
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли маориф!
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мешавад, ҳамбаста бо шаъну шараф ва ифтихору фараҳмандист. Истиқлол дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба аҳли кишвар роҳи нави рушду такомулро боз намуд ва барои пешрафти тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ заминаи созгор фароҳам овард. Ба шарофати Истиқлол тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовору пурифтихори худро дарёфтанд ва ҳамчун миллати озоду соҳибихтиёру давлатсолор шинохта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки симои меҳварии пойдорию таҳкими Истиқлоли тоҷикон мебошанд, ин рухдоди сарнавиштсози миллатро ба таври возеҳу барҷаста тавсиф бахшидаанд: «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».
Воқеан, таҷлили ҳамасолаи ҷашни Истиқлол ба густариши бештари худогоҳию худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварии хурду калони кишвар мусоидат менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат вобаста ба рушди бомарому самарбори соҳаи иҷтимоӣ як силсила асноди бунёдию фарогир таҳия гардидаву мавриди иҷро қарор дода шуда, ба пешрафту муваффақияти бесобиқаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мусоидат карданд ва соҳа ба марҳалаи хеле бавусъату пурсамар ворид гардид. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаи маориф дар кишвар афзалиятнок эълон гардид ва барои аҳли маориф имтиёзоти зиёд муқаррар карда шуд. Ҳамчунин, дар ин соҳаи пешбару тақдирсоз ислоҳоти куллӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин замина, нақшаю барномаҳои таълимӣ аз дидгоҳи манофеи миллию аркони давлатдорӣ ва дастовардҳои ҷаҳони муосир бознигарӣ шудаю такмил ёфтанд ва вобаста ба ин китобҳои нави дарсӣ ба чоп расиданд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо ҳамбаста ба ҳувияту ифтихори миллӣ ва ғояҳои олии ватандорист. Бунёди таълимгоҳҳои нав ва дар сатҳи баланд муҷаҳҳазсозии онҳо, таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, роҳандозии озмуну сабқатҳои бонуфуз, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, ривоҷи ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ва амсоли инҳо суръатафзои пешрафт дар соҳаи маориф гардиданд.
Хеле хушоянд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон обрую эътибор ва мақому манзалати чеҳраи асосии соҳаи маориф – омӯзгор пайваста боло меравад ва омӯзгорон ҳар чи бештар дар меҳвари таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегиранд.
Аз файзи Истиқлол дар ҷумҳурӣ марҳала ба марҳала асноди муҳимме ба тасвиб расиданд, ки ба боз ҳам пурсамару пурмуҳтаво гардидани фаъолияти омӯзгорон ва ба таъмини фароғату зиндагии шоистаи онҳо мусоидат карданд. Ҳоло боз як санади муфид – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар арафаи ба имзо расидан аст, ки ҳодисаи ҷолибу фараҳбахши дигаре хоҳад шуд барои аҳли маориф ва тамоми сокинони мамлакат.
Дӯстони арҷманд!
Истиқлол неъмати бебаҳо, бузургтарин сарват ва муҷиби ифтихору сарбаландӣ барои ҳар яки мо – соҳибватанон аст ва чунонки Сарвари кишвар пайваста таъкиду даъват мекунанд, мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, сарвати волои ҳастиамон – Истиқлолу озодиро ҳимоя бикунем ва дастоварди бузургтарини даврони Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам тақвият бахшем, ба ҷон ҳифз бинамоему пос дорем.
Фарорасии ҷашни бузурги миллат – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро ба аҳли маориф ва ба тамоми ҳамдиёрони муҳтарам самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки ҳамагон дар оғӯши Истиқлоли Ватан саодатманду сарбаланд ва пешраву фаъол бошему ҳамвора баҳри ободию шукуфоии диёри биҳиштосоямон ҷидду ҷаҳд намоем.
Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,
Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик!