Зариф ҒУЛОМ,
адиб
Абдуҷаббор Абдураҳимзодаро аз соли 1965 мешиносам. Писарбачаи ҳафтсолае, ки назар ба ҳамсолонаш як сару гардан боло буд, ба синфи якуми мактаби миёнаи рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қадам гузошт ва аввалин ҳарфу нахустин дарсро аз ман, ки он сол муаллими синфҳои ибтидоии ҳамин дабистон кор мекардам, омӯхт.
Айёми наврасӣ ба каломи манзум шавқу ҳавас дошт ва аз ҳамон давр тахмину пешгӯӣ мекардам, ки ӯ омӯзгори донишманд ва дилдодаи касби дӯстдоштааш мегардад. Аз овони мактабхонӣ лаёқату истеъдоди худро сайқал дода, офаридаҳои аввалинашро ба ҷаридаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод» (айни замон «Навиди Балх») фиристода, аз худ донишу фазилат нишон медод.
Чун меҳри суханро дар қалбаш мепарварид, ки дар замони донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (баъдтар ба номи устод Садриддин Айнӣ) буданаш бо ҳамроҳии ҳамкурсаш, нависандаи шинохта Саидаҳмади Зардон дар маҳфили адабии устод Тилло Пӯлодӣ бе танаффус иштирок мекард ва дар баробари азхуд кардани нозукиҳои касби писандидааш, ба ашъори адибони классику муосир низ таваҷҷуҳ дошт.
Фаъолияти меҳнатиашро аз муаллими одии фанни математика дар дабистони азизаш-мактаби №33-и ноҳия оғоз бахшид. Чун медонист, ки дар мактаб симои асосӣ муаллим аст, аз рӯзҳои нахустини ба ин касби пуршараф қадам гузоштан, кӯшиш ба харҷ медод, ки ба шогирдон дар баробари омӯзондани ҷаҳони илми математика, инчунин, аз сабақи зиндагонӣ бо сабки Рӯдакиву Айнӣ ба толибилмон таълим диҳад.
— Ҳамаи зинаҳои касби омӯзгориро бо навбат пас сар кардам, — зимни суҳбат мегӯяд, муаллими собиқадор. — Аз муаллими одии мактаб то мудири маорифи ноҳия роҳи пурифтихори тайкардаам ба шумор меравад.
Дар ин ҷойи сухан ӯ ғарқи андешаҳои ширинаш мешавад ва пас аз сукути кӯтоҳ саҳифаҳои хотироташро варақ мезанад:
— Директори мактаби хатмкардаам будам, ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бобо Пиров (равонаш шод бод!) ба наздаш даъват кард ва вазифаи роҳбарии гӯшаи методии шуъбаи маорифро бар дӯшам гузошт. Акнун ман таҷрибаи касбиамро ба муаллимони ноҳия меомӯзондам. Мефаҳмондам, ки дар мактаб омӯзгор танҳо нест. Маъмурият ва ҳамкасбон бо муаллим ҳамроҳу ҳаммаслаканд. Таълимдеҳ, пеш аз ҳама, ба дониш, хирад, фазилат ва баъдан, ба падару модари толибилм бояд такя намояд, дар он сурат, омӯзгор дар таълиму тарбия ҳиссаи бузург гузошта, рисолати худро бо сарбаландӣ иҷро карда метавонад. Ба омӯзгорон талқин мекардам, ки дар маркази диққати онҳо бояд хонанда истад, зеро муаллим бевосита ба талаба алоқаманд аст ва аз кӯшишу ғайрати ӯ баъдан инсони ба дониш тавоно ва кадрҳои баландихтисос дар ҷомеа тайёр мешавад.
Ба муаллимон гӯшрас мекардам, ки маъмурияти мактаб дар якҷоягӣ бо омӯзгорон қувваи муқтадир буда, шогирдонро на фақат барои буррову равон қироат кардани матн, балки онҳоро ба эҷодкорӣ, инкишофи шавқу завқ, меҳри касбу ҳунар ва дӯст доштани Ватани азизу сарзамини хеш ва эҳтироми падару модар раҳнамун месозанд. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ, методӣ, санҷишӣ, семинарӣ ва маҳфилҳо ба муаллимон ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сиёсати давлат дар мадди аввал гузоштани соҳаи мактабу маориф такрор ба такрор қайд мекардам, зеро ба давлати навини тоҷикон маҳз кадрҳои донишманд, дилсӯзу тавоно лозим аст. Гузаронидани маҳфилу озмунҳо, олимпиадаву мусобиқаҳо мо-кормандони мактабу маорифро вазифадор менамояд, ки ба касби худ содиқона муносибат карда, дар таълиму тарбияи насли ояндаи миллат фидокорона заҳмат кашем.
Бо чунин минвол Абдуҷаббор дар масъулияти худ бо самимияти касбӣ кор карда, натиҷаҳои шоистаи тахассусӣ нишон медиҳад. Аснои суҳбат ӯ гоҳе бо эҳсос ҳарф мезанад ва гоҳе қадре таваққуф мекунад. Хомӯшии тӯлонӣ сурат мегирад. Ман интизори давоми ҳикоят аз забони ӯ ҳастам…
— Чанде баъд кордонӣ, донишу малака, лаёқати ташаббускорӣ ва роҳбариамро ба назар гирифта, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйинам карданд.
— Аз чӣ корро сар кунам? — ҳамин савол ҳангоми ба хона баргаштан дар сарам чарх мезад. Субҳи дигар ҳамаи муаллимони собиқадори мактабҳои ноҳияро барои маслиҳат ба машварат даъват намуда, аз онҳо дуои нек ва насиҳати зиндагӣ гирифтам.
— Ба муаллим, мактаб ва хонанда ғамхору серталабу одил бош! — панд доданд пирони кор, муаллимони хирадманду собиқадор. — Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани усули роҳбарӣ ва муносибати нек бо муаллимон акнун хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмуну олимпиадаҳо на танҳо иштирок мекарданд, балки соҳиби диплому ифтихорномаву ҷоизаву медалҳо мешуданд.
Байни мо боз хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Ӯ дафтари қайдашро варақ мезаду гоҳ-гоҳ ба дарахтони дар ҳавлияш чун сарбозон сафороста назар мекард. Насими бегоҳӣ навдаву баргҳои ниҳолҳои бодому шафтолую зардолуро маҳин меҷунбонд.
-Инсон аз рӯйи кору зиндагии содиқона соҳибобрӯ мешавад, — бо лаҳни ширин суҳбатро давом дод соҳибхона.
— Сипас, бандаро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷиликӯл таъйин намуданд. Боз ҳам корро аз шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар мактабҳо оғоз кардам. Дар даст ҷузвдони пур аз китобу дастурамалу барномаҳо ба ҳар як дабистон рафта, аз санҷиши на танҳо дониши талабаҳо, балки фаъолияти кории муаллимон сар кардам…
Баъди панҷ соли бомуваффақият кор карданам, ин дафъа мактабу маорифи ноҳияи Рӯдакиро бар зиммаам гузоштанд ва тамоми натиҷаи фаъолияти раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро, ки китоберо мемонд, пешкашам намуданд. Ба фурсат онро варақ задам. Дар китоб фикру ақидаи сардори раёсати маориф, ҳамкорон ва мутахассисон бо нишон додани факту рақамҳо зери таҳрири ходими пешбари Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳзамон Раҳмон дарҷ шуда буд. Натиҷаҳо хурсандибахшу ҷолиб сабт ёфта, аз самаранокии фаъолияти мудир, сахтгирию адолатнокии дилдодаи касб дарак медод.
— Заҳмати мунтазаму софдилонаамро ба назар гирифта, бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфарозам карданд, ки ин қадрдониро барои худ мукофоти баланд ҳисоб мекунам, — бо ифтихор суханашро ба охир расонд Абдуҷаббор Абдураҳимзода ва боз иловатан фикрашро давом дод:
— Бо сари баланд ва қаноатмандӣ ба нафақа гуселам карданд, лекин раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода даъватам карда, пешниҳод намуд:
-Таҷрибаву донишу қобилияти роҳбариатонро ҳамчун мудири шуъбаи маориф дар се ноҳия нишон додед, аз ин хотир, ҳукумати ноҳия тасмим гирифт, ки шуморо ба сифати муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъйин намояд.
Ҳоло Абдуҷаббор Абдураҳимзода, ба қавле пири донишманду тавонои соҳаи маориф, устоди фозилу хирадманд донишу малакаи худро баҳри баланд бардоштани савияи дониши шогирдон ва беҳтар шудани касбияти омӯзгорони ноҳия саховатмандона сарф карда истодааст.