physics and mathematics equation concept with student writing on a notebook about Albert Einstein's calculations of the equations of relativity and Sir Isaac Newton's theory of gravity on note book
У. УМАРОВ,
У. РАҶАБОВ,
Г. БОБОНИЁЗОВА,
устодони кафедраи методикаи таълими физикаи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Муносибати босалоҳият ба таълим муносибатест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад. Муносибати босалоҳият ба таълим бояд ба саволҳои «Хонанда чӣ кор карда метавонад?», «Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» ҷавоб дода тавонад. Донистан ё дониш дар муносибати босалоҳият ба таълим ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан бо намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.
Муносибати босалоҳият дар таълим, пеш аз ҳама, аз таҳияи салоҳиятҳо оғоз мегардад.
Салоҳият — маҷмуи дониш, малака ва маҳоратро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи таҷрибаи амалӣ ва фаъолият бо истифодаи ин донишҳо ба даст омадааст. Салоҳият натиҷаи таҳсил буда, ҳамчун қобилияти истифода бурдани дониш, малака ва маҳорат ҳангоми ҳалли масъалаҳои соҳаи муайян зоҳир мешавад. Салоҳиятҳо аз рӯйи муҳиммияташон ба салоҳиятҳои асосии умумитаҳсилотӣ ва фаннӣ ҷудо мешавад.
Боиси зикр аст, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, он дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.
Дар асоси тафсири боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.
Босалоҳият, дар мисоли мо, хонандаест, ки маҷмуи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам тавъами дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ андӯхтаашро дар ҳаёти ҳамарӯза истифода карда метавонад.
Босалоҳиятӣ — ин доштани салоҳият дар соҳа, дар ягон ихтисоси фаннӣ мебошад.
Вазифаи салоҳиятҳо ин воситаи арзёбӣ будани онҳо мебошад, яъне, тавассути истифодаи воситаҳои гуногуни арзёбӣ ба салоҳиятҳо ноил гаштани хонандагон санҷида мешаванд.
Мақсади таҳияи салоҳиятҳо банақшагирии пешакии натиҷаҳои таълим ва натиҷаҳои чашмдошти фаъолият аст.
Ба андешаи мо, пайдарпайии таҳияи салоҳиятҳо ҳангоми омӯзиши физика чунин буда метавонад:
І. Ба инобат гирифтани вазифаҳои таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Ба вазифаҳои таълими физика инҳо тааллуқ доранд:
— тарбияи ғоявӣ-сиёсӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ватандӯстӣ ва башардӯстии хонандагон дар асоси фаҳмонидани нақши физика дар вусъатдиҳии рушди илмию техникӣ, баён намудани комёбиҳои илму техника ва пешомадҳои тараққиёти онҳо, саҳми олимони ватаниву хориҷӣ дар инкишофи физика ва техника;
— ташаккул додани донишҳои илмӣ оид ба далелҳои таҷрибавӣ, мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳо, методҳои илми физика, манзараи муосири илмии олам;
— баёни беинтиҳоии сохторӣ ва ягонагии материя, умумӣ будани қонунҳои муҳимтарини бақо дар физика, хусусиятҳои диалектикии ҳодисаҳои физикӣ, пайдарҳамии назарияҳои физикӣ, таносуби нақши назария ва таҷриба дар инкишофи физика, нақши амалия дар идрок;
— ташаккул додани маҳорати мустақилона аз худ намудан ва татбиқ кардани дониш, мушоҳида ва шарҳ додани ҳодисаҳои физикӣ, инчунин, маҳорати истифода бурдани китоби дарсӣ, адабиёти хрестоматию маълумотӣ;
— ташаккул додани баъзе маҳоратҳои таҷрибавӣ: малакаҳои истифода кардани таҷҳизоти физикӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои ченкунӣ ва хулосабарорӣ дар асоси маълумоти таҷрибавӣ, риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ;
— ташаккули шавқу ҳаваси хонандагон ба физика ва техника, инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарк кардани мақсади илмӣ, тайёр кардан ба давом додани маълумот ва бошуурона интихоб намудани касб.
ІІ. Муайян намудани самтҳои таълими фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Самтҳои таълими фанни физикаро чунин муайян намудан мумкин аст:
- Мафҳумҳо ва бузургиҳои физикӣ:
— ҳодиса ё хосиятҳое, ки бо ин мафҳум ва бузургӣ тавсиф карда мешаванд;
— таърифи мафҳум ва бузургӣ;
— формулаҳое, ки ин бузургиро бо бузургиҳои дигар алоқаманд мекунад;
— воҳиди ченкунии бузургӣ;
— усулҳои чен кардани бузургӣ.
- Ҳодисаҳои физикӣ:
— нишонаҳои зоҳирии ҳодиса;
— шароити ба вуҷуд омадани ҳодиса;
— моҳияти ҳодиса;
— робитаи ин ҳодиса бо ҳодисаҳои дигар;
— шарҳи ҳодиса дар асоси назарияи илмӣ;
— тавсифи миқдории ҳодиса;
— мисолҳои ба инобат гирифтан ва татбиқи ҳодиса дар амалия;
— роҳҳои пешгирии таъсири зараровари ҳодиса.
- Ҳалли масъалаҳои физикӣ
— хондани шарти масъала;
— муайян ва таҳлил кардани ҳодиса, раванд, хосиятҳои ҷисм, ки дар масъала тавсиф шудааст (таҳлили аввалини шарти масъала);
— сабти кӯтоҳи шарти масъала бо кашидани расм, нақша ё график, (сатҳи аввали бо рамз ифода кардани шарти масъала);
— сабти додашудаҳои ҷадвалии зарурӣ, бузургиҳои доимӣ;
— таҳлили дуюмбораи шарти масъала бо ҷудо кардани назария ва қонунҳое, ки дар шарти масъала зикр гардидаанд;
— интихоби метод ва усулҳои ҳалли масъалаҳои мушаххас;
— сабти ҳолати додашуда тавассути қонунҳои мувофиқи физикӣ, ки дар намуди муодила (формула)-и муайян ифода меёбанд;
— муайян кардани муодилаҳои иловагӣ ва ҳосил кардани системаи муодилаҳое, ки ҳолати додашудаи масъаларо пурра тавсиф мекунанд;
— дар намуди умумӣ ҳал кардани системаи муодилаҳо;
— санҷиши натиҷаҳои ҳал дар намуди умумӣ;
— иҷро намудани ҳисобкуниҳо дар СБ (Системаи воҳидҳои байналхалқӣ);
— санҷиши натиҷаи ҳал;
— таҳлили ҳалли масъала.
- Асбобҳо, механизму мошинҳо:
— сохт ва таъйиноти асбобҳо, механизму мошинҳо;
— асбобҳо, механизму мошинҳо дар асоси кадом ҳодиса ё қонун амал мекунанд?
— нақшаи сохти асбобҳо, механизму мошинҳо (қисмҳои асосии онҳо);
— принсипи амали асбобҳо, механизму мошинҳо;
— татбиқ ва қоидаҳои истифодаи онҳо.
- Озмоишҳои физикӣ:
— мақсади озмоиш;
— пешниҳод кардани фарзияи озмоиш;
— тартиб додани нақшаи озмоиш;
— интихоб кардани таҷҳизот ва маводди зарурӣ;
— васл кардани дастгоҳ аз рӯйи нақша;
— гузаронидани озмоиш;
— мушоҳида кардан, қайд намудани нишондодҳои асбобҳои ченкунанда, тартиб додани ҷадвали вобастагии бузургиҳо ва сохтани графикҳо;
— ҳисоб карда тавонистани хатоҳои ченкунӣ ва таҳлили онҳо (дар синфҳои боло);
— тартиб додани ҳисоботи мухтасар ва хулоса баровардан аз рӯйи натиҷаҳои ҳосилшуда;
— риояи ҳатмии техникаи бехатарӣ ҳангоми гузаронидани озмоиш.
ІІІ. Муайян намудани он, ки хонандагон (мувофиқи синф) аз ҳар як самти таълими физика кадом дониш, малака ва маҳоратҳоро бояд дошта бошанд. Дониш, малака ва маҳоратҳо, ки дар ҳаёти хонандагон барои ҳар як давраи муайян муҳим аст, бояд муайян карда шаванд.
ІV. Ҳангоми таҳияи салоҳият мувофиқи самтҳои таълими фанни физика ба меъёрҳои зайл диққат додан лозим аст:
— мушаххас. Салоҳиятҳо бояд муайян кунанд, ки чиро ба даст меорем ва онҳо маҷмуи дониш, маҳорат ва малакаҳоро аз самти муайяни таълими фанни физика инъикос намоянд;
— қобили санҷиш. Оё ба салоҳият ноил гаштанро санҷидан мумкин аст? Набояд салоҳияти зиёд бо феълҳои «донистан» ва «фаҳмидан (дарк кардан)» истифода шаванд, зеро чен кардани «донистан» қариб ғайриимкон аст;
— иҷрошаванда. Салоҳиятро хонандагон бо захираҳо (имкониятҳои ҷисмонӣ ва зеҳнӣ)-и дастрас, инчунин, вақти мувофиқ бояд аз худ карда тавонанд.
- Таҳияи нишондиҳандаҳо (индикаторҳо).
Нишондиҳандаҳо бояд инҳоро дар бар гиранд:
— дониш – маҳсул ва натиҷаи фаъолияти маърифатии инсон буда, аз фарогирии маънавӣ ва тасвири хаёлии олам дар тафаккур иборат аст. Ҷузъҳои таркибии дониш далелҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо, ҳодисаҳо, нуқтаҳои асосии назарияҳои илмӣ, фарзияҳо, принсипҳо, методҳои тадқиқот, инчунин, манзараи илмии олам мебошанд. Дар асоси дониш эътиқод, ақида ва маҳорату малакаҳои амалӣ пайдо шуда, қобилияти маърифатии хонандагон инкишоф меёбад;
— малака – ин фаъолияти дар амал татбиқ карда тавонистани дониш буда, фаъолияти фикрӣ мебошад. Ба низом даровардан ва татбиқ кардани дониш, ҳал карда тавонистани машқу масъала ва мисолҳо, гузаронидани таҷриба, ҳисобкунӣ, ченкунӣ, нақшакашӣ, тартиб додану хондани нақшаю график ва ғайра, маҳоратҳое мебошанд, ки дар мактаб ташаккул дода мешаванд. Маҳорат кору амали бошуурона аст, ки дар асоси дониш ва таҷрибаҳои рӯзгори ҷамъиятӣ ба амал меояд;
— маҳорат – тарзу усулҳои устувори мустаҳкамгардида (автоматӣ)-и иҷрои амал аст, ки дар натиҷаи машқу такрори зиёд ҳосил мешавад. Малака маҳорати такмилёфта, яъне, донишҳои борҳо дар таҷриба озмудашуда аст, ки ба маҳорати устувори доимоамалкунанда табдил меёбад. Ҳосил кардани малака, пеш аз ҳама, аз бошуурона омӯхтани ҷузъҳои дониш ва дар амал татбиқ кардани онҳо сар мешавад. Малака аҳаммияти ҳаётӣ ва таҷрибавии калон дошта, он зуд ва босифат иҷро кардани корро таъмин мекунад.
Дар ҳамин замина ва бо дарназардошти салоҳиятҳои асосӣ, ки барои фанҳои табиӣ ва технологияи иттилоотӣ 5-то муқаррар карда шудаанд, салоҳиятҳои фаннӣ аз физика чунин буда метавонанд:
- Салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ;
- Салоҳияти ғоявӣ-маънавӣ;
- Салоҳияти таълимӣ-тадқиқотӣ.
Хулоса, пайдарпайии таҳияи салоҳиятҳо ҳангоми омӯзиши физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин будааст:
— ба инобат гирифтани вазифаҳои таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
— муайян намудани самтҳои таълими фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
— муайян намудани он, ки хонандагон (мувофиқи синф) аз ҳар як самти таълими физика кадом дониш, малака ва маҳоратҳоро бояд дошта бошанд;
— таҳияи нишондиҳандаҳо (индикаторҳо).
