Сомон СОИБЗОДА,
муовини директор оид ба корҳои тарбия,
омӯзгори фанни географияи МТМУ №42,
ноҳияи Дарвози ВМКБ

Донишҳои географӣ дар шахсияти хонандагон як навъ фарҳанги географиро эҷод менамояд, ки ин дар навбати худ як ҷузъи фарҳанги инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши фанни география ба хонандагон, дар ҷустҷӯйи раванди илмӣ ба таври муфид, барои ҳалли масъалаҳо  коромад мебошад. Барои ноил шудан ба омӯзиши пурраи донишҳои географӣ китоб, аёният, воситаҳои техникӣ кифоя буда наметавонад. Барои ҳалли масъалаҳои илмӣ хонандагон, ҳамчунин, ба фикрронии мантиқӣ ниёз доранд, ки инро наметавон аз китобҳо ва манбаъҳои илмӣ пурра аз худ кард.

Ба ҳамин хотир роҳҳои дигареро низ барои омӯзиши фанни география бояд ҷустуҷӯ намуд. Пеш аз ҳама, бояд муносибати омӯзгору хонанда бо дигар тарз ба роҳ монда шавад. Ин тарзи омӯзиш бояд имкон диҳад, ки хонанда бештар ба омӯзиш, ҷустуҷӯ сафарбар карда шавад ва омӯзгор фақат роҳнамо бошад. Мақсади асосии бозиҳои таълимӣ дар дарсҳои география ин ташкили фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар раванди дарс мебошад.

Омӯзиши дарс ба воситаи бозиҳо яке аз равишҳои муассири педагогӣ ба шумор меравад. Бозӣ бо дигар намуди омӯзишҳои методӣ дар шаклҳои гуногун барои омӯзиши фанни география як воситаи хуби ёрирасон ба ҳисоб меравад. Онҳоро метавон дар шакли дарс, семинар, маҳфил ва ба шакли вазифаи хонагӣ ба хонандагон таълим дод. Истифодаи ин усулҳо хонандаро фаъол мегардонад ва қобилияти дарккуниашонро баланд мебардорад.

Дар мактабҳои муосир ба фаъолкунии хонанда дар раванди дарс бештар ба ҷанбаҳои зерин диққат дода мешавад:

— ба сифати технологияи мустақилона аз худ кардани мафҳуми мавзуъ;

— дарс ва қисмҳои он ( мақсад, баёни мавзуъ, мустаҳкамкунӣ);

— дарси беруназсинфӣ.

Бозӣ дар дарс бо мақсади омӯзиши мавзуи додашуда гузаронида мешавад. Намудҳои бозӣ дар дарс бо ёрии методҳои махсус гузаронида мешавад, ки хонандаро фаъол гардонида, дарккуниашро беҳтар менамояд.

Ба воситаи бозӣ дарс шавқовар ва ба зеҳни кӯдак фаҳмо мегузарад. Аз ин рӯ, дарккунии дониш ва маҳорати онҳо зиёд мегардад.

МАҚСАДҲОИ БОЗӢ

— ҷаҳонбинии хонанда васеъ мешавад;

— маҳорату малакаи махсус, ки дар кори таҷрибавӣ зарур аст, пайдо мешавад;

— дониши хонанда инкишоф меёбад;

— хонанда соҳибихтиёр ва озод тарбия карда мешавад;

— дар хонанда қобилияти ҳамкорӣ бо дигарон, муносибати хуб бо гурӯҳ пайдо мегардад;

— инкишофи мақсадноки дарс муайян мешавад.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БОЗӢ

Бозиҳо омӯзишро шавқовар ва ҷолиб мегардонанд, хонандагонро ҷалб ва ҳавасманд мекунанд. Мушкилот, мукофот ва ҷанбаҳои иҷтимоии бозиҳо бозингаронро ба худ ҷалб мекунанд ва таҷрибаи омӯзишро ҷолиб мегардонад.

Бозиҳои таълимӣ намудҳои гуногунро дар бар мегирад, ки барои осон кардани таҳсил ба таври ҷолиб тарҳрезӣ шудаанд. Чанд намуди бозиҳои омӯзишӣ дар дарси география манзур мешавад:

№1. Бозии “Кӣ тезтар меёбад?”

Омӯзгор синфро ба 2 гурӯҳ ҷудо карда, 2 нафарро ба назди харита даъват мекунад. Кадоме аз онҳо аз рӯи харита супориши муаллимро тезтар ёбад, ғолиб дониста мешавад.

№2. Бозии “Занҷири номҳо”

Шарти бозӣ чунин аст: хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Онҳо номҳои шаҳр, дарё, кӯлҳоро интихоб менамоянд. Номи шаҳри аввал ба кадом ҳарфе анҷом ёбад, шаҳри навбатӣ аз ҳамон ҳарф оғоз мешавад. Масалан, шаҳри Душанберо агар номбар кунем, шаҳри навбатӣ аз ҳарфи “Е” оғоз меёбад.

№3. Бозии “Шумо харитаро медонед?”

Шарти бозӣ чунин аст: ҷойҳои додашударо аз харита нишон диҳед!

1) Халиҷи Карпентария;

2) Баландтарин қулла дар Амрикои Ҷанубӣ;

3) Ҷазираи Зеландияи нав.

№4. Бозии “Пурсиши шавқовар”

1) Кадом кишвар ҳайвонҳои халтадор дорад? (Австралия)

2) Кадом ҷазира бо гирифтани як ҳарфи номаш фигураи геометрӣ мешавад? (Куба)

3) Кадом давлат номи кӯлҳоро дорад? (Панама)

Намунае аз таҷрибаи худам

Омӯзиш дар асоси бозӣ як усули таълимиест, ки онро барои баланд бардоштани фаҳмиш ва хотира истифода мебарад. Бозӣ раванди таълимро ба як саёҳати ҳаяҷонбахш табдил медиҳад, ки ҳангоми аз худ кардани малакаҳо ва донишҳои нав лаззат баранд.

Ман аз таҷрибаи шахсиям чанд намуди истифодаи бозиҳоро дар дарси география ин ҷо пешниҳод намудаам. Аз ҷумла:

— Шумо харитаро медонед?

— Занҷири номҳо.

— Пурсиши шавқовар.

— Бозӣ бо варақчаҳо.

Ин бозиҳоро бо хонандагон ҳангоми дарсҳо мегузаронам. Инчунин, дар рафти гузаронидани бозиҳои таълимӣ аз технологияи иттилоотӣ истифода мебарам, то ки рафти бозиҳо барои хонандагон шавқовар бошад. Масалан, истифодаи бозӣ дар дарси такрорӣ, ҳангоми омӯзиши географияи синфи 8.

Хонандагон аз тахтаи электронии синфӣ рақами дилхоҳро интихоб намуда, онро зер мекунанд, дар он савол намудор мешавад. Хонандагон ба савол ҷавоб дода, метавонанд дурустии ҷавоби худро санҷанд. Агар ҷавоб нодуруст бошад, метавонанд, ҷавоби дурустро низ аз тахтаи синфӣ пайдо кунанд. Ҳамин хел хонандагон дар бозӣ фаъолона иштирок мекунанд. Намунаи гуфтаҳо дар расм нишон дода шудааст.

Бозии дигар: Дар ҷойи хатҳо ҳарфҳоеро гузоред, ки номи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шаванд.

Мавзуъҳои “Обҳои дохилии Тоҷикистон” ё “Шумо харитаро медонед?”-ро дар шакли бозӣ мегузаронам.

Хулоса, омӯзиш дар асоси бозӣ як усули таълимиест, ки хонандагонро фаъол намуда, барои баланд бардоштани фаҳмиш ва хотираи онҳо таъсири мусбат мерасонад. Бозӣ раванди таълимро ба як саёҳати ҳаяҷонбахш табдил медиҳад, ки ҳангоми аз худ кардани малакаву донишҳои нав лаззат баранд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *