Хосият ҲАКИМОВА,
ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи рушди
маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ аз фанҳои муҳим дар низоми таҳсилоти маориф маҳсуб шуда, шогирдонро дар руҳияи зебоипарастӣ, меҳнатқаринӣ ва санъатдӯстӣ тарбия мекунад. Мардуми фарҳангии мо аз даврони қадим то ба имрӯз санъати наққошиву меъморӣ ва тасвири бадеиро гиромӣ медоранд ва онро аз насл ба насл интиқол дода, кӯшиш мекунанд, ки тавассути ин санъатҳо дар тарбияи ахлоқиву маънавии инсон саҳмгузор бошанд.
Тибқи талаботи таълими ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда дар дарсҳои санъати тасвирӣ диққати асосии омӯзгор ва хонанда бояд аслан ба раванди таълим равона шавад, яъне, чӣ тавр омӯзонидан ва омӯхтан. Дар ин маврид ба назар гирифтани қобилияти хонанда, маҳорати касбӣ ва навоварии педагог дар мадди аввал меистад. Барои ин, ба омӯзгор лозим аст:
— технологияи педагогии муосири таълимро донад ва омӯзад;
— пайваста дар дарсҳои санъати тасвирӣ аз восита ва таҷҳизоти муосир истифода бурда, дар хонандагон барои ба вуҷуд овардани маҳорату малака шароит фароҳам оварад;
— ба хонандагон имкон диҳад, ки маҳорату малакаи эҷодии ҳосилнамудаашонро мустақилона истифода баранд.
Масалан, дар ҷараёни дарсҳо зери роҳбарии омӯзгор хонандагон метавонанд, тарзи истифодаи компютер ва дигар таҷҳизоти иттилоотиро бо мақсади гирифтани маълумот омӯзанд. Барои ин, дар раванди таълими санъати тасвирӣ ба омӯзгор лозим меояд, ки як қатор вазифаҳоро анҷом диҳад. Аз ҷумла:
— муайян кардани маҷмуи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат) — и хонандагон дар дарси санъати тасвирӣ;
— ба ҳам мутобиқ намудани технологияи компютерӣ дар ҷараёни таълим;
— мунтазам инкишоф додани малакаю маҳорати меҳнати рассомӣ, ороишӣ ва эҷодӣ дар раванди таълим ва зиндагӣ;
— тарбияи меҳнатӣ, эстетикӣ ва касбии хонандагон;
— шиносоӣ бо асос ва намудҳои санъати графикӣ ва ташаккули малакаю маҳорати тасвири графикӣ;
— дар хонандагон бедор намудани кӯшишу ғайрат, меҳнатдӯстӣ, ҳисси эҳтиром ба меҳнати худ ва дигарон;
— омода намудани хонандагон ба иҷрои корҳои мухталиф бо мақсади худхидматрасонӣ;
— инкишофи қобилияти амалӣ, фикр ва эҷод.
Барои дар амал татбиқ намудани ин мақсад нақши технологияи компютерӣ муассир ва муҳим мебошад. Истифодаи компютер, камераҳо, дискҳо (фиттаҳо), дастгоҳҳои видеоӣ ва шунавоӣ, ки имрӯзҳо дар аксари муассисаҳои таълимӣ ба раванди таълим дохил гардидаанд, таълимро фаъол ва мустақил мегардонад. Дар ин ҷараён аз омӯзгор танҳо соҳиб будан ба таҷрибаи кофии техникӣ, маҳорат ва интихоби дурусти васоили техникӣ дар дарсҳои ҳаррӯзаи ӯ талаб карда мешавад. Чунончи, ҳангоми истифодаи усулҳои замонавии таълими санъати тасвирӣ бо компютер кор кардан лозим аст. Компютер ба омӯзгор барои сохтан ва ба тартиб даровардани мавзуи дарс, конспекти дарс, интихоби объект барои мавзуи таълим, мувофиқи мақсад ҷо ба ҷо гузоштани усули таълим, таъмин шудан бо маводди лозима тариқи маълумоти иловагӣ, интихоб ва ба тартиб даровардани маводди омӯзиш ва интихоби объекти кор дар дарс (объекти тасвир) бо дарназардошти қобилияти хонандагони синф имконият фароҳам меорад. Дар заминаи истифодаи компютер истифода аз тахтаи электронӣ барои таълими санъати тасвирӣ хеле муҳим мебошад. Он барои омӯзгор корро хеле осону нишонрас ва барои таълимгирандагон дарсро шавқовар мегардонад.
Дар раванди дарс истифодаи компютер дар якҷоягӣ бо тахтаи электронӣ имкон медиҳад, ки вақти барои дарс ҷудонамудаи омӯзгор сарфа шавад, маводди омӯзиш ба шакли гуногун таҳия гардад, ҳисси зебоипарастӣ ангезиш ёфта, дарс ба таври илмӣ ташкил карда шавад. Барои ба вуҷуд овардани ҳиссиёти гуногуни хонандагон дастрасии маводди омӯзишӣ муҳим мебошад ва ҳамчунон, омӯзгор бо усули ба раванди дарс хос ба шуури хонандагон бояд таъсир расонида тавонад. Инро чӣ тавр ба роҳ мондан мумкин аст? Масалан, омӯзгор метавонад объекти тасвирро бо воситаи компютер тариқи тахтаи электронӣ манзури хонандагон намояд. Хонандагон онро бо диққат ва бо завқ тамошо намуда, эҳсос мекунанд, ҳаловат мебаранд. Онҳо, гӯё ки объекти зиндаеро дар пеши чашми худ мебинанд ва сипас, ҳар як хонандаи синф вобаста ба қобилият ва завқи эстетикии худ онро тасвир месозад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки таҷҳизоти техникии нав фазои таҳсилотро гуворо месозад ва малакаю маҳорати хонандагонро инкишоф медиҳад. Махсусан, истифодаи воситаҳои нав барои фардикунонии таълими санъати тасвирӣ нақши муҳим мебозанд.
Бояд гуфт, ки дар таълими инноватсионӣ яке аз вазифаҳо ва мақсадҳои асосии таълими фанни санъат ва меҳнат инкишофи қобилияти фардии хонандагон, аз қабили дарки зарурати меҳнат ва олами санъати тасвирӣ дар зиндагӣ, ташаккули қобилияти эҷодию тахайюли бадеии талабагон, шинос намудани хонандагон бо амалиёти марбут ба касбу корҳои меҳнати дастӣ, омӯзонидани фаъолиятҳое, ки бо унсурҳои фаъолияти меҳнат ва тасвиру ороиш амалӣ карда мешаванд, ба шумор меравад. Барои муваффақ гардидан дар ин самт ба омӯзгор истифода бурдан аз сомонаҳои интернетӣ барои пайдо кардани маълумоти иловагии шавқовару муфид ва тавассути истифодаи ягон воситаи техникӣ дар дарс татбиқ намудани онҳо ба мақсад мувофиқ аст. Истифодаи фиттаҳо бо филмҳо дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёти рассомону мусавварасозони классику муосир, шинос намудани хонандагон ба ҳунарҳои меҳнати дастӣ ва корҳои вобаста ба санъати тасвирӣ дар замири онҳо ҳисси эҳтиром ва меҳру муҳаббат ба меҳнат, ба санъати тасвириро ҳосил менамояд. Ҳамчунин, намоиши мусаввараҳои зебову нодири ҷаҳонӣ тариқи тахтаҳои электронӣ дар раванди таълими фанни санъати тасвирӣ ин худ як сайри кӯтоҳе ба осорхонаҳо буда, барои дар руҳияи эстетикию фарҳангпарастӣ тарбия ёфтани хонандагон нақши босазое мебозад. Зеро ба масъалаи тарбияи завқи бадеӣ чун як система назар андӯхта, аз оила то ба муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва иҷтимоию фароғатӣ шароити мусоид фароҳам овардан ба мақсад мувофиқ аст. Мақсади машғулиятҳои санъати тасвирӣ низ, асосан, бояд ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҷодкорӣ, зебоипарастӣ ва инсондӯстии насли наврас равона карда шавад.
Наққош, аҷаб саҳфа мунаққаш кардӣ,
Эй вақти ту хуш, ки вақти мо хуш кардӣ!
Ҳамин тариқ, таълими инноватсионии санъати тасвирӣ дар мактабҳо дар замони муосир нақши хеле муҳим дорад. Бо такя ба технологияҳо ва усулҳои нав, ин гуна таълим метавонад ба шогирдон кумак кунад, то қобилиятҳои эҷодии хешро бедор намуда, олами тасвирро дуруст дарк кунанд. Аз ин рӯ, таълими инноватсионии санъати тасвирӣ дар мактабҳо на танҳо барои омӯхтани техникаи санъат, балки барои рушди ҳисси эстетикӣ, фикркунӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳо дар сатҳи баланди эҷодӣ муҳим аст.
