Ибодулло АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Яке аз вазифаҳои асосии омӯзиши фанни санъати тасвирӣ дар шуури хонандагон инкишоф додани образҳои бадеӣ ва ба зебоиофарӣ, зебоипарастӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят намудани онҳо мебошад. Фароҳам овардани шароити мувофиқ, муҳайё намудани маводди таълимӣ, дурусту мақсаднок ва мунтазаму бошуурона ба роҳ мондани омӯзиши ин фан хонандагонро ба раванди омӯзиш ва машғулиятҳои амалӣ омода месозад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замони муосир гарданд”. Татбиқи самараноки ин фармудаи Пешвои миллат дар раванди таълими ҳама фанҳо маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи касбии омӯзгорон вобаста мебошад.
Ҳангоми омӯзиши фанни санъати тасвирӣ хонандагон ба фаъолияти одитарини тасвири расм ва фаҳмиши рангҳо шинос шуда, зарурати омӯзиши амалиёти бадеию эҷодиро дарк мекунанд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда дар зеҳни хонандагон ташаккул додани мафҳуми дурнамо (перспектива) басо муҳим ва зарурӣ дониста мешавад, зеро фаҳмиши ин мафҳум боиси инкишофи қобилияти амалӣ, фикрӣ ва тахайюли эҷодии хонандагон шуда метавонад.
Дид ё нигоҳи мо воситаи асосии муайян намудани дурнамо (перспектива) мебошад. Барои омӯзиши дурнамо роҳ, тарз ва усули амалисозии ин мафҳум вуҷуд дорад, ки ба қадри имкон бо истифода аз дастурҳои илмию методӣ онро шарҳ медиҳем.
Навъи дигари он, дурнамоии ранг ё дурнамоии тобиши ранг мебошад. Вақте ки ашё ё ҷисм аз мо дур қарор гирад, ранги он дар назари мо тиратар ва баръакс, он ҳар қадар наздик бошад, ранги он равшантар метобад. Ғайр аз ин, мо ҳар қадар аз пастӣ ё баландӣ ба ашё нигарем, шакл ва андозаи он тағйир меёбад ва тарҳи он низ дар масофаи дур дигаргун мешавад. Масалан, агар мо як варақи одиро дар рӯйи миз дар ҳолатҳои гуногун гузошта, бо дарназардошти истифодаи дурнамо, дар ҳолатҳои гуногуни баландӣ ва пастӣ назар кунем, бо дигаргун шудани нуқтаи назар шакли варақ аз диди мо тағйир ёфта, андозаи он васеътар мешавад. Ҳангоме ки варақ дар сатҳи мизи корӣ гузошта шудааст, дар ҳолати ба таври мувозӣ (параллел) нигаристан, он ба хатти рост табдил меёбад (нигаред ба расми 1).

Агар мо натюрморти зарфҳои шишагиро дар рӯйи миз тасвир кунем, бояд ба композитсияи он диққати махсус диҳем, зеро композитсия шакли асосии тасвир дар санъати тасвирӣ ба шумор меравад. Пеш аз тасвири расм бояд бо асли ашё шинос шавем, ҷиҳатҳои фарқкунандаи онро натиҷагирӣ кунем, онро бо дарназардошти талаботи дурнамо (перспектива) мутобиқ созем ва шакли ҷисмҳоро муқоиса намоем.

Азбаски тасвири натюрморт аз ҷисмҳои гуногун иборат аст, мо бояд бо шакли ашёи тасвиршаванда ва аз кадом масолеҳ сохта шудани он эътибор диҳем. Барои тасвир кардани ҷисмҳое, ки сатҳашон мудаввар аст, бо дарназардошти талаботи дурнамо давраи паргорӣ ба байза (эллипс, овал) ё хатти рост табдил меёбад. Дар расми 2 бо истифодаи дурнамо шакли паргории давра ва байзаҳои гуногун, дар ҳолатҳои гуногуни нуқтаи назар ва дар ҳаҷми гуногун тасвир ёфтааст. Дар ҳолати андозаҳои яке аз ҳамин байзаҳоро тағйир додан тасвир шакли дурнамоии худро гум мекунад. Дар ҳолати истифодаи дурнамо агар хати уфуқӣ ба таври мувозӣ ба қисми болоии ҷисмҳои сатҳашон мудаввар гузарад, давра шакли хатти ростро мегирад. Агар мо ба давра аз баландӣ ё пастӣ назар кунем, он шакли байзаҳои гуногуншакл ва дар ҳолати ба сатҳи он ба таври перпендикуляр назар афкандан, шакли паргориро мегирад. Дар тасвири натюрморт (расми 2), ки бо риояи қоидаҳои дурнамо тасвир карда шудааст, давра шаклҳои гуногунҳаҷми байзашаклро дорост (нигаред ба расми 2).
Истифодаи дурнамо дар тасвири манзараи табиат низ барои дурусту табиӣ омадани расм кумак мекунад. Масалан, агар биноҳои баробарҳаҷмеро, ки сатҳи кунҷи девораш ба шахси тасвиркунандаи расм намудор бошад, бо истифодаи нишондоди дурнамо тасвир кунем, дар маркази тасвир хатти уфуқии (горизонт) Н ва Н1 гузашта мешавад. Ин хат ба воситаи нуқтаҳои баромади он, ки нуқтаҳои А ва А1-ро ташкил медиҳад, ба қисмҳои поёнӣ ва болоии биноҳо ба таври мувозӣ (параллел) гузашта, миёни ҳам дар як нуқтаи марказӣ пайваст мешаванд (нигаред ба расми 3).
Бояд зикр намуд, ки мафҳуми дурнамо (перспектива) барои баланд бардоштани тахайюлоти фазоии хонандагон ва густариши тасаввуроти графикии онҳо муҳим мебошад. Хусусияти асосии қонунияти дурнамо дар асоси инъикоси чашм, ки ашёро дар тағйироти ҳаҷмӣ мебинад, бунёд ёфтааст.
Метавон гуфт, ки фанни санъати тасвирӣ ҳамчун омили ташаккули зебоипарастӣ ба хонандагон ҳисси эҷодкорӣ бахшида, онҳоро ба дарки нозукиҳои фаъолияти навоварию созандагӣ водор месозад ва меҳрашонро нисбат ба намудҳои гуногуни санъати бадеӣ бедор менамояд. Хонандагонро зарур аст, ки дар дарсҳои санъати тасвирӣ қобилияти рассомю ҳунармандии худро такмил дода, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар машғулиятҳои эҷодӣ ва маҳфилҳои рассомӣ фаъолона ширкат варзанд.

