
Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори Муассисаи таълимии хусусии
ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон”,
Муҳаммад ҒАНИЗОДА,
магистранти факултети филологияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз рӯзе, ки инсон ҳамчун мавҷуди дорои фикр, андеша ва хираду тафаккур вуҷуд дорад, тарбия ва одобу ахлоқ яке аз мавзуъҳои асосӣ дар ҳаёти ӯ буданд. Таълиму тарбия барои рушди шахсият ва камолоти ояндаи ӯ нақши бориз дошта, одами бетарбия ва ноогоҳ натанҳо ба худ зиён меорад, балки як ҷамъиятеро аз байн мебарад. Аз ин хотир, аксари бузургони мо осори худро ба панду насиҳат дар хусуси ростӣ, дурустӣ, некуӣ, некукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, эҳсон ва мурувват, дӯстию рафоқат, ҳифзи обрӯй ва ғайра бахшидаанд. Яке аз ҳамин гуна адибоне, ки кулли осорашро ба тарбия ва таълими башар бахшидааст, Саъдии Шерозӣ мебошад.
Дар «Гулистон» ва умуман, дар ҳамаи эҷодиёти Саъдӣ тавсифу тарғиби илму ҳунар ҷои намоёнро дорад. Саъдӣ дар илму ҳунар воситаҳоеро мебинад, ки мамлакатро равнақ дода, дунёи маънавии инсонро сафо мебахшанд. Азбаски ривоҷи илму ҳунар ба фаъолияти инсон вобаста аст, Саъдӣ ба тарбия ва сабзиши олимону ҳунармандон аҳаммияти махсус медиҳад. Ба ақидаи ӯ, қадру эътибори илму ҳунар ба иззату обрӯи соҳибони онҳо меафзояд. Ҳар қадар олим ё ҳунарманд нисбат ба касби худ ҷиддӣ ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, онро ривоҷу равнақ диҳад, донишу ҳунари ӯ афзун мегардад. Аз ин ҷиҳат олиму ҳунарманд вазифадоранд, ки пеш аз ҳама, дараҷаи илмӣ ва маҳорати касбии худро баланд бардоранд. Ӯ дар ин хусус фармудааст:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тиллост,
Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.
Саъдӣ ҳамеша таъкид менамояд, ки қадру қимати инсон дар илму ҳунари ӯст, на дар аслу насабаш. Аммо илму ҳунар бидуни таълиму тарбия ҳосил намешавад. Аз ин ҷиҳат, Саъдӣ ба масъалаҳои тарбия ва таълим аҳаммияти зиёд медиҳад. Вай боби ҳафтуми «Бӯстон»-ро «Дар олами тарбият» номида, ба боби ҳафтуми «Гулистон» «Дар таъсири тарбият» унвон гузоштааст. Мувофиқи ақидаи Саъдӣ, инсон гавҳарест, ки дар натиҷаи таълиму тарбия комил мегардад. Зикр мекунад, касе, ки аслаш аз азал зишт бошад, бо тарбият онро нек гардондан имкон надорад:
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.
Саъди ирсиятро дар рушди шахсият инкор накардааст, вале ташаккули онро дар тарбия мебинад. Саъдӣ борҳо ба ҳамин мазмун дар «Гулистон» ҳикояҳо меорад ва дар ғазалиёташ низ онро бисёр такрор мекунад:
Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахӯрӣ.
Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,
К-аз найи бӯрё шакар нахӯрӣ.
Саъдӣ масъалаҳои тарбия ва ахлоқро дар «Гулистон» ба тарзи хулосаҳои илмӣ баён кардааст, ки ин мазмун аз ҳар сафҳаи он маълум мегардад. Номбурда дар «Гулистон» бо се роҳ андешаҳои тарбиявии худро ба қалам оварда, афкори инсондӯстонаи хешро талқин менамояд. Якум, бо роҳи тасвири амалиёту ҳаракати мушаххаси қаҳрамонҳои ҳикоятҳояш. Хонанда аз хислатҳои неки қаҳрамонҳои мусбат ибрат мегирад, кирдори ношоистаи персонажҳои манфиро маҳкум намуда, ба зуҳуроти номатлуб ҳисси оштинопазирӣ пайдо мекунад. Дувум, Саъдӣ масъалаҳои тарбия ва ахлоқро дар «Гулистон» ба воситаи натиҷагирӣ аз воқеаҳои ибратбахши зиндагӣ ва хулосабарорӣ аз рафтори қаҳрамонҳои ҳикоятҳо баён мекунад. Ин натиҷагириҳо ва хулосабарориҳо дар шакли муколамаҳои кӯтоҳ, шеър ва мақолу зарбулмасалҳо сурат мегиранд. Сеюм, нависанда фалсафаи зиндагиро дар шакли ҳикматҳои барҷаста ба миён мегузорад. Дар ин мавридҳо ба назар чунин мерасад, ки гӯё нависанда аз нақли ҳикоятҳо сарфи назар карда, фақат натиҷаю хулосаро гирифтааст.
Дар «Гулистон» ҳикоятҳои кӯтоҳи пурмазмуни воқеӣ, нақлу ривоятҳои таърихӣ, латифаҳои дилангези ахлоқӣ, мутоибаҳои зариф, тамсилҳои марғуби иҷтимоӣ, панд ва мавъиза ҷамъ оварда шудааст. Ин ҳикояту ҳикматҳо сиёсат ва одоби зиндагиро меомӯзонанд. Муаллиф дар «Гулистон» бар замми мушоҳидаҳои шахсии хеш аз қиссаю ривоятҳо ва маълумоти таърихие истифода бурдааст, ки онҳоро ба тарзи ёддошт тамоми умр ҷамъ мекардааст ва ё дар хотир нигоҳ медоштааст. Аз ин ҷиҳат, дар «Гулистон» ба ғайри ҳикоятҳое, ки соф зодаи тахайюли нависанда мебошанд, навъҳои дигари ҳикоятҳо низ ҳастанд. Як қисми онҳо ҳикоятҳои воқеие мебошанд, ки бо мазмунҳои баланди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ороста шуда, саргузашту ёддоштҳои худи муаллифро фаро мегиранд. Ривояту мутоибаҳое, ки асоси халқӣ доранд, низ дар асар кам нестанд. Ривоятҳо ва ҳикояҳои таърихие, ки ба саргузашти шахсони таърихӣ вобастаанд, шояд манбаъҳои китобӣ дошта бошанд.
Саъдӣ тарбияву таълим, илму дониш ва муҳитро муҳим шуморидааст. Ӯ тарбияро яке аз омилҳои асосии инкишофи шахсият шуморида, чунин гуфтааст:
Одамиро, ки тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад!
Бояд зикр кард, ки фикрҳои Саъдӣ дар бораи тарбия мутафовитанд ва ба андешаи ӯ на ҳама касро тарбият кардан имкон дорад. Дар ин бора ӯ чунин гуфтааст:
Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас!
Ба ҳамин монанд дар «Гулистон» ҳикояте овардааст: Подшоҳе писари худро ба мураббӣ месупорад, то ин ки дар қатори фарзандонаш тарбия намояд. Мураббӣ ин хоҳиши подшоҳро ба ҷо овард. Баъди гузаштани замоне фарзанди мураббӣ хушахлоқ ва хирадманд шуданд ва писари подшоҳ чизе надид. Подшоҳ аз ин воқеа ғамгин шуда, мураббиро сарзаниш мекунад. Мураббӣ ба подшоҳ ин хел ҷавоб медиҳад. Ба руҳи Худованди замин пӯшида намонад, ки тарбия яксону якранг, аммо табиатҳо гуногунанд:
Писарро наку дору роҳат расон,
Ки чашмаш намонад ба пеши касон.
Саъдӣ накукориро беҳтарин сутуни тарбияи инсонӣ мепиндорад. Вай инсониятро як организми бутун, башариятро бошад, узвҳои ҷудогонаи он ба шумор овардааст. Гузашта аз инҳо, Саъдӣ дар ашъори худ дар бораи навъҳои тарбия сухан ронда, барои дуруст тарбия намудани насли наврас се навъи тарбияро зарур шуморидааст: тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ ва меҳнатӣ. Аммо барои рушди шахсияти инсон тарбияи фикриро Саъдӣ дар ҷои аввал гузошта, таъкид кардааст, ки дигар навъи тарбияҳо бастагӣ ба тарбияи фикрӣ доранд.
Саъдӣ тавассути осори панду насиҳатомези худ насли наврасро дар руҳияи хушахлоқӣ, хушрафторӣ, хушгуфторӣ, адабу муомилаи нек, рафтору гуфтори шоиста, хоксорӣ, фурутанӣ, дӯстию рафоқат ва дигар идеалҳои ахлоқӣ тарбия намудааст. Масъалаи тарбия ва навъҳои он дар осори Саъдӣ хеле доманадор аст ва мо ба овардани баъзе намунаҳо иктифо кардем.