
«ҚОБУСНОМА» — и Унсурулмаолии Кайковус
(Боби бисту ҳафтум)
Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст…
Чун бузург шавад, агар раият бошӣ, вайро пешае биёмӯзӣ ва агар аҳли силоҳ бошӣ, ба илми силоҳаш диҳӣ, то савориву силаҳшӯрӣ биёмӯзад ва бидонад, ки ба ҳар силоҳ чӣ бояд кард. Ва чун аз силоҳ омӯхтан фориғ гардӣ, бояд ки фарзандро шино биёмӯзӣ. Чунон ки ман даҳсола шудам, моро ҳоҷибе буд Боманзар ҳоҷиб гуфтандӣ ва фурусият неку донистӣ. Ва ходиме ҳабашӣ буд Райҳон ном, вай низ неку донистӣ. Падарам маро бад-он ҳар ду супурд, то маро савориву найза бохтан ва зӯбин андохтану чавгон задан ва тобтоб андохтан ва каманд афкандан ва ҷумла ҳар чӣ дар боби фурусият ва руҷулият буд, биёмӯхтам. Худованд фармон дод, то фардо ба нахчиргоҳ он чӣ омӯхтааст, бар Худованд арза кунад.
Амир гуфт:
– Нек ояд.
Рӯзи дигар бирафтам, ҳар чӣ донистаме бар падар арза кардам. Амир эшонро хилъат фармуд ва пас гуфт:
– Ин фарзанди маро он чи омӯхтаед, неку бидонистааст, валекин беҳтарин ҳунаре наёмӯхтааст.
Гуфтанд:
– Он чӣ ҳунар аст?
Амир гуфт:
– Ҳар чӣ вай донад аз маънии ҳунару фазл, ҳама он аст, ки ба вақти ҳоҷат агар вай натавонад кардан, мумкин бошад, ки касе аз баҳри вай бикунад. Он ҳунар, ки вайро бояд кардан аз баҳри хеш ва ҳеҷ кас аз баҳри вай натавонад кард, вайро наёмӯхтаед.
Эшон пурсиданд, ки он кадом ҳунар аст.
Амир гуфт:
– Шиноварӣ, ки аз баҳри вай ҷуз вай кас натавонад кард. Ва ду маллоҳи ҷалд аз Обисгун биёвард ва маро бад-эшон супурд, то маро шино биёмӯхтанд ба кароҳият ва ба табъ. Аммо нек биёмӯхтам.
Иттифоқ афтод, ки он сол ба ҳаҷ мерафтам, бар дари Мавсул моро қатъ афтод, қофила бурданд ва араби бисёр буд ва мо бо эшон басанда набудем. Ҷумлатуламр ман бараҳна боз Мавсул омадам. Ҳеҷ чора надонистам, андар киштӣ нишастам ба Даҷла ва ба Бағдод рафтам ва он ҷо шуғл неку шуд ва Эзидтаоло тавфиқи ҳаҷ дод. Ғаразам он аст, ки андар Даҷла пеш аз он ки ба Акбара расанд, ҷое махуф аст, гирдобе саъб, ки маллоҳе доно бояд, ки он ҷо бигузарад, ки агар сарфи он надонад, ки чун бояд гузашт, киштӣ ҳалок шавад. Мо чанд кас дар киштӣ будем, бад-он ҷой расидем. Маллоҳ устод набуд, надонист, ки чун бояд рафт, киштӣ ба ғалат андар миёни он ҷойгоҳи бад бурд ва ғарқа гашт. Қариб бисту панҷ мард будем. Ману марде пири басрӣ ва ғуломе аз они ман зирак, ки Ковӣ ном буда, ба шино берун омадем ва дигар ҷумла ҳалок шуданд. Баъд аз он меҳри падар андар дили ман зиёдат шуд. Дар садақа додан аз баҳри падар ва тараҳҳум фиристодан зиёдат кардам. Бидонистам, ки он пир чунин рӯзеро аз пеш ҳамедид, ки маро шиноварӣ омӯхт ва ман надонистам.
* * *
Пас, бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷо оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва натавон донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас, дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан. Ва ба вақти тааллум агар муаллимон ӯро бизананд, ӯро шафқат мабар ва бигузор, ки кӯдак илму адаб ва ҳунар ба чӯб омӯзад ва на ба табъи хеш. Аммо агар беадабӣ кунад ва ту аз вай дар хашм шавӣ, ба дасти хеш вайро мазан, ба муаллимонаш битарсон ва адаб эшонро фармой кардан, то кинаи ту дар дил нагирад. Аммо бо вай ба ҳайбат бош, то туро хор нагирад ва доим аз ту тарсон бошад. Ва дираму зар ва орзуе, ки вайро бошад, аз вай дареғ мадор бад-он қадар, ки битавонӣ, то аз баҳри сим марги ту нахоҳад аз ҷиҳати мерос ва бадном нашавад. Ва ҳаққи фарзанд омӯхтан дон аз фарҳангу дониш. Ва агар фарзанде бад бувад, ту бар-он манигар, ҳаққи падарӣ ба ҷой овар, андар омӯхтани адаби вай тақсир макун. Ҳарчанд ки агар ҳеҷ мояи хирад надорад, агар ту адаб омӯзӣ ва агар наёмӯзӣ, рӯзгораш биёмӯзад. Аммо шарти падарӣ нигоҳ дор, ки вай чунон зиндагонӣ кунад, ки фиристода бошад. Ва мардум чун аз адам мавҷуд шуд, хулқу сиришти ӯ бо ӯ буд. Аммо зи бехӯйӣ ва аҷзу заифӣ пайдо натавонад кардан. Ҳарчанд бузургтар мешавад, ҷисму руҳи ӯ қавитар мегардад ва феъли вай пайдотар мешавад аз неку бад то чун вай ба камол расад, одати вай низ ба камол расад. Тамоми рӯзбеҳиву рӯзбатарӣ пайдо шавад, валекин ту адабу ҳунар ва фарҳангро мероси хеш гардон ва ба вай бигузор, то ҳаққи вай гузорида бошӣ, ки фарзандонро меросе беҳ аз адаб нест ва фарзандони оммаро мероси беҳ аз пеша нест, ҳарчанд ки пеша на кори муҳташамон аст, ҳунар дигар асту пеша дигар. Аммо аз рӯйи ҳақиқат наздики ман пеша бузургтарин ҳунарест. Ва агар фарзандони муҳташамон сад пеша донанд, чун ба касб бикунанд, айбе нест, балки ҳунар аст, ҳар яке рӯзе ба кор ояд.
ҲИКОЯТ
Бидон, ки чун Гуштосп аз мақарри иззи хеш бияфтод ва он қисса дароз аст, аммо мақсуд аз он аст, ки вай ба Рум афтод, дар Қустантания рафт ва бо вай ҳеҷ набуд аз моли дунё. Айбаш омад нон хостан. Магар иттифоқ чунон афтода буд, ки ба кучакӣ дар саройи хеш оҳангаронро дида буд, ки корҳои оҳанина аз теғу корду рикоб ва даҳонаи лаҷом кардандӣ муҷовир. Магар дар толеи ӯ он афтода буд ин саноат, пайваста гирди оҳангарон мегаштӣ ва ҳамедидӣ ва ин саноат биёмӯхта буд. Он рӯз, ки ба Рум дармонда буд, бо оҳангарони Рум гуфт, ки ман ин санъат донам. Ӯро ба муздурӣ гирифтанд. Ва чандон ки он ҷо буд, аз он саноат зиндагонӣ мекард, ба кас ниёзаш набуд ва нафақот аз ин мекард, то он гоҳ ки ба ватани хеш расид. Баъд аз он бифармуд, ки ҳеҷ муҳташам фарзанди хешро аз саноат омӯхтан нанг надоранд, ки бисёр вақт бувад, ки қуввату шуҷоат суд надорад ва ҳар дониш, ки бидонӣ, рӯзе ба кор ояд. Ва баъд аз он дар Аҷам расм афтод, ки муҳташам набудӣ, ки фарзандро саноат наёмӯхтӣ, ҳарчанд ки бад-он ҳоҷат набудӣ ва он ба одат карданд.
* * *
Пас, ҳар чӣ битавонӣ омӯхтан, биёмӯз, ки манофеи он ба ту расад. Аммо агар писар болиғ гашт, бинигар андар вай, агар сари салоҳ дорад ва ба кадхудоиву зан доштан ва рӯзбеҳӣ машғул хоҳад будан, пас тадбири зан хостани ӯ кун, то он ҳақ низ гузорида бошӣ. Аммо, то битавонӣ, агар писарро зан диҳӣ ё духтарро ба шӯй диҳӣ, бо хешони хеш васлат макун. Зан аз бегонагон хоҳ. Бо қаробати хеш агар васлат кунӣ ва агар накунӣ, эшон худ гӯшту хуни туанд. Васл аз қабилаи дигар хоҳ, ки қабилаи хешро қабила карда бошӣ ва бегонаро хеш карда, то қувват ду гардад ва аз ду ҷониб туро муованат бувад. Пас, агар донӣ, ки сари кадхудоиву рӯзбеҳӣ надорад, духтари кадхудоёну мусулмононро дар бало маяфкан, ки ҳар ду аз якдигар дар ранҷ бошанд. Бигузор, то чун бузург шавад, чунон ки хоҳад, кунад зиндагонӣ, то баъд аз марги ту ба ҳама ҳол чунон тавонад буд, ки фиристода бошад…