
Некрӯз АКБАРОВ,
омӯзгори фанни технологияи иттилоотии
МТМУ №42-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Истифодаи технологияҳои компютерӣ дар раванди таълим як падидаи комилан муқаррарӣ мебошад. Аммо самаранокии истифодаи онҳо дар таълим аз тасаввуроти равшану саҳеҳи ҷойгоҳи он вобаста аст, ки онҳо бояд дар маҷмуи муносибатҳои мураккабтарине, ки дар низоми ҳамкории “омӯзгор — донишҷӯ” ба вуҷуд меоянд, ҷойи худро ишғол намоянд.
Истифодаи технологияҳои компютерӣ мақсад ва мундариҷаи таълимро дигаргун месозад, аз ҷумла, усулҳои нав ва шаклҳои ташкилии таълим ба вуҷуд меоянд.
Мафҳум, принсипҳо, хусусиятҳои технологияҳои компютерӣ
Дар даврони муосир таҳти компютерикунонии таълим раванди ворид намудани технологияҳои нави иттилоотӣ ба ҳама намудҳо ва шаклҳои фаъолияти таълимӣ ва дар ин замина, ташаккули қолабҳои нави таълимӣ фаҳмида мешавад. Таҳти технологияҳои компютерӣ моҳияти дидактикии технологияҳои таълими компютерӣ ва таносуби онҳо бо технологияҳои педагогӣ, инчунин, ҷойи онҳо дар сохтори ташкили раванди таълим дар донишгоҳ дар назар дошта мешавад. Барои фаҳмидани технологияҳои компютерӣ дар таълим моҳияти мафҳумҳои технология, технологияи баланд (англисии high technology, hi-tech)-ро дарк кардан зарур аст.
Технологияҳои иттилоотӣ (IT, аз калимаи англисии information technology) — синфи васеи фанҳо ва соҳаҳои фаъолияти марбут ба идоракунӣ ва технологияи коркарди маълумот, аз ҷумла, бо истифодаи технологияҳои компютерӣ мебошад. Асосан, таҳти технологияи иттилоотӣ технологияи компютерӣ фаҳмида мешавад. Технологияи компютерӣ (англ. Computer Science) номи умумии технологияҳое мебошад, ки барои нигоҳдорӣ, интиқол, коркард, ҳифз ва такрористеҳсоли иттилоот бо истифодаи компютерҳо масъул мебошад.
Усулҳои таълим бо истифодаи технологияи компютерӣ
Усулҳои таълим маҷмуи усулҳо ва равишҳое мебошанд, ки шакли ҳамкории донишҷӯён ва омӯзгоронро дар раванди таълим инъикос менамоянд. Калимаи “усул” (метод) дар тарҷума аз юнонӣ маънои “таҳқиқ, роҳи расидан ба ҳадаф”-ро дорад. Этимологияи ин калима ба тафсири он ҳамчун категорияи илмӣ низ таъсир мерасонад. “Усул — ба маънои томаш — роҳи расидан ба ҳадаф, тарзи муайяни фаъолияти танзимшуда мебошад”, — зикр шудааст дар луғати фалсафӣ. Равшан аст, ки дар раванди таълим метод, ҳамчун воситаи фаъолияти ба ҳам вобаста ва танзимшудаи омӯзгору хонандагон барои расидан ба ҳадафҳои муайяни таълимӣ амал мекунад. Аз ин нуқтаи назар, ҳар як усули таълим ба таври табиӣ кори таълимии омӯзгор (баён, шарҳи маводди нав) ва ташкили фаъолияти пурмуҳтавои таълимию маърифатии хонандагонро дар бар мегирад. Яъне, омӯзгор аз як тараф маводро худаш шарҳ медиҳад, аз тарафи дигар кӯшиш мекунад, ки фаъолияти таълимӣ ва маърифатии хонандагонро ҳавасманд кунад.
Афзалияти асосии шакли электронии пешниҳоди маълумоти таълимӣ ин муҷазу интерактивӣ будан ва ифоданок пешниҳод кардани маводди таълимӣ (видео, садо, аниматсия) мебошанд. Аз сабаби он ки дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва компютерикунонидашуда иттилоот моли арзишмандтарин мебошад, инкишофи минбаъдаи технологияҳои иттилоотӣ бо таҳияи механизми амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла, механизми ҳуқуқӣ робитаи зич доранд. Воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ имкон медиҳанд, ки самаранокӣ ва сифати раванди таълим аз ҷиҳати гуногунии он баланд бардошта шуда, дар ташаккули низоми нави таҳсилот, ҳадафҳо ва мундариҷа, технологияҳои педагогӣ нақши муҳим бозанд. Технологияҳои муосир ба ҳар як истифодабаранда имкон медиҳанд, то иттилоотро дар шакли рақамӣ эҷод намоянд ва онро тавассути компютер ва воситаҳои иртиботӣ ба ҳама ҷо паҳн кунанд.
Барои таълими мукаммали курси информатика ва ТИК барномаҳои ба бастаи ибтидоӣ (заминавӣ) дохилкардашуда кифоя нестанд. Дар айни замон, ҳангоми насб кардани як таъминоти барномавии навбатӣ мо, одатан, тугмаи “Давомаш”-ро пахш карда, ба мавҷуд будани созишномаи иҷозатномавии дахлдор аҳаммият намедиҳем, дар бораи ҷиҳатҳои қонунии истифодаи таъминоти барномавӣ фикр намекунем.
Дар соҳаи танзими методологӣ принсипҳои дидактикӣ, усулҳо, хусусиятҳо, аломатҳо ва шаклҳои пешниҳоди маълумоти таълимӣ бо истифода аз ТК имкон медиҳанд, ки имкони алтернативии омӯхтани маводди таълимӣ фароҳам оварда шавад.
Калимаи «иттилоот» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ шомил шуда, ҳоло ба мафҳум табдил ёфтааст. Мафҳуми «иттилоот» маънои хеле васеъ дорад. Масалан, мафҳумҳои арабиасоси «хабар» ва «маълумот» танҳо баъзе паҳлуҳои мафҳуми иттилоотро дар бар гирифта, маънои пурраи онро ҳеҷ гоҳ ифода карда наметавонанд. Мафҳуми иттилоот бештар ба мафҳуми байналмилалии «информатсия» наздик аст. Дар фарҷом, бояд зикр кард, ки дар қарни ХХI нақши технологияи иттилоотӣ дар пешрафти ҷомеа рӯз ба рӯз меафзояд.