
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асим» оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло, аъзоёни Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила ва Наҷмиддиниён Асадулло, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бобоиён Мадина, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зиёӣ Баҳриддин ва узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон муаррифӣ намуданд.