Имрӯз, 18 октябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби байналмилалӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.

Дар қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуда, доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, идомаи таҳсил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф муроҷиату пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Зимни баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои мавҷуда дар муҳлати муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *