Имрӯз, 29.07.2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гардид.

Дар маросими пазироӣ ҳайати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуда, ғолибон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд, ки нишонаи эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа аз дастовардҳои хонандагон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 21 то 27 июли соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд. Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.

Иштирок ва пирӯзии хонандагони тоҷик дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ бозгӯйкунандаи рақобатпазир гардидани донишомӯзони кишвар ва тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои бомуваффақияти Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 амалӣ карда мешаванд, ки ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст. Ин ғалабаҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, балки барои насли наврас илҳом бахшида, онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *