Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
номзади илми филология

Китоб муҳимтарин василаи интиқоли маърифат, шинохти миллат, дарки худшиносию худогоҳӣ ва пойдории таъриху арзишҳои фарҳангии ҳар як кишвар мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо китоб будан, бо китоб зистан ва пос доштани китоб боиси ташаккули китобхонаҳо дар аксар хонаводаҳо мегардад. Таҳлилҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳанд, ки китобхонаҳои оилавӣ ба қисми таркибии ғановати фарҳангии миллату давлат шомил шуда, барои миллати тоҷик ҳар як китобхонаи шахсӣ манбаи нуру махзани маънавии ҷомеаи мо ҳисобида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз тибқи нишондодҳои оморӣ 1363 китобхонаи оммавӣ амал мекунад, ки дар таъмини аҳолӣ бо маводди илмию фарҳангӣ нақши созгор доранд. Аммо то ҳол китобхонаҳои шахсӣ — хонаводагӣ, ки шумораашон ба ҳазорҳо мерасад, ба таври дақиқ ҳисоб карда нашудаанд.

Пӯшида нест, ки баъд аз носуботиҳои мамлакат дар қатори дигар сохторҳо, фаъолияти китобхонаҳо то андозае суст ва камранг гардид. Дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, қавӣ шудани аркони давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ дар мамлакати хуршедии мо таваҷҷуҳро ба китобу китобхонаҳо ба таври шоиста боло бурда, соли 2012 бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд ва ба истифода дода шуд.

Китобхонаи мазкур бо намои китоби боз як таҳаввули бузурге дар самти фарҳанги китобдорию китобхонӣ гардид. Ин даргоҳи илму маърифат дар баробари фонди бузурги китобии худ, ки фарогири беш аз 4 миллион нусха китоб, фарҳангу луғатномаҳо, қомусҳо, китобҳои чопи сангӣ, матбуоти даврии Тоҷикистон ва ҷаҳон, адабиёти хориҷӣ, дастхатҳои нодири тоҷикӣ – форсӣ, китобҳои электронӣ, имову ишора – видеоӣ, нашрияҳои рақамӣ, китобҳо барои афроди камшунав — аудиоӣ мебошад, ҳамзамон, китобхонаҳои шахсии олимону муҳаққиқон ва адибону пажуҳишгаронро дар худ нигоҳдорӣ ва дастраси дӯстдорони китоб месозад. Китобхонаҳои шахсии академикҳо, докторони илм, кормандони илмӣ ва адибону донишмандони кишвар, ки то имрӯз ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шудаанд, шумораашон ба 37 китобхона расида, муҳимтарин хазинаи китобии ин даргоҳи илму маърифатро ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза муҳаққиқон, донишҷӯён ва пажуҳандагони риштаҳои гуногун аз ин онҳо баҳраманд мешаванд.

Чанде пеш дар масъалаи китобхонаҳои шахсӣ ва фонди китобии ин бахши китобхона боз як воқеаи фараҳбахшу фарҳангӣ сурат гирифт, ки он ҳадя кардани китобхонаи шахсии шоири номвари кишвар, донишманди фарҳехта ва ҳуқуқшиноси варзидаи мамлакат Акбар Абдулло ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Китобхонаи мавсуф фарогири китобҳои нодиру арзишманди соҳаҳои адабиёт, таърих, забон, ҷуғрофиё, ҳуқуқ, фалсафа ва нашрияҳои даврии солҳои гуногун буда, ҳудудан, 3500 нусха китобу нашрияро дар бар мегирад.

Дар ин ганҷури маънавии адиби маърифатсолор мо осори шоирону ҳикматофарони дирӯзу имрӯзи адабиётро, аз ҷумла, падари шеър устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нусхаҳои гуногуни “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ҷилдҳои мухталифу мунаққаши “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхро бо шарҳу тафсир, ашъори Носири Хусрави Қубодиёнӣ, чакидаҳои Ҳофизу Бедилу Ҷомӣ, Саъдию Ҳилолию Навоӣ ва даҳҳо шоирони шаҳири дигарро шоҳид мешавем. Инчунин, дар ин махзан осори адибони Тоҷикистонро, аз устод Айнӣ то нависандагони имрӯзи кишвар, дучор меоем.

Як вежагии дигари ин китобхона дар он аст, ки он дорои китобҳои нодир ва гаронарзиш бо хати ниёкон буда, аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва соири давлатҳои дигар ба устод Акбар Абдулло ҳадя шудаанд ва ё дар вақту замонҳои гуногун ин китобҳоро устод аз ин кишварҳо харидорӣ карда, ба китобхонаи шахсии худ, ки як ғурфаи маънавӣ мебошад, ворид кардаанд. Бахусус, фарҳангномаҳо, қомусҳо, китобҳои миниятурӣ, тафсири осори классикон ва дигар асарҳои шоирони ҳавзаи забону адаби форсӣ дар китобхона ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар айни замон дархӯри талаботи насли фарҳангдӯсти кишварамон мебошанд. Ҳамзамон, китобҳо аз шоирону адибони бузурги рус, украин, белорус, узбек, қазоқ, намояндагони адабиёти Аврупову Амрико ва кишварҳои Ховари Миёна дар ин китобистон гирдоварӣ шудаанд.

Муҳимтарин бахши ин китобхона 195 китобе мебошад, ки аз тарафи муаллифон бо дастхат ба Акбар Абдулло ҳадя шудаанд. Дар ин 195 китоб, ҳам таманниёти муаллифон ва ҳам эҳтирому садоқаташон нишон дода шудааст. Тавре маълум аст, аз рӯи илми хатшиносӣ ва таърихнигорӣ ҳар як соядаст ба қисми таркибии хатнигораҳо дохил шуда, ҳатман як замоне барои корҳои илмӣ доир ба ин ё он соҳа хидмат хоҳанд кард.

Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар ҳифзу нигоҳдошт ва ғанӣ гардидани ин китобхона заҳмати ҳамсари устод – Зеварой Абдуллоева, ки як бонуи фариштахисол аст, амиқан эҳсос мешавад. Лаҳзаҳое, ки барои интиқоли китобхонаи устод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳавлии эшон ҳузур доштам, ҳамсари устод ба бастаҳои китоб бо чашми муҳаббат менигарист. Гӯё фарзандеро барои сафари дур гусел мекард. Ашк дар нигоҳи модар ҳалқа зад ва таъкид кард:

— Ҳар куҷое падари фарзандонро барои адои хидмати давлатӣ сафарбар мекарданд, ин китобҳоро дар баробари чор фарзандам ҳамеша бо худ мебурдам, аз онҳо муроқибат кардам ва кӯшидам, ки ин китобҳо дар сахттарин лаҳзаҳо газанд набинанд. Акнун, шумо ин фарзандони маънавии маро бо иззат нигоҳдорӣ кунед ва кӯшиш кунед, ки насли ҷавон ба ин китобҳо дастрасӣ дошта бошанд.

Агар ба масъалаи тақдими китобхонаҳои шахсӣ назар намоем, то имрӯз китобхонаҳои шахсиятҳои шинохта, ба мисли устодон — Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аҳрор Мухторов, Талбак Назаров, Фозил Тоҳиров, Раҷаб Амонов, Мӯсо Диноршоев, Хуршеда Отахонова, Ятимов Саймумин, Рамазон Раҳимзода, Маҳкам Маҳмудзода, Файзулло Шарифзода, Муҳаммад Лутфуллозода, Убайд Зубайдов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон ба фонди китобхона супорида шудаанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдом аз лиҳози мантиқӣ дорои се вижагӣ мебошад:

  1. Хидмат ба пажуҳандагони ҷавони кишвар. Ҳар китобе, ки ба фонди китобхона ворид мешавад, дар таъмини маънавияти хонандагон ҳамчун манбаъ ва ё сарчашмаи омӯзиш ба кор меояд.
  2. Ҷовидонӣ гардонидани китобхонаи шахсӣ. Устод бо тақдими китобкадаашон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон умри китобҳои ҷамъкардаашонро ҷовидонӣ гардониданд, зеро ҳар як китобе, ки вориди фонди китобии кишвар мешавад, тибқи низоми фаъолияти китобдорӣ санад шуда, сарчашмаи он қайд мегардад.
  3. Пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат. Аснои ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сарвари давлат ба зиёиёни кишвар рӯй оварда, доир ба ғанӣ гардонидани фонди китобии он таъкид намуданд. Ҳамзамон, аз шахсиятҳое, ки китобхонаҳои худро ба ин ганҷинаи илму ирфон супоридаанд, таъкиди хос намуданд. Ин иқдоми устод Акбар Абдулло як қадами устувор дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди фарҳанги миллӣ ва низоми фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар маҷмуъ, ташаббуси устод Акбар Абдулло заминаи шоистаеро ҷиҳати қавӣ гардидани фонди китобии бузургтарин боргоҳи адабию фарҳангӣ ва илмию таърихии миллати тоҷик гузошта, барои рушди фарҳанги тақдими китоб заминаи устувор хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *