Ҳабиба СОҲИБЗОДА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи хонандагони қобилиятноку соҳибистеъдоди
ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Аз синни барвақтӣ инсон ба ҳайси як мавҷуди бошуур дар ҷараёни иҷтимоишавӣ, яъне, мутобиқ гардидан дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ ширкат меварзад. Дар ин замина, сатҳи алоқамандӣ ва нақши инсон дар ҳаёт тавассути унсурҳои иҷтимоӣ муайян мегардад. Ба унсурҳои мазкур дар оғоз оила, баъдан, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, макотиби олӣ ва коллективҳои меҳнатӣ дохил мегардад. Оила дар аксар маврид инсонро ҳамон гунае, ки ҳаст, қабул менамояд, аммо барои дарёфти нақши муайян дар рукнҳои дигари иҷтимоӣ инсон бояд сазовор бошад. Зеро дараҷаи фаъолият ва шахсият дар ҷомеа арзёбӣ ё ба таври дигар баҳогузорӣ мегардад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мураббӣ кӯшиш ва рафтори кӯдакро аз лиҳози иштирок дар ҷараёни бозиҳои гурӯҳӣ, тарзи муносибат бо ҳамсолон ва калонсолон, иҷрои машқҳо баҳогузорӣ менамояд. Дар ин раванд кӯдакон дарк мекунад, ки рафтори онҳо бо намудҳои муайяни меъёри арзиш, ба монанди “қобил”, “фаъол”, “хушмуомила” таҳлил ва баҳогузорӣ мегардад. Баъдан, дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Аммо акнун ин баҳогузорӣ ба азхудкунии дониш аз барномаҳои таълимӣ равона гардида, аз ҷониби омӯзгор меъёри он муайян мегардад. Ва маҳз таҷрибаи мазкур ба раванди тамоюли иҷтимоишавии шахсият дар зинаҳои дигар — дар мактоиби олӣ ҳамчун донишҷӯйи аълохон ё хубхон, дар фаъолияти меҳнатӣ-корманди намуна ё хуб таъсири муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷараёни баҳогузорӣ дар мактаб унсури муҳимми раванди таълим маҳсуб меёбад. Зимнан, давраи балоғати инсон синни мактабиро фаро мегирад ва арзёбии мушаххас ва дақиқ дар мактаб ба раванди ташаккули шахсияти инсон таъсири     мустақим дорад.

Дар замони муосир низоми маориф дар ҳар як давлат навъи мухталифи баҳогузориро, ки онро ба тариқи дигар меъёри арзёбии сатҳу сифати омӯзиш ва дониши хонанда меноманд, истифода менамоянд.

Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Тоҷикистон методологияи муназзами арзёбии натиҷаи таълим дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ вуҷуд надорад, ки ин омил арзёбии натиҷаи таълими хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мамлакатро мушкил мегардонад. Аз ин рӯ, бо мақсади ворид шудани Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва системаи арзёбии муосир, омода намудани хонандагон ба зинаҳои минбаъдаи таҳсил ва муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми 10-холаи баҳогузорӣ ҷорӣ мегардад.

Дар робита ба низоми мазкур андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Ман низ ба ҳайси як омӯзгор бо омӯзиши моҳият ва ҷадвали баҳогузории 10-хола онро бо низоми арзёбии 5-хола муқоиса ва таҳлил намудам, ки дар натиҷа, бартариҳои зиёд ба мушоҳида мерасад ва онро ба таваҷҷуҳи омӯзгорон пешниҳод менамоям.

Низоми арзёбии 10-хола ҷадвали баҳогузориро ба тариқи зер пешниҳод менамояд:

Яъне, фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯйи чор дараҷа ва даҳ зина арзёбӣ мегардад. Дараҷаи аъло аз ду баҳои аъло (10 хол — аъло, 9 хол — олӣ), дараҷаи хуб аз ду баҳои хуб (8 хол — хубтар, 7 хол — хуб), дараҷаи миёна аз се баҳо (6 хол — қаноатбахш, 5 хол — кофӣ, 4 хол — кам), дараҷаи паст аз се баҳо (3 хол — нокифоя, 2 хол — паст, 1 хол — пасттар) иборат аст.

Ба мушоҳида мерасад, ки низоми арзёбии 10-хола дар муқоиса бо арзёбии 5-хола як қатор афзалиятҳо дошта, барои омӯзгор ва хонанда имкони зиёдро фароҳам меоварад. Зеро он тафовутҳои нозуки дониши хонандагонро муайян намуда, имкон медиҳад, ки дараҷаи азбарнамоии маводди таълимӣ дақиқтар арзёбӣ гардида, ҳамзамон, ангезаи беҳтаргардонии натиҷаҳо ва осоиши равонии хонандаро таъмин менамояд. Масалан, ин бартарӣ ва афзалият дар самтҳои зер инъикос мегарданд:

1. Арзёбӣ (баҳогузорӣ)-и нисбатан дақиқ: низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар муқоиса бо низоми 5-хола имкон медиҳад, ки тафовути дараҷаҳои дониши хонандагон муфассалтар муқаррар карда шавад. Масалан, дар низоми баҳои 5-хола баъзан, омӯзгорон барои ҳавасманд намудани хонандагон ва ё нишон додани тафовути сатҳи донишандӯзии мактаббача дар рӯзнома баҳои 5+,  4+ ва ё 5- мегузоранд, ки он маънои панҷи аъло ё қариб панҷро дошта, аслан ин гуна баҳогузорӣ қоидавӣ набуда, хонандаро низ чандон қаноатманд намекунад, чунки мантиқи баҳои мазкур комилан возеҳ нест ва дар журнал низ гузошта намешавад. Ҳолати ба ин монандро дар ҷамъбасти баҳои нимсола ва солона мушоҳида кардан мумкин аст:

Дар ин гуна маврид омӯзгор бояд баҳои сонаро дар асоси ҳисоби миёнаи арифметикӣ, яъне, ҷамъи адади баҳо ва тақсими он ба чор чоряк мебарорад. Дар ин ҳолат баҳо 4,5 дар мавриди дигар 3,5-ро ташкил дода, он акнун дараҷаи воқеии сатҳи омӯзиши хонандаро муайян намекунад ва ба муносибати омӯзгор иртибот дорад, яъне, аксаран дар ин маврид омӯзгор авлавиятро ба кӯшиши хонанда дар нимсолаи дувум (ё сатҳи кӯшиши ниҳоии хонанда) медиҳад. Дар ин ҳолат арзёбии ниҳоӣ баҳснок (миёни хонанда ва омӯзгор ё омӯзгор ва волидон) мегардад.

Дар низоми 10-холаи арзёбӣ имкон ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда васеътар аст. Зеро метавонанд на танҳо “хуб”, балки “хубтар”  ё “аъло”, “олӣ” арзёбӣ намоянд.

  1. Ҳавасмандсозии фаъолияти таълимию маърифатӣ ва такмили сатҳи омӯзиш. Дар низоми арзёбии даҳхола ҳавасмандкунӣ барои такмили маҳорату малакаи донишандӯзӣ ба назар мерасад. Хонандагон барои такмили дониш тавассути дарёфти холҳои баландтар бештар саъю кӯшиш менамоянд, зеро баланд гардидан ба зинаҳои такмил нисбат ба низоми панҷхола сабуктар аст. Масалан, масофа ва тафовути “5” ва “4” хеле зиёд аст. Аммо дар зинаи такмил гузариш аз 6 ба 7 хол (ба монанди ин) хонандаро ҳавасманд ва кӯшиши ӯро беҳтар мегардонад.
  2. Осоиши равонӣ. Дар бисёр ҳолат мушоҳида менамоем, ки арзёбии сатҳи омӯзиши хонанда бо баҳои “3” ба ҳолати равонии ӯ таъсир расонда, саъю талош ва ҳавасмандиашро аз байн мебарад. Хонанда руҳафтода мегардад. Бо худ меандешад, ки дараҷаи омодагии ман нисбат ба ҳамсинфам каме беҳтар ва фарқкунанда буд, аммо омӯзгор ба ҳар ду баҳои “3” мегузорад. Зеро аксаран, омӯзгорон ҳарчанд дар ҷараёни таълим ба хонанда баҳои “2” гузоранд ҳам, аммо хеле кам баҳои чорякро “2” мебароранд. Баҳои “1” тақрибан истифода намешавад.

Акнун дар низоми арзёбии даҳхола хонандагон осоиши равонӣ эҳсос намуда, ангезаи омӯзишро аз даст намедиҳанд, балки имкони расидан ба ҳадафҳо фарохтар аст (дараҷаҳо аз ду ва се баҳо иборатанд). Онҳо бо зинаҳои сабук, бидуни тафовути фарохтар қадам ба қадам, оҳиста ва пайваста боло мераванд, зеро фазои мусоиди равонӣ таъмин мегардад.

  1. Арзёбии шаффоф ва объективӣ. Низоми арзёбии 10-хола имкон медиҳад, ки на танҳо дараҷаи дониш, балки сифати хосси фаъолияти таълимӣ-иҷрои супоришҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, корҳои мустақилона ва истифодаи манбаъҳои иловагии иттилоотӣ дар ҷараёни он, фаҳмиш, даркнамоӣ, истифодаи дониш, худомӯзӣ, муносибати эҷодкоронаи хонанда бо пешниҳоди андешаҳои ҷолиб оид ба мавзуъ ба таври комил арзёбӣ гардида, шаффофияти баҳодиҳӣ ба комёбиҳои таълимии хонанда таъмин мегардад.
  2. Кам гардидани фосила миёни хонандагони аълохон ва хонандагони сустхон. Низоми арзёбии 10-хола барои ҳавасмандӣ ва баланд бардоштани сатҳи худомӯзӣ ва пешниҳоди дастовардҳои инфиродии хонанда мусоидат менамояд. Зеро арзёбии болотар аз 5 хол кофӣ ва қаноатбахш ба шумор рафта, фосилаи байни хонандагони муваффақ ва номуваффақро камтар менамояд ва дар синф фазои мусбӣ ва хушбинонаро эҷод мекунад.
  3. Ташаккули рақобатпазирии хонандагон. Низоми мазкур дар ташаккули рақобатпазирии хонандагон барои расидан ба имконҳои беҳтар нигаронида шудааст. Акнун хонандагон дар байни баҳои “хуб”, “беҳтар”, “олӣ” ва “аъло” тавассути саъю талоши донишандӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ рақобати солимро ба роҳ мемонанд. Зеро дараҷа, зина ва меъёрҳои арзёбӣ бо дарназардошти қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маҳорату малака ва кӯшишу ғайрат ба тариқи мушаххас пешбинӣ гардида, ба рушди шахсияти хонанда равона гардидааст.

Ҳамин тариқ, агар омӯзгор дар раванди таълим бо ба инобат гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон салоҳиятро дуруст муқаррар намояд, низоми 10-холаи арзёбӣ дар баробари бартариҳои зикргардида, инчунин, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зер мусоидат менамояд:

— Вазифаи омӯзишӣ. Хонанда бо дарёфти холҳои муайян ҷанбаҳои қавӣ ва заифи маҳорату малака ва сатҳи дониши худро дарк намуда, барои пурра намудани ҷойҳои холӣ мустақилона кӯшиш менамояд.

— Вазифаи тарбиявӣ. Агар арзёбии воқеӣ бо ҳавасмандӣ ва такмили ангеза доир гардад, на танҳо сатҳи омӯзиши хонандаро баланд мебардорад, балки барои рушди хусусиятҳои шахсият, аз қабили масъулиятшиносӣ, суботкорӣ, ҳадафмандӣ, низомнокӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғайратмандӣ ҷиҳати дарёфти натиҷаи дилхоҳ ба даст меоянд.

— Вазифаи роҳнамоӣ. Вазифаи мазкур ба мисли қутбнамо самти ҳаракати хонандаро барои тақвияти маҳорат муайян менамояд. Хонанда натиҷаи холҳоро таҳлил намуда, бо худбаҳодиҳӣ ва ислоҳ дар назди худ мақсади муайян мегузорад.

— Вазифаи ҳавасмандкунанда. Муваффақият ҳавасманд менамояд, номуваффақӣ ва паст будани холҳо бо таҳлили дуруст аз ҷониби омӯзгор метавонад ба ҳайси унсури ангезаи ҳадафмандӣ, ҷиҳати саъйи бештар барои дарёфти холҳои баланд ва тақвияти донишандӯзӣ мусоидат менамояд.

— Вазифаи ташхисӣ. Вазифаи мазкур метавонад ба мониторинги доимии сифати донишомӯзии хонанда ва таълим равона гардад. Он сабабҳои паст будани сатҳи донишандӯзӣ буда, барои ба вуҷуд омадани низоми муайян дар раванди таълим таъсир мерасонад. Зеро дараҷа на танҳо сатҳи азбарнамоии маводди таълимиро инъикос менамояд, фарқи воқеии сатҳи донишро нишон медиҳад, инчунин, имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти таълимӣ низ арзёбӣ гарданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳлили мақсад ва вазифаҳои низоми арзёбии 10-хола метавон хулоса намуд, ки он ҳамчун арзёбии ташаккулдиҳанда, бо усулҳои муосир ва истифодаи методҳои гуногун дар ҷараёни таълим, аз қабили корҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, муқоисанамоӣ тибқи “Диаграммаи Венн”, хулосабарорӣ дар асоси “Стратегия ММД” (медонистам, медонам, донистан мехоҳам) мувофиқат намуда,  бо баинобатгирии фаъолияти хонанда дар ҳар як қисмати дарс сатҳи дониш ва истифодаи амалии он тавассути холгузорӣ арзёбӣ мегардад. Дар натиҷа, дараҷаи маҳорати хонанда ба талаботи стандарти фаннӣ, барномаи таълимӣ, қобилияти дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхта муайян мегардад. Яъне, низоми мазкур ҳамчун раванди мақсаднок ва доимии мушоҳидаи фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ барои ошкор кардани мушкилӣ дар раванди донишандӯзӣ ва бартараф кардани он равона гардидааст.

Бешак, ҳар як кор дар ибтидо мушкилии хос дорад, аз ин рӯ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва мутахассисони марказҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо таҳияи журналҳои синфӣ мутобиқ ба низоми нав тарзи дурусти арзёбии низоми 10-хола ва истифодаи он ҳангоми ҷамъбасти чоряк, нимсола, солона ва арзёбии ҷамъбастии аттестатсияро тавассути доир намудани курсҳои омӯзишӣ, семинар ва ташкили корҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *