Райҳона НУРОВА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
МТМУ №22-и ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғд

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат пояи устувори низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, заминаи зиндагии озоду одилонаи ҳар шаҳрвандро фароҳам меорад. Омӯзонидани ин мавзуи муҳим ба хонандагони синфҳои миёна на танҳо вазифаи таълимӣ, балки рисолати тарбиявӣ низ дорад. Зеро маҳз дар ҳамин синну сол наврасон ба дарки арзишҳои давлатдорӣ расида, масъулияти шаҳрвандиро эҳсос мекунад.

Омӯзиши мавзуи “Конститутсия” бояд аз фаҳмондани мафҳумҳои одӣ оғоз гардад. Зеро масъалаҳои мураккаби ҳуқуқи конститутсионӣ барои хонандагони синфҳои миёна то андозае мураккаб буда, шавқмандии онҳоро ба дарс коҳиш медиҳад. Дар оғози дарс омӯзгор метавонад бо як суҳбати умумӣ диққати хонандагонро ҷалб намояд. Саволҳои содаву шавқафзо, ташвиқкунанда, таҳрикдиҳанда, монанди “Чаро ҳар давлат Конститутсияи худро дорад?” ё “Агар қонун набошад, ҷомеа чӣ гуна хоҳад буд?”, ба шогирдон имкон медиҳанд, ки андешаҳои худро оид ба аҳаммияти ин санад баён кунанд.

Дар рафти шарҳи назариявӣ бояд таъкид гардад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо тағйироту иловаҳо такмил ёфтааст. Он аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, пояи сохтори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Муаллим бояд ба бачаҳо маълумот диҳад, ки Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва манбаи ягонаи ҳокимият халқ аст. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ, дар баробари он забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор на танҳо мундариҷаи ҳуқуқиро, балки аҳаммияти тарбиявии конститутсияро низ бояд таъкид намояд. Фаҳмондани он ки Конститутсия ҳуқуқи ҳар инсонро муҳофизат мекунад, дар хонанда ҳисси эҳтиром ба дигарон ва фаҳмиши баробарҳуқуқиро бедор месозад.

Моддаҳои ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнат, озодии андеша ва виҷдон, инчунин, вазифаҳои шаҳрванд, мисли эҳтиром ба қонун, пардохти андоз ва муҳофизати табиат бояд бо мисолҳои фаҳмо шарҳ дода шаванд. Зеро дарки ин масъалаҳои муҳим барои ҳар инсон дар ҳар марҳила зарур буда, боиси боло рафтани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва умуман, шаҳрвандон мегардад.

Бо ин роҳ хонанда мефаҳмад, ки Конститутсия танҳо як санади ҳуқуқӣ набуда, балки рамзи озодӣ, адолат, ягонагии миллӣ ва таҳкимбахши пояҳои давлатдории дунявию ҳуқуқбунёд мебошад.

Яке аз роҳҳои муассири дарк ва пойдории дониш истифодаи усулҳои интерактивӣ мебошад. Дар омӯзиши мавзуи “Конститутсия” чунин усулҳо тавсия дода мешаванд:

 1. Муколамаи таълимӣ

Муаллим бо хонандагон суҳбати озод мегузаронад:

— Чаро Конститутсияро “Қонуни асосӣ” меноманд?

— Кадом ҳуқуқҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд?

— Шумо кадом моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед?

Ин гуна муколамаҳо андешаронӣ ва раванди иштироки фаъолонаи хонандагонро тақвият мебахшанд.

2. Кор дар гурӯҳ

Хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, мавзуъҳои зеринро таҳлил мекунанд:

— Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

— Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо.

Пас аз муҳокима, натиҷаҳо бо рӯнамо — презентатсия ё хулосаи шифоҳӣ пешниҳод мешаванд.

Барои он ки шогирдон конститутсияро на танҳо ҳамчун як санади расмӣ, балки ҳамчун қисмати зиндагии худ дарк кунанд, омӯзгор бояд дар дарс мисолҳои амалӣ ва иҷтимоӣ оварад. Масалан: “Агар ҳуқуқи ту поймол шавад, ба кадом идора муроҷиат мекунӣ?”, “Кадом ҳуқуқҳоро ту ҳар рӯз истифода мебарӣ – таҳсил, меҳнат ё озодии сухан?”

Ин гуна мисолҳо ба хонанда мефаҳмонад, ки Конститутсия ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсон ва махсусан, донишомӯзон дахл дорад ва ҳимояи ҳуқуқҳои ӯро таъмин менамояд.

Ногуфта намонад, ки барои ҷолибу муассир гузаронидани дарс, истифодаи аёният хеле муҳим аст.

Муаллим метавонад дар раванди дарс нусхаи чопшудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳад, слайдҳо ва диаграммаҳо оид ба сохтори давлат истифода барад ва порчаҳои видеоӣ ё аксҳо аз чорабиниҳои Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш диҳад. Ин амалҳо фазои дарсро зинда мегардонанд ва хонандагонро ба  ҷараёни он фаъолона ҷалб месозанд.

Дар поёни дарс бояд таъкид шавад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад ва масъулияти шаҳрвандро дар назди давлат ва ҷомеа муайян месозад.

Хулоса, истифода аз усулҳои интерактивӣ дар дарс оид ба Конститутсия ба хонандагон маълумоти ҳуқуқӣ дода, чӣ гуна шаҳрванди фаъол будан, ба қонун эҳтиром доштан ва дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳм гузоштанро талқин мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *