири муфид мерасонад. Сангчаҳои хурд ҳам унсури касб, ки ба таъминоти моддӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқат менамояд. Вале рег, ин тақлиди ноогоҳона, бидуни ба инобат гирифтани қобилият, хоҳиш ва муҳиммияти касб мебошад ва он оқибати ногувор дорад.

 Баъзан ҷавонон ҳангоми интихоби касб ба иштибоҳ роҳ дода, ба кӯза аввал “рег” мерезанд, ки ба “сангҳои калон” ҷо намемонад.

Панд: Оқил бошед, касбро бошуурона интихоб кунед!

 Супориш дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи 1. Нақшаи касби худро дар шакли зерин тарҳрезӣ намоед:

 — “Мехоҳам” — ба ман писанд аст, ба ин касб майлу рағбат ва хоҳиш дорам.

 — “Метавонам” — ба ин касб донишу қобилият дорам ва онро такмил дода метавонам, вазъи саломатиям барои расидан ба ҳадафҳои меҳнатӣ имкон медиҳад, аз мушкилоти он намеҳаросам.

— “Лозим ва муфид аст” — бозори меҳнат ба касби интихобнамудаи ман эҳтиёҷ дорад ва ман ҷойи кор пайдо карда метавонам.

Гурӯҳи 2. Таҷассуми касбу ҳунари интихобнамуда дар “театри тасвирӣ” (саҳнаи хурд).

Гурӯҳи 3. Роҳҳои расидан ба мақсад дар интихоби касб. (Дар куҷо бояд таҳсил намуд, чиро бояд омӯхт, такмили маҳорати касбӣ — суҳбат бо мутахассисон, таҷрибаомӯзӣ ва ғайра).

  1. Муайян намудани унсурҳои таркибии маҳорати касбӣ

Анкета бо таснифи Е.А.Климов

І. — Шумо дар табиат ва бо ҳайвонот кор карданро меписандед? Инсон — табиат. (Инҳо ба касбҳои зерин тамоюл доранд: духтури ҳайвонот, занбӯрпарварӣ, эколог ва ғайра).

— Шумо бо технология ва воситаҳои техникӣ кор карданро меписандед? Инсон — технология. (Инҳо ба касбҳои зерин тамоюл доранд: ҳавонавард, челонгари барқ, радиотехник, барномаҳои компютерӣ).

 — Шумо бо одам ё образ кор карданро меписандед? Инсон бо инсон. (Инҳо ба касбҳои зерин тамоюл доранд: муаллим, табиб, равоншинос, рӯзноманигор). Инсон — образ (рассом, шоир, дизайнер, актёр).

 

ІІ. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  1. Шаби Соли нав барои шумо вақти хубест —

А. Барои хобидан;

В. Барои тамошои телевизор дар оила;

С. Дар доираи дӯстон.

  1. Туҳфаи писандидаи шумо —

А. Китоб;

В. Компютер;

С. Чипта барои тамошои театр ё сафар.

  1. Саёҳат кардан хуб аст —

А. Худам ба танҳоӣ;

В. Бо оила ва дӯстонам;

С. Бо гурӯҳе барои ошноӣ пайдо намудан.

  1. Вақте ки шумо дар ҷазира ва ё дар ҷангал танҳо ҳастед, пас, —

А. Ман худро комилан озод ҳис мекунам;

В. Ман роҳи баромад ва илоҷи корро меҷӯям;

С. Ман худро танҳо ҳис мекунам ва метарсам.

  1. Вақти холии ман мегузарад бо —

А. Китобхонӣ, шоҳмотбозӣ, орзу кардан, моҳидорӣ;

В. Расмкашӣ, навохтани мусиқӣ, дӯзандагӣ, сайру гашт, гуфтугӯ бо телефон;

С. Варзиш, рақс, бозӣ кардан дар гурӯҳ, сафар бо дӯстон.

 

Арзёбӣ: Ҷавоби А: 1 хол, В: 2 хол, С: 3 хол

— Аз 5 то 8 хол тавсия дода мешавад, ки дар бораи касби интихобкардаатон фикр намоед. Зеро барои касбҳои дорои муошират: омӯзгор, духтур, рӯзноманигор мувофиқ нестед. Барои кор дар табиат барномасоз, иқтисодчӣ мувофиқат менамояд.

 — Аз 8 то 12 хол аз танҳоӣ ё шиносҳои нав намеҳаросед, дар интихоби касб маҳдудият нест.

 — Аз 12 то 15 хол. Бори дигар дар бораи интихоби касб фикр кунед. Зеро метавонед зуд муошират намоед, манбаи бузурги қувва ва малакаҳои роҳбарӣ доред. Дар бораи касбҳои менеҷер, таблиғгар, директори тиҷоратӣ, омӯзгор, тренер ва дигар касбҳо фикр намоед.

 

ІІІ. Ҳангоми интихоби касб ба омилҳои зерин эътибор медиҳед?

— Шуморо чӣ водор намуд?

— Аз уҳдаи омӯзиши ин касб мебароед?

— Барои касби интихобгардида вазъи саломатӣ мувофиқат менамояд?

— Шароити меҳнатии касби интихобнамуда ба шумо писанд аст?

— Барои омӯзиши касби интихобнамуда вақти кофӣ ва вазъи молиявӣ мусоид аст?

— Бо касби интихобнамуда ҷойи кор пайдо карда метавонед ва маоши он дар зиндагӣ кифоят менамояд?

— Бо касби интихобнамуда дар ҷомеа нуфуз пайдо карда метавонед ва он ояндаи нек дорад?

— Касби интихобнамуда ба ҷинсияти шумо мувофиқ ва алоқаманд аст?

— Касби интихобнамуда чӣ зарар дорад?

 

  1. Ташаккули хулқу атвори нек дар ҷараёни интихоби бошууронаи касбу ҳунар

Супориш ба гурӯҳҳо:

  1. Фарз намоед, ки бо интихоби бошууронаи касб дар зери нури офтоби пурасрор қарор доред ва он кадом хислатҳои арзанда ва ҳамидаи инсониро дар шумо такмил медиҳад. Дар нурҳои офтоб онро нависед:

  1. Тасаввур кунед, ки дар зери сояи худ қарор доред ва интихоби бошууронаи касб кадом хислатҳои манфии шуморо рафъ менамояд. Хислатҳои манфии худро нависед:

                            5. Хулоса аз мавзуъ Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
                                           Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Интихоби нодурусти касб, ноогоҳӣ аз навъҳои касб, касби маҷбуран таҳвилгардида, ки дар он қобилият ва имконияти зеҳнӣ ба инобат гирифта намешавад, боиси қонеъ нагардидан аз касби худ гардида, инсонро ба бемориҳои ҷисмониву равонӣ гирифтор мекунад. Ба ҷомеа низ зарар мерасонад. Зеро агар шахс ба касбаш меҳру рағбат надошта бошад, хунукназарӣ намуда, безавқ фаъолият менамояд, ки дар ин сурат меҳнати ӯ самараи дилхоҳ намедиҳад.

Интихоби пешаи дуруст тамоми умр ба инсон рӯзгори осоишта, сурур ва хонаи обод меорад. Шахси соҳибкасбу ҳунарманд дарахти босамареро мемонад, ки меваҳои болаззату хурданибоб ҳосил дорад.

 

Шахси ҳунарманд аз донае хирман, аз гуле гулзор, аз риштае нақшу нигор ҳосил менамояд, ки эъҷози ҳунари ӯ нигоҳи бинандаро тасхир месозад. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд. Интихоби дурусти касб аз он ҷиҳат муҳим аст, ки тамоми умр инсонро раҳнамун мегардад. 

Эзоҳ: Ду  хонаи  аввал  дар  оғози  дарс  ва  хонаи  охирон  дар  анҷоми  дарс  пур  карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *