Суҳбаторо Ҷ. САЙФУДДИН,

«Маърифати омӯзгор»

Дар низоми муосири таълим, ки бо тағйироти иҷтимоӣ ва технологӣ ҳамроҳ аст, рушди устувори шахсият ва солимии равонӣ бевосита ба дастгирии касбии равоншинос вобаста аст. Ҳар зинаи таҳсил хусусияти равонӣ ва иҷтимоии хоси худро дошта, роҳнамоӣ ва машварати мутахассис имконият медиҳад, ки эътимод ба худ, қобилияти идора кардани эҳсосот ва малакаҳои муошират бо муҳити атроф давра ба давра таҳким ёбанд. Дар замони тавсеаи технологияҳои рақамӣ, саҳми равоншинос дар рушди иҷтимоӣ ва психологии наврасон ва ҷавонон аҳаммияти хос дорад. Вобаста ба ин масъала суҳбате оростем бо равоншинос Зарина Рустамова, ки пешниҳоди хонандагони маҷалла месозем.

— Тавре медонем, низоми таҳсилот дорои зинаҳои хос мебошад. Дар кадом марҳилаҳои рушди кӯдакону наврасон ва ҷавонон ниёз ба дастгирии равоншиноси касбӣ бештар эҳсос мешавад ва чаро?

— Марҳилаҳои таҳсил маҷмуи зинаҳои бо ҳам вобаста мебошанд, ки аз давраи томактабӣ оғоз ёфта, то таҳсилоти олӣ идома меёбанд. Ҳар як давраи синнусолӣ хусусиятҳои равонӣ, эҳсосӣ ва иҷтимоии худро дорад ва маҳз ҳамин фарқиятҳо зарурати ҳузури равоншиноси касбиро дар ҷараёни рушди инсон ба миён меоранд. Имрӯз бештар ба ҳолати равонӣ ва рафтори наврасон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, зеро дар ин марҳила ноустувории эҳсосот, мушкилоти рафторӣ ва ихтилофҳои иҷтимоӣ бештар мушоҳида мегарданд. Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки решаи бисёре аз ин мушкилот ба давраҳои қаблӣ, махсусан, ба даврони кӯдакӣ иртибот дорад. Муҳити оилавӣ, муносибати волидон ва фазои хона дар ташаккули шахсият таъсири амиқ мегузоранд. Аз ин рӯ, ниёз ба равоншиноси касбӣ хоси як марҳилаи муайян набуда, дар тамоми ҷараёни рушди донишомӯз аҳаммияти худро нигоҳ медорад.

— Дар зинаи томактабӣ, ки асосҳои эҳсосот, муошират ва муносибат бо муҳит ташаккул меёбанд, равоншинос бештар бо кадом ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешавад?

— Давраи томактабӣ дар системаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори асосии инкишофи эмотсионалӣ, иҷтимоӣ ва когнитивии кӯдак аст. Дар давраи томактабӣ асосҳои аввалини эҳсосот, муошират ва муносибат бо муҳит дар кӯдак ташаккул меёбанд ва ин марҳила барои рушди шахсият ва эҷоди заминаи иҷтимоиву психологии устувор хеле муҳим аст. Равоншинос дар ин давра бештар бо мушкилоти рафторӣ ва эмотсионалӣ рӯ ба рӯ мешавад. Кӯдаконе, ки наметавонанд муносибатҳои дуруст бо ҳамсолон ва калонсолон барқарор кунанд, аксар вақт диққат ва хотираашон заиф аст ё бо гиперактивӣ, агрессия ва буҳронҳои синнусолӣ рӯбарӯ мешаванд. Ин ҳолатҳо, одатан, решаашон дар муҳити оилавӣ ва тарзи тарбияи кӯдак аст. Вазифаи равоншинос дар ин марҳила ташхис ва дарки ҳолати кӯдак ва ҳамзамон, ба омӯзгорон ва волидон роҳнамоӣ кардан аст, ки чӣ гуна мавқеъ ва муносибати онҳо ба рушди кӯдак таъсир мерасонад. Бо истифода аз мушоҳидаҳои пайваста, суҳбатҳои инфиродӣ ва машқҳои равонӣ, равоншинос роҳҳои рушди қобилиятҳои иҷтимоӣ ва идораи эҳсосоти кӯдакро муайян намуда, ба таъмини муҳити устувори таълимӣ ва тарбиявӣ мусоидат мекунад. Дар асл, саҳми равоншинос дар зинаи томактабӣ барои таҳкими заминаи солимии равонӣ, ташаккули худшиносӣ ва омодагӣ ба марҳилаҳои минбаъдаи таълим ва зиндагӣ ҳалкунанда аст.

— Асри нав давраи ба авҷ расидани фанноварӣ мебошад. Ин раванд ба рушди нутқ, таваҷҷуҳ ва муоширати кӯдакони томактабӣ чӣ таъсир мерасонад?

— Бале, имрӯз кӯдакон аз синни хеле барвақт бо телефон, планшет ва интернет сарукор мегиранд ва ин ба равандҳои асосии рушд, хусусан, ба нутқ, таваҷҷуҳ ва муоширати кӯдакон таъсири назаррас мерасонад. Агар кӯдак вақти зиёдро бо телефон гузаронад ва муоширати зинда бо атрофиён кам шавад, ин метавонад ба номутавозиниҳои эҳсосӣ, заифии диққат ва маҳдудияти нутқ оварда расонад. Масалан, давраи сензитивии рушди нутқи кӯдак дар синни сесолагӣ барои аз худ намудани калимаҳо ва ҷумлаҳои одӣ муҳим аст, аммо истифодаи зиёди фанновариҳо ин марҳиларо халалдор мекунад. Дар чунин ҳолат равоншинос вазифадор аст, ки ҳам кӯдакон ва ҳам волидонро огоҳ созад ва роҳҳои истифодаи муътадил ва таҳсили фаъоли кӯдакро пешниҳод кунад. Мақсад маҳдуд кардани истифодаи технологияҳо нест, балки таълим додани фарҳанги дурусти истифода ва ташаккули қобилияти муоширати зинда мебошад. Равоншинос бо омӯзгорон бояд ҳамкорӣ кунад, то машғулияту бозиҳои интерактивӣ роҳандозӣ шуда, таваҷҷуҳ, нутқ ва иртиботи иҷтимоии кӯдак тақвият ёбад. Бо ин роҳ таъсири манфии технологияҳои иттилоотӣ коҳиш ёфта, кӯдак имкони рушд ва омӯзиши мутавозин пайдо мекунад, ки барои марҳилаҳои ояндаи таҳсил заминаи устувор фароҳам меорад.

— Оғози таҳсил дар мактаб барои кӯдак марҳилаи ҷиддии мутобиқшавист. Дар ҳамин давраи муҳим равоншинос чӣ гуна метавонад ба кӯдак, омӯзгор ва волидон ҳамзамон ёрӣ расонад?

— Ин марҳила барои кӯдак ҳассос ва муҳим аст, зеро ӯ бояд аз муҳити шинос ва оромии кӯдакистон (аксар вақт аз муҳити оила) ба муҳити нави мактаб мутобиқ шавад. Дар ин давра ҳам нақш ва роҳнамоии равоншинос бисёр муҳим аст. Робитаи доимии ӯ ба омӯзгорон кумак мерасонад, ки муносибати аввалиндараҷаи дурустро бо кӯдак ба роҳ монанд, муҳити эътимодбахш фароҳам оранд ва хусусиятҳои синнусолии хонандаро ба назар гиранд. Инчунин, маслиҳати равоншинос ба кӯдак ёрӣ мекунад, ки фишорҳои равонӣ ва мутобиқшавии давраи аввали мактабро гузарад, иртибот бо ҳамсолонро тақвият бахшад ва ба қоидаҳои нави синф мутобиқ шавад. Барои бачаҳое, ки қаблан дар кӯдакистон таълим гирифтаанд, мутобиқшавӣ нисбатан осон аст, аммо барои онҳое, ки то ба мактаб рафтан танҳо дар муҳити оила тарбия гирифтаанд, ин давра каме душвор мегардад. Дар чунин ҳолат талабот ва интизориҳо бояд ба қобилият ва синни кӯдак мувофиқ бошанд, зеро мағзи сар ва эҳсосоти кӯдак мисли калонсолон фаъол нест ва набояд ба ӯ талаботи номувофиқ гузошт. Ин ҳамоҳангӣ байни равоншинос-омӯзгор-волидон фазои солими тарбияро таъмин, мутобиқшавии кӯдакро осон, худшиносию эътимоди ӯро тақвият дода, иртибот бо ҳамсолон ва муҳити навро устувор месозад.

— Муносибати омӯзгор ва хонанда яке аз унсурҳои асосии муҳити таълим аст. Дар ин раванд ҳамкории равоншинос бо омӯзгор то кадом андоза метавонад ба пешгирии мушкилоти рафторӣ ва эҳсосӣ мусоидат кунад?

— Ҳамкории равоншинос бо омӯзгорон дар фаҳмидани хусусиятҳои ҳар як хонанда ва бартараф намудани мушкилоти эҳсосии онҳо муҳим аст. Аз таҷриба мегӯям, ки дар ин давраи ҳассос омӯзгор бояд муносибати эътимодбахшро бо хонанда ба роҳ монад, интизориҳои воқеӣ дошта бошад ва тавозун миёни тарбия ва дастгириро ҳифз кунад. Бо машваратҳо ва вохӯриҳои инфиродӣ равоншинос ба омӯзгор мефаҳмонад, ки чӣ гуна таҳаммул, дарки эҳсосот ва эҷоди муҳити эътимодбахш метавонад рафтори манфии хонандаро пешгирӣ кунад. Дар натиҷа, ҳамкории омӯзгор бо равоншинос ба коҳиши мушкилоти рафторӣ, беҳтар шудани эътимод ва эҷоди муҳити таълимии самарабахш мусоидат мекунад.

— Дар кори равоншинос кадом арзишҳо ва меъёрҳои касбӣ бояд меҳварӣ бошанд, то таваҷҷуҳ ба ин касб бештар гардад?

— Кори равоншинос, асосан, аз эътимод, масъулият ва ахлоқи касбӣ вобаста аст. Ҳар равоншинос бояд барои хонанда, омӯзгор, волидон ва умуман, ҷомеа ҳамчун шахси боваринок бошад. Арзишҳои асосӣ дар кори равоншинос ҳифзи сиррият, эҳтиром ба шахсияти кӯдаку эҳсосоти ӯ, баробарӣ, беғаразии машваратҳо ва риояи меъёрҳои ахлоқии касбӣ мебошанд. Равоншинос бояд дониши мукаммали илмӣ дошта бошад ва қарорҳои худро бо асосҳои методологӣ қабул намояд. Ба ин роҳ, ҳам хонанда ва ҳам омӯзгору волидон ба машварат ва роҳнамоии равоншинос бовар мекунанд.

— Давраи наврасӣ марҳилаи тағйироти равонӣ ва шаклгирии мафкураи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи шумо, равоншинос чӣ гуна метавонад ба беҳтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ байни наврас, омӯзгор ва волидон мусоидат намояд?

— Дуруст қайд кардед, давраи наврасӣ, воқеан, марҳилаи пурталотум ва ҳассоси ташаккули шахсият мебошад. Дар ин давра равоншинос бештар бо масъалаҳои рушди худшиносӣ, идоракунии эҳсосот, муносибатҳои байнишахсӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии наврасон машғул мешавад. Фикру андешаи ҳамсолон барои наврасон аҳаммияти калон дошта, дар бисёр маврид таъсири сухани волидон ва калонсолон нисбатан коҳиш меёбад. Дар чунин шароит равоншинос ҳамчун мутахассиси роҳнамо ба омӯзгорон ва волидон ёрӣ мерасонад, то онҳо бо дарназардошти хусусияти синнусолии наврас тарзи муносибат бо ӯро интихоб кунанд. Таъсирнокии ин шакли бархӯрд метавонад ба наврасон омӯзонад, ки чӣ гуна муносибатҳои солим бо ҳамсолон нигоҳ дошта шаванд ва ихтилофҳо ба таври созанда ҳал гарданд.

— Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар муҳити мактабӣ то чӣ дараҷа ба рафтор, таҳсил ва ҳолати равонии хонандагон таъсир мерасонад?

— Имрӯз дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои хонандагон таъсири калони равониро ба бор меорад. Аксаран ба ҷои фикр кардан ва омӯзиши мустақилона, барои ҷавоб ёфтани саволҳо ва маълумот ба интернет такя мекунанд. Ин метавонад таваҷҷуҳ ба омӯзишро халалдор кунад ва ҳамзамон, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иртибот бо ҳамсолонро маҳдуд созад, зеро ҷойи муошират ва ҳамкории зиндаро шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтааст. Ман, ҳамчун равоншинос, зарур медонам, ки дастрасӣ ба интернети бемаҳдуд ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд назорат ва танзим карда шавад. Пеш аз ҳама, волидон бояд худ намунаи ибрат бошанд ва ба фарзандон истифодаи дурусти интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилиро омӯзонанд. Бо чунин ҳамоҳангӣ метавон таъсири манфии технологияҳоро ба таҳсил ва ҳолати равонии хонандагон коҳиш дод ва муҳити таълимиро устувор намуд.

— Боз кадом механизмҳо ва чораҳои пешгирикунанда метавонанд истифодаи ғайримақсадноки телефонро кам карда, идора кардани вақти шахсӣ, диққат ва саломатии равонии хонандагонро таъмин намоянд?

— Тавре ишора кардем, вобастагӣ ба телефонҳои мобилӣ метавонад таваҷҷуҳ ва диққати хонандаро халалдор кунад. Барои пешгирӣ аз ин ҳолат, аввалин қадам омӯзиши фарҳанги истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Наврасон бояд аз хурдӣ самаранок истифода бурдани вақти худро омӯзанд. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба телефонҳои гаронбаҳо барои корҳои ғайримақсаднок ва ҷалби наврасон ба курсҳои омӯзишӣ, забономӯзӣ, барномасозӣ ё кори эҷодӣ низ муҳим аст. Бо ин роҳ метавон вобастагии наврасон ба телефонро кам кард ва муҳити солими равонӣ ва тарбиявиро фароҳам овард.

— Ҳамкории равоншинос бо волидон дар кадом шаклҳо натиҷаи бештар дода метавонад?

— Муҳити оила ҳамчун нахустин ва муҳимтарин макони рушди равонии кӯдакону наврасон ва ҷавонон нақши асосӣ дорад. Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки ҳамкории равоншинос бо волидон дар он ҳолате натиҷа медиҳад, ки ҳар ду ҷониб барои ҳамкории муштарак ва дарки мушкилот омода бошанд.

Аз нигоҳи равоншиносӣ, интизориҳо ва талаботи волидон бояд бо синну сол ва хусусиятҳои психологии фарзанд мутобиқ бошанд. Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки волидон барои бартараф намудани рафторҳои манфии фарзандони худ омода нестанд. Баръакс, бо омӯзгорон ва равоншинос ҳамкорӣ накарда, масъулиятро ба дӯши муассисаҳои таълимӣ вогузор менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, таъсири муҳити оила дар ҳама давраи синнусолӣ дар авлавият қарор дорад. Дар маҷмуъ, ҳамкории фаъол, огоҳона ва масъулиятноки равоншинос бо волидон заминаи солими равонии кӯдак ва ташаккули муҳити устувори таълимиро фароҳам меорад.

— Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, вақте ки ҷавонон ба марҳилаи мустақилият мерасанд, равоншинос бештар бо кадом ҳолатҳои равонии онҳо рӯ ба рӯ мегардад?

— Дар ин давра ҷавонон ба дунёи нав ворид мешаванд, ки тақвияти худшиносӣ, қабули масъулият ва интихоби роҳи ояндаро фарогир аст. Ҳолатҳои равонии аз ҳама маъмул дар ин марҳилаи ҳаёт руҳафтодагӣ, афсурдагӣ, стресс ва ғурурмандии афзун мебошанд. Сабабҳои асосӣ, одатан, аз он иборатанд, ки интихоби касб ва роҳи зиндагӣ бо хоҳиши шахсӣ ҳамоҳанг нест. Равоншинос дар чунин шароит бо донишҷӯён дар таҳлили қобилиятҳо, шавқу завқ ва имкониятҳои онҳо суҳбат мекунад; ёрӣ медиҳад, ки ҷавонон қарорҳои боасос ва эътимоднок қабул намоянд; роҳҳои идора кардани стресс ва мушкилоти равонии марбут ба интихоби касбро меомӯзонад. Ин амалҳо метавонад барои беҳтар кардани ҳолати равонӣ, рушди мустақилият, худшиносӣ ва эътимод ба имкониятҳои шахсӣ таъсиргузор бошад.

— Фишорҳои иттилоотӣ, муқоисаи иҷтимоӣ дар шабакаҳо ва вобастагӣ ба телефон ба ҳолати психологии донишҷӯён чӣ таъсир мерасонанд ва аз нигоҳи равоншиносӣ кадом усулҳои идораи ирода ва мақсаднок истифода бурдани манбаъҳои иттилоърасон вуҷуд доранд?

— Имрӯз истифодаи бемавриди телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушкилоти рӯз табдил ёфтааст. Аз нуқтаи назари равоншиносӣ барои идора кардани ин ҳолат ва истифодаи мақсадноки интернет ва телефон донишҷӯён бояд ба таҳсили худ аҳаммияти бештар диҳанд, вақти худро дуруст тақсим кунанд ва истифодаи технологияҳоро бо корҳои таълимву эҷодӣ ҳамоҳанг созанд. Таълими донишҷӯён барои истифодаи мақсадноки манбаъҳои иттилоотӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои амалӣ ва эҷодӣ ҳолати равониашонро устувор ва масъулияташонро баланд мегардонад.

— Барои беҳтар намудани фазои равонии муассисаҳои таълимӣ аз кӯдакистон то донишгоҳ имрӯз бештар ба кадом самтҳо бояд таваҷҷуҳ карда шавад?

— Аввалан, бояд дар ҳар зинаи таҳсил равоншиносони касбӣ таъмин шаванд. Дуюм, равоншиносон бояд бо маош ва шароити муносиб таъмин бошанд, то кори онҳо бо машварат ва ташхис маҳдуд нашуда, ба таври пурраву касбӣ дастгирии равонӣ анҷом дода тавонанд. Муҳим аст, ки ба равоншинос вазифаҳои ғайрикасбӣ ва фанҳои дигар супурда нашавад, зеро масъулияти асосии онҳо таъмини солимии равонӣ ва рушди шахсият дар муассисаҳо мебошад. Сеюм, равоншинос бояд дорои донишҳои мукаммали илмӣ-касбӣ бошад, на танҳо таҷрибаи ҳаётӣ. Таъйин кардани омӯзгори пуртаҷриба ба ҷои равоншинос наметавонад сифати дастгирии касбиро таъмин намояд. Ин тадбирҳо заминаи муҳити таълимии солим, устувории равонӣ ва рушди малакаҳои ба ҳолати равонӣ рабтдоштаро фароҳам меорад.

— Ба назари шумо, нақш ва саҳми равоншинос дар баробари зинаҳои таҳсилот боз дар кадом маврид муҳим мебошад ва то кадом андоза метавонад ба шаклгирии тафаккури иҷтимоӣ, ҳолати руҳиву равонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон таъсир расонад?

— Мехоҳам қайд намоям, ки зарурати ҳузури равоншинос фаротар аз се зинаи таҳсилот аст. Аммо маҳз саҳми равоншинос дар низоми таҳсилот — аз кӯдакистон то донишгоҳ бисёр муҳим ва таъсиргузор дониста мешавад. Зеро пойдевори ҷомеаи руҳан солим маҳз дар ҳамин зинаҳо гузошта мешавад. Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Кӯдакону наврасон ояндаи миллат ва пойдевори давлату ҷомеа мебошанд”. Насли аз нигоҳи психологӣ солим ва дорои тафаккури созанда, бо фикру андешаи сабз ва дар ирода устувор метавонад рушди ҷомеаро таъмин намоянд.

— Ташаккур барои андешаҳои муҳимму судманд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *