Абубакр МАНОНЗОДА,

сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

номзади илми филология

Дар ҳаёти ҳар яки мо нақши омӯзгор ҳамчун роҳнамо ва тарбиягар ниҳоят бузург аст. Омӯзгор падари маънавии ҳар яки мост, зеро доимо заҳмат кашида, бедорхобиҳоро паси сар мекунад, то мо аз олами илму маърифат баҳраманд гардем. Яке аз чунин муаллимони фидокору заҳматкаш, ки тамоми ҳастии худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, Табаралӣ Каримов мебошад. Ӯ омӯзгоре буд, ки умри пурбаракати худро ба омӯзишу парвариши ҳазорон шогирд бахшид.

Фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгории Табаралӣ Каримов хеле фароху доманадор аст. Зодгоҳи устод деҳаи зебоманзари Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебошад. Падараш деҳқони одӣ буда, ҳангоми 2-сола будани муаллим аз дунё мегузарад. Модараш низ ҳангоми 4-сола будани Табаралӣ дунёро падруд гуфт. Ин тифлаки хурдсол оғӯши гарми падару модари мушфиқу меҳрубони худро дида натавонист. Ҳамин тавр, Табаралӣ ва апаю додари ӯ дар хурдсолӣ бепарастор монданд. Азбаски апааш он замон 14-сола ва додараш нав 2-сола шуда буд, тағояш Исмоил Рафиев онҳоро муддате ба тарбияи худ гирифт. Пас аз чанд сол апааш ба шавҳар баромада, додаронашро ба парастории худ мегирад. Бахти Табаралии ҷавон боз омад накард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Ҷавонон пайи ҳам барои ҳифзи Ватан даъват мешуданд. Соли 1943 язнааш Усмон Ризмоновро низ ба ҷанг даъват карданд. Язнааш ҳангоми муҳорибаҳо дар яке aз муборизаҳои бошиддат қаҳрамонона ҳалок мегардад. Ҳамин тавр, тарбияи фарзандони апааш — Идимоҳ ва Саид низ бар уҳдаи вай монд. Солҳои мудҳиши ҷанг буд. Аз соли 1940 то соли 1946 Табаралӣ дар мактаби ҳафтсолаи деҳааш таҳсили илм карда, дар баробари ин, ҷиянҳои ноболиғашро низ парасторӣ мекард.

Ҳангоми таътили тобистона ҳамроҳи апааш дар майдонҳои колхози Роҳи Ленини ноҳияи Варзоб ба дарави ғалла мерафт. Барои давом додани таҳсил соли 1946 ба интернати ноҳияи Ҳисор рафта, соли 1951 маълумоти миёнаро дар мактаби ба номи Н. Крупская гирифт.

Пас аз хатми мактаби миёна мехост, ки таҳсилашро дар мактаби олӣ давом диҳад. Мутаассифона, шароити зиндагӣ ба ӯ имкон намедод, ки ҳамон вақт орзуяшро амалӣ кунад. Вазъияти замон ӯро водор сохт, ки аз фикри таҳсил дар мактаби олӣ даст кашида, меҳнат намояд. Барои ҷустуҷӯи кор ба идораи маорифи ноҳияи Варзоб меравад ва мудири маориф Отахонов ӯро дида, мешиносад. Отахонов ҳангоми таҳсили ӯ дар мактаб-интернат вазифаи нозири Вазорати маорифи ҷумҳуриро бар уҳда дошт ва барои санҷидани дониши хонандагон дар дарсҳои физикаю математика иштирок намуда, ҳамон замон дониши хуб ва лаёқатмандии ӯро ҳис намуда буд. Ҳамин тариқ, бо тавсияи мудири маорифи ноҳия ӯро дар мактаби 7-солаи ба номи Кагановичи деҳаи Чинор муаллими фанни физикаю математика таъйин намуданд. Солҳои 1951-1952 дар мактаби мазкур ба хонандагони синфҳои 5-7 аз фанни физика ва математика таълим медод.

Меҳри касби омӯзгорӣ дар қалби Каримов хеле амиқ ҷой гирифта буд. Ҷанг ҳам ба охир расида, шароити зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Он донише, ки аз мактаби миёна гирифта буд, ӯро қонеъ нагардонид. Соли 1952 барои васеъ намудани малакаву савияи дониши омӯзгории худ ба факултаи математика ва физикаи Институти омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко дохил шуда, онро соли 1956 бомуваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ мегардад.

Табаралӣ Каримов пас аз хатми институт дар мактаби миёнаи ба номи Горкийи Ҷамоати ба номи С. Айнии ноҳияи Варзоб аз соли 1956 то соли 1958 ба шогирдон аз рӯйи ихтисос таълим медиҳад. Соли 1958 дар деҳаи Лучоб мактаби миёна барои хонандагон дарҳои худро боз кард. Мудири маорифи ноҳия Абдулҳамид Ҳабибов ҳамчун муаллими ботаҷриба ӯро ба мактаби навтаъсис ба кор мефиристад.

Ҳамин тариқ, фаъолияти омӯзгории минбаъдааш солҳои 1958-1959 дар мактаби миёнаи ба номи Т. Шевченкои Ҷамоати Лучоб идома ёфт. Табаралӣ Каримовро соли 1959 маъмурияти мактаби миёнаи №116-и ба номи Улянови деҳаи Чорбоғ барои таълими фанни физикаю математика даъват карданд. Аз ҳамон сол то соли 1993, яъне, то ба нафақа баромадан Табаралӣ Каримов дар ҳамин мактаб давоми 34 сол ба шогирдон асосҳои илму донишро таълим медиҳад. Ӯ ҳар як дарс ва машғулиятро бо истифодаи аёният ва адабиёти иловагӣ пурмазмун мегузаронд. Мавзуъҳоро бо усулҳои гуногун чунон осонфаҳм мегузаронд, ки шогирдон дарсро зуд аз худ мекарданд.

Бояд гуфт, ки Табаралӣ Каримов барои хидматҳои шоёнаш дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ветерани меҳнат ва якчанд ифтихорномаи маориф қадр карда шудааст. Шогирдони ин омӯзгори пурталошу заҳматпеша зиёданд ва онҳо номбардори номи баланди устодашон буда, дар самтҳои гуногун дар кишвар ва берун аз он кору зиндагӣ мекунанд. Имрӯз шогирдон аз устод хотираҳои даврони мактабхониро ба ёд оварда, номи неки ӯро пос медоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *