
С. ДЕҲҚОНОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
Ҳамасола мо-мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистон ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар бесаброна интизор мешавем. Аз бахти баланди худ шукргузорем, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро дар толори филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни муассиса бо меҳру муҳаббати самимӣ тариқи оинаи нилгун тамошо кардем, ки саропо аз бахту иқбол ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон мужда медод. Зимин суханронии пурмуҳтавои хеш Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам, зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастанопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам”.
Албатта, ватандӯстӣ ҳиссиёти мусбат, муносибати содиқонаву софдилонаи шахсият нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ва муҳофизати он ифода меёбад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллатамон бори дигар сидқан дӯст доштани Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистонро дар Паёми хеш иброз доштанд: “Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем”.
Аз ин гуфтаҳои ҳикматбори Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки барои тараққиёт ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, ободии Ватани аҷдодиамон-Тоҷикистон ҳар лаҳза кӯшиш намоем ва ҳатто, лозим шавад, ҷонамонро фидо созем, ки воқеан, хидмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб
мекунад. Пас, мо-омӯзгоронро зарур ва ҳатмист, ки ҳарчи бештар ва хубтару саҳеҳтар дар фаъолияти омӯзгории худ мунтазам дар ниҳоди шогирдон эҳсоси ватандӯстӣ ва ғурури миллиро парвариш намоем, то ки наврасону ҷавонон ватандӯсту ватанпарвари воқеии миллати худ ба камол расанд.
Меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллатро арзишҳои олии меҳандӯстӣ фаро гирифта, Сарвари кишвари маҳбубамон дар китоби гаронарзиши хеш “Уфуқҳои Истиқлол” қайд кардаанд: “Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳаммияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро азбар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад”.
Имрӯзҳо агар ба тамоми гӯшаву канори Ватан назар афканем, хушбахтона, танҳо ободкориву созандагӣ ва гулгулшукуфоии беназири Тоҷикистони маҳбубамонро мебинему меболем, ифтихор мекунем ва шукронаи ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллатро мекунем. Хушбахту сарфароз аз онем, ки имрӯз ба бахти момодарони тоҷик тинҷиву оромӣ ҳукмфармо буда, субҳгоҳон бо дили пур, бо як неруи тозаву бузург дари хонаамонро боз менамоему дар фазои сулҳу субот фарзандонамонро ба дабистонҳо гусел менамоем. Албатта, ҳамаи ин аз осоишу амонӣ ва баракати соҳибистиқлолӣ, инчунин, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зимни иншои андешаҳои мазкур ба зеҳнам ин сатрҳои дилнишини Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш омад, ки онро ҳамчун ҳусни анҷоми матлаб менависам:
Ватан, марзи саодатпарваратро пос медорам!
Дару боми муҳаббатофаратро пос медорам!
Чу мероси ҳазоронсолаи таърихи инсонӣ,
Замину осмони бофаратро пос медорам!