Муҳаммад САФАРОВ,
мутахассиси Маркази тоҷикшиносии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, яке аз воқеаҳои муҳим дар ҳаёти маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он танҳо як расмият набуда, балки рамзи ягонагии миллӣ, эҳёи фарҳанг ва василае барои бознамоии арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Забони тоҷикӣ тули асрҳо василаи асосии ифодаи андеша, эҳсос ва фарҳанги халқи тоҷик будааст. Ин забон вориси шеъру адабиёти бузурге мебошад, ки аз замони Рӯдакиву Фирдавсӣ то имрӯз ба мо расидааст. Ҳар калима ва ибораи он оинаи таърихи миллати тоҷик аст. Ин рӯз фурсате барои ба ёд овардани ҳамин мероси бузурги фарҳангӣ ва таъкиди нақши он дар ҳифзи ҳодисаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бонуфузи миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ танҳо василаи муколама нест, балки он аз ҷониби мардум ҳамчун ҳолати фардӣ ва хислати миллӣ ҳис карда мешавад. Истифода, тақвият ва муҳофизати забон, монанди ҳифзи Истиқлоли давлатӣ муҳим ба шумор меравад. Он барои ташвиқи ҳиссиёти баланди миллӣ ва тақвияти ватандӯстӣ дар байни аҳолӣ, хусусан, ҷавононе, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунанд, зарур аст. Омӯзиши босифати забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои олӣ пояи асосии ташаккули шахсияти миллӣ аст. Ин фақат омӯзиши қоидаҳо набуда, балки шинохти фарҳанг ва таърихи ниёкон мебошад ва он ба эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд. Пас, эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба таърих ва фарҳанги худро дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша риояи забони давлатӣ, таълифи китобҳо ва рушди забонро таъкид намуда, пешниҳод менамоянд, ки ҷавонон бештар ба забон ва забономӯзӣ таваҷҷуҳ кунанд, зеро он дар ҳаёти рӯзмарраашон нақши хеле муҳимро мебозад. Сарвари давлатамон мудом аз аҳли ҷомеа даъват менамоянд, ки ба забон эҳтиром гузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳаммияту арзишмандии забони тоҷикӣ чунин таъкид кардаанд: «Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст».
Дар асри ҷаҳонишавӣ ва дар ростои таъсири забонҳои хориҷӣ забони миллӣ чун пушту паноҳи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, арзиши бебаҳо дорад. Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ рӯйдоди муҳиммест, ки дар рафти он тавассути баргузории семинар, конфронсу фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангию адабӣ барои ташвиқи истифодаи забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ заминаи мусоид гузошта мешавад. Таъкиди истифодаи забони меъёр дар корҳои расмӣ, таҳияи луғатҳо ва дастурҳои имлоӣ, инчунин, тарғиби хондани китоб бо забони тоҷикӣ аз вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои хаттотӣ, шеърхонӣ ва маҳорати нутқ дар байни наврасон ва ҷавонон низ ба рушди саводнокии забон ва эҳёи унсурҳои анъанавии фарҳанг мусоидат менамояд, ки яке аз онҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба шумор меравад.
Бо дарназардошти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм, технология ва фарҳанг, забон на танҳо воситаи муошират, балки омили калидӣ барои рушди ҳамгироии илмӣ ва фарҳангӣ гардидааст. Гуногунзабонӣ дар ҷомеа на танҳо ҳамчун арзиши фарҳангӣ, балки ҳамчун захираи стратегӣ дар низоми илму маориф ва равобити байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад, омӯзиш ва таҳқиқи забонҳо ҳамеша мавқеи хосси худро дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ниҳодҳои илмӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон, бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва ғайраҳо, як унсури муҳимми сиёсати илмии соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои кишвар ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқоти лингвистикӣ, таҳияи луғатҳо, грамматикаҳо, барномарезиҳои таълимӣ ва омӯзиши фарҳангҳои марбут ба забонҳо яке аз самтҳои муҳим дар муассисаҳои илмӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва саҳми бештар гузоштани олимони тоҷик дар муҳокимаҳои илмии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Муассисаҳои илмии кишвар бо такя ба дастовардҳои илмии пажуҳишгоҳҳои забоншиносӣ ва марказҳои омӯзиши забонҳо, метавонанд дар таҳияи стратегияи омӯзиши забонҳо дар кишвар нақши муассир дошта бошанд. Бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмӣ, метавон ба рушди муҳити бисёрзабонаи илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар қаламрави Аврупо беш аз 200 забони миллӣ ва минтақавӣ истифода мегардад, дар кишварҳои ин минтақа низ рӯзи забонро ҷашн мегиранд, ки ин имкони муаррифии боигарии забон ва фарҳангии кишварҳоро фароҳам меорад. Ин сана ҷомеаҳоро даъват мекунад, ки ба таълим ва ҳифзи забонҳои ақаллиятҳо аҳаммият дода, таҳаммулпазириро тақвият бахшанд ва ҳамзистии осоиштаи фарҳангҳоро тарғиб намоянд. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз ба гуногунзабонӣ, омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ аҳаммияти сазовор додан аст.
Ҳамин тавр, баргузорӣ ва ҷашн гирифтани ин рӯзи муборак дар Тоҷикистон низ як зарурати стратегӣ барои ҳифз ва инкишофи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мебошад. Ин ҷашн нафақат ба хотираи гузаштагони бузург, балки барои тарбияи насли оянда, ки ба арзиши забони модарии худ эҳтиром қоил буда, андеша намуда, эҷод менамоянд, бахшида шудааст. Муҳофизат ва тарғиби забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Бояд ба арзиши бузурги ин хазинаи маънавӣ диққат дода, барои густариш ва ривоҷи он саъй карда шавад. Ин фурсати муҳиммест, барои тақвияти уҳдадории миллии мо ва гузориши кори анҷомдода дар ин роҳ, то ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони зинда, инкишофёбанда ва фарҳангсоз дар оинаи ҷаҳон дурахшон боқӣ монад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ ба ҷомеаи кишвар хотиррасон мекунад, ки забон ҳамеша омили асосии пешрафт, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди тафаккури илмӣ боқӣ мемонад. Ин рӯз ҳамчун як рӯзи махсуси фарҳанги миллӣ эҳтиром мешавад ва барои такмили забону фарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамкории муассир миёни ниҳодҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ метавонад, ба таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар мусоидат намояд.
